Бо мақсади ҳавасмандгардонии афзоиши иқтисодӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ, барқарор кардани суръати истеҳсолот, баланд бардоштани шуғл, зиёд гардондани даромади аҳолӣ ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус:
Бо мақсади ҳавасмандгардонии афзоиши иқтисодӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ, барқарор кардани суръати истеҳсолот, баланд бардоштани шуғл, зиёд гардондани даромади аҳолӣ ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус:
1. Дар давраи аз 1 июн то 1 сентябри соли 2020 инҳо аз додани андози амвол ва андози замин озод карда шаванд:
субъектҳои соҳибкории хурд;
бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдо, кинотеатрҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, иншооти варзишиву солимгардонӣ, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки бо мусофиркашонӣ, хизматрасонии маишӣ, пешниҳоди манзил ба иҷора, аз ҷумла барои гузарондани зиёфатҳо машғуланд.
2. Ба субъектҳои соҳибкории хурд дар шакли аз ҳисоб баровардани маблағ дастгирии иловагии давлатӣ дода шавад:
андози молу мулк ва андози замин, ки бояд барои моҳҳои апрел ва майи соли 2020 пардохта шуда, барои онҳо батаъхиргузорӣ бефоиза (муҳлатдиҳӣ) мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 марти соли 2020 №ФП - 5969 ва аз 3 апрели соли 2020 №ФП - 5978 дода шудаанд;
пения ва ҷаримаҳо барои андози замин ва андози амвол то ҳолати 15 майи соли 2020, ки аз 1 январи соли 2020 пайдо шудааст.
3. Ба эътибор гирифта шавад, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ ҳуқуқи гирифтани батаъхиргузорӣ оид ба пардохти андози арзиши иловагӣ ҳангоми воридоти мол (кор, хизматрасонӣ) ба муҳлати 120 рӯз дода шудааст.
Ба микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурд, ки фаъолияти иқтисоди хориҷӣ амалӣ менамоянд, дар давраи камаш як соли то рӯзи муроҷиат кардан ба мақомоти гумрук, ҳуқуқи истифода бурдани таъхиргузорӣ оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози аксизӣ, ки ҳангоми воридоти молҳо, ба истиснои молҳои истеъмолӣ, ба мӯҳлати то 1 июли соли 2020 бо пардохти минбаъдаи маблағи таъхирдодашуда дар қисмҳои баробар дар давоми 120 рӯз дода шавад.
4. Муқаррар карда шавад, ки дар давраи аз 1 май то 1 июли соли 2020 барои микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурд, ба истиснои истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқии дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавӣ) ҳиссаи давлат дар миқдори 50 фоиз ва бештар ставкаи андози иҷтимоӣ аз 12 то 1 фоиз кам карда мешавад.
5. Ситондани қарздорӣ оид ба андозҳо, пения ва ҷаримаҳои барои вайрон кардани қонунгузории андоз то 1 сентябри соли 2020 ҳисобшудаи микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурди то 15 майи соли 2020 ҷойдошта боздошта шаванд.
Мақомоти хидмати давлатии андоз супоришоти инкассавиро барои аз ҳисоб баровардан ва гузарондани маблағҳои пулӣ аз ҳисобсуратҳои онҳо дар бонкҳо то ҳолати 15 майи соли 2020 бозхост намояд.
Ба андозсупорандагон ҳуқуқи бекор кардани супоришҳои пардохтӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андозе, ки то 15 майи соли 2020 иҷро нашудаанд, дода шавад.
6. Ба шаҳри Тошканд таҷрибае, ки тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 майи соли 2020 №ҚП-4701 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ ва минбаъд васеъ намудани бозори қарздиҳии ипотека» оиди додани қарз барои сохтмон ва таҷдиди манзилҳои шахсӣ аз ҳисоби захираҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда мешавад, татбиқ карда шавад.
7. Аз 1 июни соли 2020 шумораи оилаҳои гирандаи кӯмакпулӣ, ки кӯдакони то 14-сола доранд, барои нигоҳубини кӯдак то ба синни ду-солагӣ расидан ва ёрии моддӣ иловагӣ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шавад.
8. Чораҳои иловагии дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли додани ҷуброн аз ҷониби Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд — Фонд) барои пӯшонидани хароҷоти фоизӣ ҷорӣ карда шавад:
оид ба вомҳои сармоягузорӣ, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ бо асъори миллӣ бо ставкаи фоизие, ки аз ҳаҷми 1,75 баробари ставкаи асосии Бонки марказӣ зиёд намебошад, дода мешаванд, дар соли аввали амали шартномаи қарз бо назардошти талаботи Низом дар бораи Фонд;
аз рӯи қарзҳо ба маблағи то 500 миллион сӯм, то 1 октябри соли 2020 ба субъектҳои соҳибкорӣ дар асъори миллӣ барои пур кардани воситаҳои гардон дода мешаванд, ба андозаи бандҳои 10 фоиза дар давраи муҳлати амали шартномаи қарз бо назардошти талаботи Низоми Фонд.
9. Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ барои пуррагӣ ва саривақтии татбиқи имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ки дар давраи пандемияи коронавирус пешбинӣ шудаанд, бо пешниҳоди истифодаи чораҳои ҷавобгарӣ барои вайронкунии қонун мониторинг муқаррар намояд.
10. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби маблағи Фонди зиддибӯҳронии назди Вазорати молия ба буҷети Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин ба Фонди ғайрибуҷавии нафақа (дар ҳолати зарурӣ) вобаста ба кам шудани даромад оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва зиёд шудани шумораи гирандагони кӯмакҳои иҷтимоӣ субсидия ҷудо намояд.
11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии
Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
18 майи соли 2020.