Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад
Чун Хоҷа порае аз он харбуза чашида, аз талхияш баданаш оташ гирифт ва забонаш обила карду ҳалқаш сӯхт, соате аз шиддати талхӣ бехуд афтод. Чун ба худ омад, ба Луқмон рӯ оварду гуфт: «Эй Луқмон, эй ҷони ҷаҳон! Ту чӣ сон ин қадар зиёд ин харбузаи талху заҳрогинро нӯши ҷон кардӣ ва ин азиятро лутфу марҳамат ангоштӣ?»:
Чун бихӯрд, аз талхияш оташ
фурӯхт,
Ҳам забон кард обила,
ҳам ҳалқ сӯхт.
Соате бехуд шуд аз талхии он,
Баъд аз он гуфташ,
ки эй ҷони ҷаҳон,
Нӯш чун кардӣ ту чандин
заҳрро?
Лутф чун ангоштӣ ин қаҳрро?
Луқмон дар посух ба Хоҷааш гуфт: «Ман аз дасти неъматбахши ту он қадар ширинии неъматҳои алвон чашидаам, ки шуморе надорад. Шармам омад, ки ба як талхӣ хӯрдан, доду фарёд кунам. Чун ба ту муҳаббати беандоза дорам, талхҳо низ аз дасти ту ширин аст ва қаҳрҳо лутфу муҳаббат.
Гуфт: «Ман аз дасти
неъматбахши ту,
Хурдаам чандон,
ки аз шармам дуту.
Аз муҳаббат талхҳо ширин
шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин
шавад.
Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад,
В-аз муҳаббат сиркаҳо мул
мешавад.
Аз муҳаббат мурда зинда
мешавад,
В-аз муҳаббат шоҳ банда
мешавад»...
Хулосаи матлаб: Хоҷаи Луқмон Худованд ва шебу фарозиҳои зиндагист. Ӯ (Луқмон) мегӯяд: аз Худованде, ки чандин гоҳ ширинӣ хурда лутфу марҳаматҳо дидаам, ба як талхӣ чаро узр оварам ва талхиро рад кунам:
Ошиқам бар лутфу қаҳраш ман
ба ҷид,
Эй аҷаб, ман ошиқи ин
ҳарду зид.
Тавзеҳ: Ин достонро Аттор дар «Мантиқ-ут-тайр» назм карда ва Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» низ онро ба гунае дигар, ба хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ нисбат медиҳад ва маншаъ-ул-маншаи он Қуръони азимушшаън аст.
Агар мусулмонӣ чунин бошад,...
Дар аҳди Султон Боязиди золим габре зиндагӣ дошт ва рӯзе як мусалмони саид (хушбахт) ӯро гуфт: «Эй габр, чӣ шавад, ки ту ислом оварӣ (яъне дини исломро қабул кунӣ) ва бад-ин васила аз садҳо раҳоиву сарварӣ ёбӣ?»
Габр гуфт: «Эй мурид (яъне эй иродатманди ислом: ба маънои «марид» – «хабусу саркаш» – низ дуруст аст) ва эй пайрави ислом! Агар ислом он аст, ки Султон Боязид дорад, ман тобу тоқати пазироии онро надорам, гарчи ба имону дини шумо муқин нестам (яқин бовар надорам), лек дар имони худ басо устувораму эътиқод дорам. Агар имон ҳамин имони шумо бошад, маро бад-он майлу иштиҳое нест. Ҳар кӣ агар ба имону эътиқоде ба ислом сад майлу рағбат пайдо кунад, чун имони шуморо дид, майлу рағбаташ ботил мегардад. Зеро дар имону эътиқоди шумо фақат номе ҳасту маъние нест, зоҳир ҳасту ботини маънавию рӯҳоние не! Шумо биҳиштро дӯзах мегӯеду дӯзахро биҳишт. Ҳар кӣ аз ботини пучу холии шумо огаҳӣ ёбад, аз пазируфтани исломи шумо имонаш бифсурад (афсурда гардад):
Буд габре дар замони Боязид,
Гуфт: ӯро як мусулмони саъид.
Ки чӣ бошад гар ту ислом оварӣ,
То биёбӣ сад наҷоту сарварӣ.
Гуфт: «Ин ислом агар ҳаст,
эй мурид,
Он ки дорад шоҳи олам Боязид.
Ман надорам тоқати он, тоби он,
К-он фузун омад зи
кӯшишҳои ҷон.
Гарчӣ дар имону дин номӯқинам,
Лек дар имони худ бас
муъминам...
Он кӣ сад майлаш суви имон
бувад,
Чун шуморо дид, он ботил
шавад.
