ОЛАМИ САДРАНГ

Қолибзании чӯбӣ

Қолибзании чӯбӣ

Дар асрҳои миёна нақшандозӣ ба газвор (қолибзанӣ) бо қолиби чӯбӣ сурат мегирифт. Устоёни моҳир ба рӯйи газвор тамғаҳои чӯбиро пахш карда, барои рӯшантар баромадани нақш, аз болояш бо болға мезадаанд. 
Истилоҳҳои «Газвори қолибӣ», «Нақши қолибӣ» аз он рӯзгор ба ёдгор мондааст. Дар ибтидои асри ХIX аз газворҳои нақши қолибӣ дӯхтани сарандоз, курта, юбка мӯд шудааст.

Пайкарасозӣ бо сӯзан

Мо медонем, ки сӯзанҳои нахустинро дар Олмон тайёр кардаанд. Ин сӯзанҳо бо кӯмаки лупа аз пӯлод тайёр карда шудаанд. Дарозии онҳо 9-10 мм, диаметрашон 0,28 миллиметрро ташкил медиҳад.
Пайкарасози бритониёӣ Йиллард Йиган бо истифода аз сӯзан ва донаи қаҳваи 2 миллиметрае, ки дар сӯрохии он меғунҷид, пайкараи Елизавета II-ро офаридааст.

Аз таърихи дарзмол

Ҷавоб додан ба суоли «Дарзмоли аввалин кай пайдо шудааст?» осон нест. Дар баъзе манбаъҳо омадааст, ки таърихи дарзмол бо пайдо шудани дӯхтудӯз иртиботи ногусастанӣ дорад. 
Дар қарни XVI дар Аврупо, барои дарзмол кардани ҷойҳои ғиҷимшудаи газвор, аз пластинкаҳои гарми оҳанин истифода бурдаанд. Бино ба маълумоти баъзе манбаъҳо, газворро ба чӯби силиндршакл печонда, ғиҷимҳояшро таҳти фишори тахтаи лайси вазнин бартараф намудаанд. Дарзмолҳои нахустинеро, ки аз металли вазнин сохта мешуданд, танҳо мардон кор фармуда метавонистанд. Барои дарзмол кардани либос аз «гавка»-ҳо — шишаи обпуркардашуда ё истаконҳои оҳанин истифода бурдаанд.
Нахустин дарзмолҳои оҳанин дертар пайдо шудаанд. Дарзмолҳои аввалин қимати баланд доштаанд. Вақте меҳмонон меомаданд, мизбонони доро дарзмолҳои оҳанинро якҷо бо самоворҳо ба намоиш мегузоштанд. Дар хонадон вуҷуд доштани ин гуна дарзмол далели серупур зиндагӣ кардани соҳибхона буд.

Бино ба матолиби Интернет ва ВАО таҳия гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: