Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Агентии миллии «Ӯзбеккино», Академияи бадеии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи эҷодии «Тасвирий ойина», Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон азназаргузаронӣ-озмуни анъан
Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Агентии миллии «Ӯзбеккино», Академияи бадеии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи эҷодии «Тасвирий ойина», Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон азназаргузаронӣ-озмуни анъанавии «АЗ ҲАМА БУЗУРГ, АЗ ҲАМА АЗИЗ»-ро эълон менамояд.
Ба озмун асарҳои эҷодие, ки дар худ ғояи асосии – «Ту сарчашмаи нерӯ, даргоҳи бахту саодат ҳастӣ — Ӯзбекистони азиз!»-ро ифода намудаанд, ислоҳоти куллиеро, ки дар доираи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, инчунин Барномаи давлатии «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» оид ба ободонии кишвар, баланд бардоштани қудрати иқтисодии он, обрӯ ва нуфузи афзояндаи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайваста идома додани дигаргунсозиҳо дар ҳаёти давлат ва ҷомеа дар давраи пандемия татбиқ мегарданд, дар асоси мисолҳои ҳаётӣ ва таҳлили илмии асоснок холисона, ростқавлона равшан намудаанд, қабул карда мешаванд.
Азназаргузаронӣ-озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» бинобар номинатсияҳои зерин гузаронда мешавад:
– асарҳои бадеии нависандагону шоирон;
– корҳои журналистии кормандони ВАО-и чопӣ;
– маводҳои интернет-журналистика, ки дар веб-сомонаҳо ба сифати воситаи ахбори оммавӣ ба рӯйхат гирифташуда пешниҳод шудаанд;
– маводҳои кормандони эҷодии телевизион ва радио;
– асарҳои санъати амалӣ, корҳои аккосӣ ва дизайн;
– асарҳои санъати кино.
Дар доираи озмун ба муносибати 30-солагии қабул гардидани Эъломияи истиқлолият барои эҷодкорони ВАО-и чопӣ, веб-сайтҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба ҳар як самт яктогӣ номинатсияи ҳавасмандгардонии «Барои беҳтарин маводи журналистӣ» ҷорӣ карда мешавад.
Ба азназаргузаронӣ-озмун аз 15 августи соли 2019 то 15 августи соли 2020 асарҳои адабиву бадеии расман чопшуда, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва интернет-нашрҳо эълоншуда, маводҳои дар эфирҳои радио ва телеканалҳо додашуда, асарҳои санъати амалӣ ва кино то 10 сентябри соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.
Ғолибони озмун моҳи сентябри соли 2020 сарфароз гардонда, рӯйхати онҳо дар матбуот эълон карда мешаванд.
Мувофиқи қоидаҳои карантин, ки бо сабаби пандемияи коронавирус муқаррар шудааст, асарҳои ба озмун пешниҳодшуда ба тартиби онлайн қабул карда мешаванд.
Иштирокчиён метавонанд корҳои эҷодии худро ба почтаи электронии tanlov2020@aimc.uz ё канали Telegram @tanlov2020 (бо иловаи маълумоти мухтасар дар бораи муаллиф ва фаъолияти касбӣ, нусхаи шиноснома, суроға ва рақамҳои тамос) бо унвони «Барои азназаргузаронӣ -озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» ва «Барои номинатсияи «Беҳтарин маводи журналистӣ» дар андозаҳои зерин:
— асарҳои бадеии нависандагон ва шоирон, асарҳои журналистии кормандони ВАОҳои чопӣ — дар формати pdf;
— маводҳои журналистикаи интернетӣ, ки дар веб-сомонаҳои ҳамчун васоити ахбори умум ба қайд гирифташуда пешниҳод карда шудаанд — бо нишон додани истинод;
— асарҳои санъати тасвирӣ, суратгирӣ, дизайн - дар андозаи JPG;
— асарҳои санъати кино — дар андозаи AVI бо истиноди google disk, yandex disk ё дигар захираҳои виртуалӣ (истинод бояд дар давоми 30 рӯз эътибор дошта бошад);
— маводи кормандони эҷодии телевизион ва радио - дар андозаҳои mp3 ва AVI бо истинод ба google disk, yandex disk ё дигар захираҳои виртуалӣ (истинод бояд дар давоми 30 рӯз эътибор дошта бошад).
Эзоҳ: асарҳои бадеии нависанда ва шоирон аз рӯи ҳаҷм бояд ҳадди ақалл як китоб, асарҳои санъати кино - ҳадди ақалл як филми пурра, маводи кормандони воситаҳои ахбори оммавии чопӣ ва электронӣ, асарҳои санъати тасвирӣ, аксҳо, корҳои дизайнерӣ - ҳадди ақалл се асар бошанд.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Агентӣ оид ба ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба воситаи телефони: (71) 244-32-33 муроҷиат намоед.
ӮзА.