Пӯшида нест, ки ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо бахшида ба рӯҳи «Лисон-ул-ғайб» Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазали интихобкардааш мезанад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад.
Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Пӯшида нест, ки ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо бахшида ба рӯҳи «Лисон-ул-ғайб» Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазали интихобкардааш мезанад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Мӯниси ҷон» задем ва онро ҳамроҳ бо шарҳи фолаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.
Мӯниси ҷон
То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст,
Дили савдозада аз ғусса дуним афтодаст.
Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст,
Лекин ин ҳаст, ки ин нусха сақим афтодаст.
Дар хами зулфи ту он холи сияҳ донӣ, чист?
Нуқтаи дуда, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст.
Зулфи мушкини ту дар гулшани фирдавси узор
Чист? Товус, ки дар боғи наим афтодаст.
Дили ман аз ҳаваси бӯйи ту, эй мӯниси ҷон,
Хоки роҳест, ки дар пойи насим афтодаст.
Ҳофизи гумшударо бо ғамат, эй ҷони азиз,
Иттиҳодест, ки дар аҳди қадим афтодаст.
Набояд ба завоҳир дил баст ва бояд ботини афрод ва масоилро дар назар дошт. Вақте рафиқе шафиқ ё ёри дилсӯз дорӣ, набояд ӯро биранҷонӣ, хубиҳоеро, ки дар ҳаққат мешавад, набояд ба дасти фаромӯшӣ бисупорӣ ва бар ту воҷиб аст, ки қадри муҳаббати атрофиёнатро бидонӣ.
Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.