МАТНИ «МАСНАВӢ» БА НАСР

Достони гуфтугӯйи чӯпон бо Худо ва иштибоҳи Ҳазрати Мӯсо

Достони гуфтугӯйи чӯпон бо Худо ва иштибоҳи Ҳазрати Мӯсо

Ҳазрати Мӯсо (а) чӯпонеро дар саҳро мебинад, ки бо Худо ин қабил мунозираву саволу ҷавоб дорад: «Эй Худованд! Ту куҷоӣ, ки ман чокарат (хидматгор) шавам, чоруқатро бидӯзаму саратро шона кунам! Эй Худои азизи ман, ҷони ман, ҷони зану фарзандон ва ҳама хонумони ман фидои ту бод! Биё, ки бароят ҷомае дӯзам, пероҳани даридаатро бахя занам, шабушҳоятро бикушам, ба пешат ширу ҷурғот биёраму меҳмондорият кунам. Дастакатро бибӯсаму поятро бимолам, дар вақти хоб ҷогаҳатро рӯбу чин кунам, тахти хобатро омода созам. Эй Худои меҳрубони ман, ҳамаи бузҳои ман фидои ту бод! Ин ҳама ҳай-ҳаю ҳой-ҳойи чӯпонии ман аз баҳри  туст, эй Парвардгори ягонаи ман!»:
Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯ ҳамегуфт, эй Худованд, эй Илоҳ.
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқат дӯзам, занам шона сарат.
Эй Худои ман, фидоят ҷони ман,
Ҷумла фарзандону хонумони ман.
Ту куҷоӣ, то сарат шона кашам,
Чоруқат дӯзам, шабушҳоят кушам,
Ту куҷоӣ то шабушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, эй муҳташам.
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Эй фидои ту ҳама бузҳои ман,
Эй ба ёдат ҳей-ҳейю ҳойи ман.
Хулоса, он чӯпон аз ин намат (навъ) беҳудагӯиҳо бисёр мегуфту менолид ва ба Худои худ изҳори муҳаббат мекард. Иттифоқо ҳазрати Мӯсо (а) аз он дашт мегузашт, ин ғиреву лоба ва суханҳои чӯпонро шунида аз ӯ пурсид, ки «бо кӣ ин қадар розу ниёз дорӣ ва мегирйӣ?»:
З-ин намат беҳуда мегуфт он шубон,
Гуфт Мӯсо: «Бо киястат, эй фалон?».
Гуфт: «Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз ӯ омад падид».
Чӯпон ба Мӯсо (а) гуфт, ки бо он Худое розу ниёз дорам, ки маро ва ин замину осмонҳоро офаридааст. Мӯсо (а) ба ғазаб омад, бар сари чӯпон фарёд зада гуфт: «Ту хирасар (ҷоҳил) шудӣ, ҳанӯз мусулмон нашуда кофир гардидӣ! Ин чӣ гуна жожхоиву куфру сангингӯйист, ки ту мегӯӣ?... Беҳтар пунбае (пахтае) гиру бо он даҳони бедарвозаи худро банд! Ин суханони ганду куфромези ту тамоми ҷаҳонро ганда кард. Аз наҳусати куфри ту дебои (пероҳан) дин жанда гашт... Чоруқу пойтоба лоиқи туст, на лоиқи Худованд! Магар Офтоб ба чоруқу пойтоба ниёз дорад?... Агар ҳалқатро аз гуфтани чунин газофҳо набандӣ, ғазаби Худованд ба сурати оташ омада, ҳама халқонро месӯзонад!»:
Гуфт Мӯсо: «Ҳой, хирасар шудӣ,
Худ мусулмон ношуда кофар шудӣ!
Ин чӣ жожасту чӣ куфр асту фашор...
Панбае андар даҳони худ фишор!
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дебои динро жанда кард.
Чоруқу потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост?!...
Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бисӯзад халқро!».
Чӯпони содаи бечора чун ин ҳушдори Ҳазрати Мӯсоро мешунавад, маъюсу ғамгин мегардад ва аз гуфтаҳояш пушаймон гашта, ҷома медараду оҳе сард аз дили пурдард кашида, сар ба биёбон мениҳад ва бо ашки шашқатор дур мегардад:
Гуфт: «Эй Мӯсо, даҳонам дӯхтӣ,
В-аз пушаймонӣ ту ҷонам сӯхтӣ»...
Ҷомаро бидриду оҳе кард тафт, 
Сар ниҳод андар биёбоневу рафт...
