ХАБАРИ МУХТАСАР

дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон11 июн ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон11 июн ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар он дар бораи 19 июни соли равон даъват намудани ҷамъомади умумии панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор қабул шуд.
Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева таъкид кард, ки фикру ақидаи халқ оид ба ҳар як масъала, ки ба рӯзномаи ҷамъомади умумӣ дохил карда мешавад, бояд ба назар гирифта шавад, инчунин дар минтақаҳо масъалаҳое, ки бояд ба муҳокимаи ҷамъомади умумӣ ворид карда мешаванд, мунтазам омӯхта шаванд.
 Дар рафти ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор мегардад, баррасии як қатор масъалаҳои муҳим ба назар гирифта шудааст.
Дар байни онҳо қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, “Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор”, “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ”, “Дар бораи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ” мебошанд.
Ғайр аз он, сенаторон қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи истифодаи оқилонаи энергия», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноиву иҷрои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмини боэътимоди ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон нигаронда шудааст», «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ хоҳанд кард. 
Қонунҳо «Дар бораи ратификатсияи Баённома дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оиди баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007 (Бишкек, 29 апрели соли 2019)», «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Баённома оид ба манъи истифодаи газҳои гулӯгиранда, заҳрнок ё ки инчунин газҳои ба он монанд ва воситаҳои бактериологӣ (Женева, 17 июни соли 1925)» низ дар рӯзномаи ҷамъомади умумӣ қарор доранд.
Дар баробари ин шунидани ахбори вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи корҳое, ки соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи тарғиботи ҳуқуқӣ ва маърифатнокӣ амалӣ шудаанд, ҳисоботи ҳокими вилояти Самарқанд оид ба рушди ҳудудҳо ва фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ ба назар гирифта шудааст.
Масъалаи фиристодани дархостҳои парлумониро ба Девони Вазирон дар бораи ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин мушкилоте, ки бинобар масъалаҳои партовҳо ва таъсири он ба саломатии аҳолӣ ба вуҷуд меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар ҷамъомади Кенгаш дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаҳои Сенат, аз ҷумла, дар бораи ба ҳайси аъзои Кумитаи оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиш интихоб намудани Қудратулла Рафиқов ва ба ҳайси аъзои Кумитаи оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ интихоби Санобар Суярова қарор қабул шуд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: