Маркази ахбори сайёҳӣ
Маркази ахбори сайёҳӣ
Оилаи Рустам Мақсудовро дар Бухорои шариф ҳамчун хонадони тадбиркорон хуб мешиносанд. Писари Рустам Сайидҷон дар 17-солагӣ ба пойтахти Фаронса шаҳри Париж кӯчида рафт. Дар мактаби калони тиҷорат хонд. Дар синни 23 магистратураи онро хатм кард.
Бо дастгирии падар дар се гузари Париж ресторани таомҳои миллиро кушод. Кораш барор гирифт. Вай орзу дошт, ки дар зодгоҳи азизаш – Бухорои бостонӣ низ коргоҳе дошта бошад. Бо ин мақсад бо ҳаммаслакии бародарон аз шаҳри куҳна, аз қафои мадрасаи Нодир Девонбегӣ 120 метри мураббаъ ҷой гирифт. Дар ин кор қарори махсуси сарвари давлат мушкилкушо гардид. Соҳибкори ҷавон ба мақсади бунёдкорӣ беш аз 200 ҳазор доллари ИМА маблағ харҷ кард. Бар хилофи монеъгиҳои пандемия маскани номбурда бо услуби меъмории миллӣ қад боло кард. Гирду атрофи он обод гардид. Қариб 20 нафар соҳиби кор шуданд. Ҳоло С. Мақсудов ният дорад, ки дар кӯчаҳои «Хӯҷа Порсо» ва «Баҳоуддини Нақшбанд» барои 50 нафар сайёҳон меҳмонхона созад.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Дар муҳокима – масъалаҳои шуғл
Тӯли нӯҳ моҳи охир дар ҷумҳурӣ ҷамъ 270,5 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуда бошад, аз он 243,9 ҳазор ҷойи кор бо саъйи марказҳои ба шуғли аҳолӣ кӯмакрасон ба корҷӯён пешкаш карда шуд. Ба 45 ҳазор нафар бекорон, ки ниёзманданд, 17 млрд. сӯм нафақаи бекорӣ тақдим гашт. Хуллас, дар давраи пандемия онҳое, ки бинобар надоштани ҷои доимии кор ба дастгирии моддӣ муҳтоҷанд, аз эътибор дур намонданд.
Дар ҷамъомади якҷояи Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва фраксияи ҳизби либералӣ-демократӣ маҳз ҳамин мавзӯъ, яъне ҳолати нӯҳмоҳаи бозори меҳнат мавриди муҳокима қарор ёфт. Ахбори вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ шунида ва аз рӯи маълумотҳои пешниҳодшуда депутатҳо мулоҳизоти худро баён намуданд. Гуфта шуд, ба корҳои ҷамоатӣ ҷалб кардани бештар аз 500 нафар, рӯикороии 412 адад созмони кооператив, ба онҳое, ки дар қитъаҳои наздиҳавлӣ фаъолият бурданианд, ҷудо карда шудани субсид, албатта, қонеъкунанда, аммо аз маблағҳое, ки давлат ҷудо кард, ҳама ҳам оқилона истифода бурданд? Чаро қисме аз гармхонаҳо бекор хобидаанд? Ҷуз ин дар маълумотномаҳо оиди шуғл, ки аз ҷониби Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ва Кумитаи давлатии андоз пешниҳод кардаанд, тафриқа ба назар мерасад. Ба кадоме аз онҳо бовар кардан мумкин?
Ҳамчунин депутатҳо ба дараҷаи лозимӣ ташкил карда нашудани механизмҳои ташкилию ҳуқуқии шуғл дар маҳалҳоро зери танқид гирифтанд. Ҳолатҳои ногувор ба афзудани шуғли норасмӣ ва мигратсияи меҳнати ғайриқонунӣ боис шуданаш мумкин.
Робита бо Донишгоҳи Турку
Яке аз калонтарин шаҳрҳои Финляндия Турку – пештар пойтахти ин мамлакат ҳисоб меёфт. Алҳол Донишгоҳи Турку баъди Донишгоҳи Хелсинки бонуфузтарин маркази таълим буда, 3120 нафар омӯзгорону муҳаққиқонро фаро гирифтааст.
Робита байни Донишгоҳи Турку ва Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд торафт мустаҳкам мегардад.
Дар видеомулоқоте, ки байни ду муассисаи таълими олӣ рӯи кор омад, масъалаи якҷо омодасозии кадрҳои малаканок мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Аз рӯи лоиҳаи «1+3», ки бояд аз моҳи январи соли 2021 амалӣ гардад, фикрҳо баён ёфтанд. Яъне донишҷӯ курси аввалро дар ДДИТ хонда, се соли таҳсили боқимондаро дар Донишгоҳи Турку фаро гирифтанаш мумкин. Баъди соҳиби диплом шудан бояд бо як лоиҳаи худ ба Ӯзбекистон баргардад ва онро ба амал татбиқ намояд.
Амалиёт дар Сингапур
Дар анҷумани илмӣ-амалие, ки аз ҷониби Институти ирригатсия ва муҳандисҳои механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд дар масъалаи татбиқи технологияи замонавӣ дар хоҷагии қишлоқ ба амал омад, намояндагони яке аз ширкатҳои Сингапур иштирок карданд.
Гуфта шуд ҷорӣ намудани техника ва технологияи асрӣ дар кишоварзӣ аз масъалаҳои муҳими ҳаётист. Омодасозии кадрҳое, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳанд ва донишҳои назариашонро ба амал татбиқ карда метавонанд, назар ба ҳарвақта долузарб мебошад. Намояндагон аз Сингапур гуфтанд, дар масъалаи сохтори ирригатсионӣ ва ҳалли мушкилоти обёрӣ ба ҳамкорӣ омодаанд ва донишҷӯёни ӯзбекистонӣ метавонанд дар кластерҳое, ки дар ин кишвар фаъолият мебаранд, тарзи истифода аз ускунаҳои замонавиро омӯзанд ва аз амалиёт гузаранд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».
«Сухан дар бораи Самарқанд – 2020»
Дар Самарқанд Рӯзҳои байналмилалии мактубҳои «Сухан дар бораи Самарқанд – 2020», ки аз ҷониби фаъолони маҳфили дӯстии байналмилалии «Эсперанто»-и Маркази фарҳангии №5 шаҳри Самарқанд баргузор шуд, ба анҷом расид.
Ба суроғаи ташкилкунандагон барқияҳо расиданд.
Аз ҷумла, драматурги машҳури рус Семён Злотников чунин менависад: «Ба тариқи аҷибе кӯдакиамро дар Самарқанд ёд кардам. Хотираҳои ширин. Ва дар дуоҳои худ ба сарзамин ва мардуми Самарқанд баракат мехоҳам! «.
Натиҷаҳои марафони думоҳаи почта «Сухан дар бораи Самарқанд – 2020»-ро бахшида ба Рӯзи шаҳр ҷамъбаст намуда, мо метавонем бо итминон бигӯем, ки имсол ташкилкунандагони иқдом дар баробари маъруфтар кардани Самарқанд, ҳудуди ҷашни шаҳрро ба таври назаррас вусъат доданд ва аз рӯи моҳият онро берун аз марзи Ӯзбекистон маълум карданд.
Анатолий ИОНЕСОВ,
муаллифи лоиҳаи энсиклопедии «Самаркандиана».