З-он ки номе бинаду маъниш не,
Чун биёбонро мафоза гуфтане.
Чун ба имони шумо ӯ бингарад,
Ишқи ӯ з-оварди имон
бифсурад».
Тавзеҳ: Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» (с.149) ин достонро ба сурати зайл нақл кардааст: «Нақл аст, ки габре буд дар аҳди Боязид. Гуфтанд: Мусулмон шав. Гуфт: «Агар мусулмонӣ ин аст, ки Боязид мекунад, ман тоқати он надорам ва агар ин аст, ки шумо мекунед, орзуяш намекунам».
Магар тобутро ба хонаи мо мебаранд?
Кӯдаке дар пеши тобути падар зор-зор менолид ва бар сару рӯяш мекӯбид ва нолон мегуфт: «Эй падарҷон, охир туро куҷо мебаранд, магар мехоҳанд туро дар зери хок биспуранд... Оё туро хонаи тангу заҳире (намноке) мебаранд, ки дар он на қолӣ ҳасту на фаршу на ҳасир (бӯрё), на дар шаб чароғе дораду на дар рӯз қурси ноне, ҷое, ки аз буйи таом ному нишоне нест, на дору на сақфу на боме маъмур (обод) дораду на ҷоме дар он равшанӣ меафканад? Падарҷон, магар туро ба ҷое мебаранд, ки барои меҳмонат як қулт об ҳам намеёбӣ, ҳамсояе ҳам надорӣ, ки пушту паноҳи ту бошад? Ҷисми ту, ки дар зиндагӣ мардум бӯсагоҳи худ карда будандаш, ҳоло дар чунин ҷойи кӯру кабуд (тангу тор) чӣ гуна хоҳад шуд?...
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолиду бармекӯфт сар.
К-эй падар, охир куҷоят
мебаранд,
То туро дар зери хоке
биспуранд...
Мебарандат хонаи тангу заҳир,
Не дар ӯ қоливу не фаршу
ҳасир...
Не чароғе дар шабу дар рӯз нон,
Не дар он буйи таому не нишон...
Не дараш маъмуру не сақфу
на бом,
Не дар ӯ баҳри зиёе ҳеҷ ҷом.
Не дар он аз баҳри меҳмон
оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ...
Ҷисми ту, к-ӯ бӯсагоҳи халқ буд,
Чун шавад дар хонаи кӯру
кабуд?...
Хонаи бе зинҳору ҷойи танг,
К-андар он на рӯй мемонад,
на ранг»...
Хулоса, кӯдак бо дидаи хунбор ашк мефишонд ва авсофи он хонаи тангу тор (гӯр)-ро як-як бармешумурд ва навҳа мекард. Ҷуҳо, ки бо падараш дар он ҷаноза ҳузур дошт, сифатҳои он хонаи тангу торро аз забони кӯдак шунида ба падар рӯ оварду гуфт: «Эй падари арҷманд! Валлаҳ, ин тобутро ба хонаи мо мебаранд». Падараш гуфт: «Аблаҳ машав ва газоф магӯй!». Ҷуҳо гуфт: «Эй бобо (падар), ба нишону аломатҳое, ки як-як мешуморад, диққат кун! Ҳама он нишонаҳо ба хонаи мо мувофиқат мекунаду мушобиҳат (монандӣ) дорад, ҳеч шакке нест, ки ин тобутро ба хонаи мо мебаранд».
З-ин насақ авсофи хона
мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин
мефишурд.
Гуфт Ҷуҳо бо падар,
к-эй арҷманд,
Валлаҳ, инро хонаи
мо мебаранд.
Гуфт: Ҷуҳоро падар:
«Аблаҳ машав!»,
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо
шунав!
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як,
Хонаи морост бе тардиду шак!».
Тавзеҳ: Зоконӣ низ ин достонро чунин наср кардааст: «Ҷанозаеро ба роҳ мебурданд. Дарвеше бо писар бар сари роҳ истода буданд, писар аз падар пурсид: «Падарҷон, дар он тахти равон чист?»
Падар гуфт: «Одам». Гуфт: «Куҷояш мебаранд?».
Гуфт: «Ба ҷое, ки на хӯрданӣ дораду на нӯшиданӣ, на пӯшиданӣ дораду на нону об ва на ҳезуму оташ ва на зару симу бурё ва на гилем...». Писар гуфт: «Бобо, магар ба хонаи мо мебарандаш?»... (Зоконӣ, «Ҳикояҳои дилкушо». саҳ. 144).
Баргардониши
Файз МАҲМУД.