ЗАРБУЛМАСАЛИ КИШВАРСОЗ
ЗАРБУЛМАСАЛИ КИШВАРСОЗ
Мардуми Ҷопон зарбулмасали ҷолибе дорад:
«Ба хотири мехе
наъле афтод.
Ба хотири наъле
аспе афтод.
Ба хотири аспе
саворе афтод.
Ба хотири саворе
ҷанге шикаст хӯрд.
Ба хотири шикасте
мамлакате нобуд
шуд.
Ҳамаи ин ҳолат аз
дасти касе рух дод,
ки мехро хуб
накӯбида буд».
Дар ёд доред: ҳар кор, ҳатто хурд ҳам бошад, асари бузург бар ҷой мегузорад.
АШКИ РОЙГОН
Араб саге дошт, ки дар ҳоли мурдан буд. Ӯ дар миёни роҳ нишаста, барои саг гиря мекард. Гадое аз он ҷо мегузашт, пурсид:
– Чаро гиря мекунӣ?
Гуфт:
– Саги вафодори ман пеши чашмам ҷон медиҳад. Он рӯзҳо бароям шикор мекард ва шабҳо нигаҳбонам буд.
Гадо пурсид:
– Бемории саг чист? Захм дорад?
Араб гуфт:
– Аз гуруснагӣ мемирад.
Чашми гадо ба халтаи пуру даҳанбастае афтод, ки дар паҳлӯи марди араб буд. Пурсид:
– Дар халта чӣ дорӣ?
– Нону ғизо барои хӯрдан.
– Чаро ба саг намедиҳӣ, то аз марг наҷот ёбад.
Посух дод:
– Нонро аз сагам бештар дӯст дорам. Барои нон ва ғизо бояд пул диҳам, вале ашк рехтан муфту бепул аст. Барои сагам, ҳар қадар ки хоҳад, гиря мекунам.
Гадо гуфт:
– Хок бар сарат! Ашк аз дил меояд, ба қимати ғам ба оби зулол бадал мешавад ва арзиши он аз нон бештар аст.
НОБЕЛ ВА ҶОИЗАИ СУЛҲ
Алфред Нобел аз нафарони ангуштшуморе мебошад, ки дар замони зинда будан хабари маргашро дар рӯзнома хондааст. Замоне, ки бародараш Людвиг аз олам даргузашт, рӯзномаҳо иштибоҳан фикр карданд, ки Нобели маъруф, ихтироъкори динамит мурда. Алфред вақте субҳ рӯзномаҳоро мехонд, бо дидани титри саҳифаи аввал дар ҷояш мехкӯб шуд: «Алфред Нобел, даллоли марг ва ихтироъкори марговартарин силоҳи башарӣ мурд».
Ӯ аз хондани ин хабар хеле нороҳат шуд. Бо худ фикр кард: «Оё хуб аст, ки маро пас аз марг ин гуна бишносанд?» Зуд васиятномаашро овард, ҷумлаҳои зиёдеро хат заду ислоҳ кард. Пешниҳод намуд, ки сарваташ сарфи ҷоиза шавад.
Имрӯз Нобелро на бо ихтирои динамит, балки бо Ҷоизаи Нобел мешиносанд. Ба ибораи дигар, як қарор барои тағйири сарнавишт кофӣ аст.
Таҳияи ВОРИС.