Дар ин ҳол аз тарафи Худованд ба Ҳазрати Мӯсо (а) ваҳй нозил мегардад, ки «эй Мӯсо чаро бандаи самимии маро аз мо ҷудо кардӣ?... Ту барои васл кардан муваззаф шудаӣ, на барои фасл кардан! Мо (яъне Худованд дар аксар ҷойи Қуръон низ ба худ, чун «мо» муроҷиат мекунад) ба ҳар кас, тибқи лаёқату тавони ӯ, сирате додем ва мувофиқи дониши ӯ бар ӯ истилоҳоте баргузидаем. Эй Мӯсо! Ту дили поку содаи бандаи самимии моро ранҷондӣ, мадҳи софу беолоиши он содачӯпон барои мо аз ҳушдори шаръии ту авлотар аст, зеро ки бо ин амали мазмумат (мазамматолуд) ҳабиби моро аз мо ҷудо сохтӣ, барои ҳиндиён истилоҳи ҳиндӣ ва барои синдиён истилоҳи синдӣ хуштар аст, мо аз он ки он чӯпони содадил гуфт ва тасбиҳи моро кард (покии моро сутуд) поктару муназзаҳтар нахоҳем шуд, балки онҳо худашон ва ҷонашон поктару беолоиштар мегардад. Зеро онҳо аз сари сидқу самимияту ихлос ба мо муноҷот мекунанд: ту танҳо ба сурати ҳарфҳои чӯпон нигаристӣ, на ба сирати он, на ба аъмоқи пур аз муҳаббати дили ӯ, мо буруну қолро (суханро) нахоҳем нигарист, балки назари мо равона ба сӯйи даруну ҳол аст, мо бар он қалбе пайваста назар дорем, ки хошеъ (пур аз муҳаббату ибодат) бар мост, ҳарчанд гуфтору алфозаш нохозеъ (дарҳаму барҳам, жож) бошад, дили он чӯпон гавҳарест бебаҳо, ки саршор аз муҳаббати мост ва забонаш ҷуз василае беш нест, яъне ғаразеро мерасонад ва мо муҳаббати беғаразонаи холисро меписандем, ҳар навъе, ки гуфта шавад. Ту бояд дар дили бандагони ман оташи ишқи моро барафрӯзӣ ва сар ба сар ҳамагуна андешаву ибодатро бисӯзӣ, миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудо аст, ошиқонро мазҳабу миллат танҳо Худост:
Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо,
Бандаи моро чаро кардӣ ҷудо?...
Ту барои васл кардан омадӣ,
Не барои фасл кардан омадӣ...
Ҳар касеро сирате бинҳодаем,
Ҳар касеро истилоҳе додаем.
Дар ҳақи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту замм,
Дар ҳақи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту самм.
Ҳиндиёнро истилоҳи ҳинд мадҳ,
Синдиёнро истилоҳи Синд мадҳ,
Ман нагардам пок аз тасбеҳашон,
Пок ҳам эшон шаванду ҷонфишон.
Мо бурунро нангарему қолро,
Мо дарунро бингарему ҳолро.
Нозири қалбем агар хошеъ бувад.
Гарчӣ гуфту лафз нохозеъ бувад.
З-он ки дил ҷавҳар бувад, гуфтан – ғараз,
Пас туфайл омад араз ҷавҳар ғараз.
Оташе аз ишқ дар ҷон барфурӯз,
Сар ба сар фикру ибодатро бисӯз!
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро мазҳабу миллат Худост!».
Чун Мӯсо (а) ин итобу хитоб ва сарзаниши Худовандро шунид, аз ранҷондани дили поки чӯпон сахт пушаймон шуд, дар биёбон аз пайи он чӯпон шитофт. Оқибат, пас аз ҷустуҷӯҳо чӯпонро биёфту гуфт: «Мужда деҳ, ки аз тарафи Худо дастуре дар мавриди ту расид ва он ин аст, ки ҳар чизе, ки гуфтӣ аз сари сидқу ихлос буд ва аз тарафи Худованд пазируфта шуд, дар роҳи ишқ ба Ҳақ ҳеч гуна одобу тартибе (яъне анвои ибодат маҷӯй ва ҳар чӣ ки дили тангат мехоҳад, бигӯй!).
Чунки Мӯсо ин итоб аз Ҳақ шунид,
Дар биёбон аз пайи чӯпон давид.
Оқибат дарёфт ӯрову бидид,
Гуфт: «Мужда деҳ, ки дастуре расид,
Ҳеч одобеву тартибе маҷӯй,
Ҳарчи мехоҳад дили тангат бигуй!».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: