ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 август бахшида ба чораҳои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва ташаккули захираҳои иловагӣ дар асоси механизмҳо ва равишҳои тамоман нав ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 август бахшида ба чораҳои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва ташаккули захираҳои иловагӣ дар асоси механизмҳо ва равишҳои тамоман нав ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар аввали ҷамъомад Президент Шавкат Мирзиёев оиди корҳое, ки дар самти мубориза бар зидди пандемия амалӣ мегарданд, истода гузашта, вобаста ба таҷлили Рӯзи истиқлолият дар чунин шароит супориш дод.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ин рӯзҳо барои кишвари мо давраи санҷиш аст. Ҳафтаи оянда нишон медиҳад, ки чораҳои андешидашуда то чӣ андоза самарабахшанд.
Аммо, дар сурати риоя накардан ба тавсияҳои табибон, чунин чораҳои эҳтиётӣ, ба монанди пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, гузаронидани чорабиниҳои оилавӣ дар доираи танг давлат маҷбур аст карантинро пурзӯр гардонад.
Инчунин бори дигар қайд карда шуд, ки ҳар яки мо бояд дар шароити пандемия зиндагӣ ва кор карданро омӯзем, дар ҳаёти ҳамарӯза ба талаботи эпидемиологӣ ба таври қатъӣ риоя кунем.
Ба ин муносибат ба ҳокимон, роҳбарони секторҳо ва вазирон супориш дода шуд, ки вазъи ҳаррӯзаро таҳлил кунанд ва тамоми чораҳои заруриро барои маҳдуд кардани паҳншавии коронавирус, муолиҷаи самараноки беморон ва расонидани кӯмак ба шахсони эҳтиёҷманд андешанд.

Дар ҷамъомад бахшида ба чораҳои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва ташаккули захираҳои иловагӣ дар асоси механизмҳо ва равишҳои тамоман нав имкониятҳои иловагии рушди соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, таъкид гардид, ки ба туфайли сабук шудани талаботҳои карантинӣ дар кишвар афзоиши фаъолияти иқтисодӣ ба мушоҳида мерасад. Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи савдо, истеҳсолот, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо аз нав барқарор карда шуда, имкони зиёд гардондани даромад ба вуҷуд омад.
Пешбинӣ шудааст, ки барои то 1 декабри соли равон ташаккул додани захираи иловагӣ ба миқдори 500 миллиард сӯм ҳамаи имконот мавҷуд аст. Ин маблағҳо барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ манбаи ёридиҳанда хоҳанд буд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои бо кор таъмин кардани ҷавонону занони бекор диққати махсус дода шуд. Ба муовини Сарвазир вазифаи ҷорӣ намудани  тартиби таълим додани онҳо ба касбҳои серталаб ва соҳибкорӣ, дар ин асос  дастгирии молиявӣ дар кушодани бизнес гузошта шуд. Бо мақсади мунтазам ташкил кардани ин кор супурда шуд, ки мисли «дафтарҳои оҳанӣ»-и дар мамлакатамон ҷоригардида - барои ҷавонони бекор рӯйхати алоҳидаи «дафтари ҷавонон» ва барои занони бекор ва бепарастор рӯйхати алоҳидаи «дафтари занон» тартиб дода шуда, аз рӯи ҳар яки онҳо дар асоси низому тартиби нав,  мақсаднок кор бурда шавад.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: