ОЛАМИ САДРАНГ

Чой — нӯшокии давоӣ

Чой — нӯшокии давоӣ

Кашфи чой ба падари тибби Чин — Шен Лун иртибот дорад. Шен Лун боре аз кор кӯфта шуда ба хона меояд ва тасмим мегирад, ки дар оташи гулхан об меҷӯшонад. Дар рафти ҷӯшидани об аз ба даруни зарф афтодани баргҳои шохи дарахт бехабар мемонад. Баъди хӯрдани оби ҷӯше, ки рангаш як андак зард шуда буд, худро бардам ҳис мекунад.Чунин ба назар мерасад, ки гармии гуворое ба тамоми баданаш паҳн мешавад.
Шен Лун дарк менамояд, ки воситаи давоие омода кардааст. Бинобарин, қарор медиҳад, ки хусусияти баргҳои растаниро омӯзад. Баъди ин кашфиёт чиноиён ба ҷамъоварӣ ва парвариши растаниҳои чойбоб машғул мешаванд.
Дертар дар Чин ба чой номи «ча»-ро медиҳанд ва он соҳиби иероглифи худ мегардад.

Ангуштпона — ихтирои чиноиён

Нахустин сӯзани пӯлодин дар Чин сохта шудааст. Дар нимаи асри III то аҳди мо ангуштпона низ дар Чин ихтироъ шуда буд. 
Қабилаҳои Мавритания (ҳудуди Африқои шимолию ғарбӣ, Алҷазоир ва Марокаши ғарбӣ) ин ихтироъро ба ғарб бурдаанд. 
Истеҳсоли саноатии сӯзан, ба таври оммавӣ, аз соли 1785 шурӯъ шудааст.

Мурғи дӯзанда

Оё медонед, мурғе ҳаст, ки ҳунари дӯхтан дорад ва ин ҷонварро «мурғи дӯзанда» меноманд? Вай канори баргҳои дарахтонро бо нахҳои растанӣ «дӯхта», барои худ лона дуруст мекунад. Дар ин кор, ба сифати сӯзан, минқори дарозаш ба кор меояд.
«Мурғи дӯзанда» дар кишварҳои Ҳиндустон, Ҳиндухитой ва Яваи Индонезия умр ба сар мебарад.

Бино ба матолиби Интернет таҳия гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: