Захираи маҳсулоти озуқаворӣ – дар мадди назар
Захираи маҳсулоти озуқаворӣ – дар мадди назар
Дар шаҳру навоҳии вилояти Ҷиззах сессияҳои навбатии Шӯрои депутатҳои халқӣ баргузор ва дар онҳо бештар масъалаҳои ба таври кофӣ захира намудани маҳсулоти рӯзмарраи озуқаворӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар сессияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Шароф Рашидов дар боби захираи асосии маҳсулот сухан рафт. Ҳокими ноҳия Маҳмуд Холбӯтаев гуфт, ки танҳо барои захираи гӯшти моҳӣ, парранда ва чорво аз ҳисоби маблағи мавҷуда 20 миллиард сӯм бояд харҷ гардад.
Дар ин сессия депутатҳо панҷ масъаларо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар сессияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Арнасой низ аз бобати таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ сухан рафт. Депутатҳо ногузирии дар ояндаи наздик ба роҳ мондани парвариши сирпиёз ва лимуро таъкид намуданд. Гуфтанд, ки танҳо бо ин кор пеши роҳи қимматшавиву камчинии ин қабил маҳсулоти полизиву мевагиро метавон гирифт. Дар сессия инчунин оид ба тартиб андохтани баъзе аз бозорҳои маҳаллӣ муҳокимарониҳо ба миён омад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ
Риштаҳо мустаҳкам мешаванд
Бахшида ба тарҷума ва нашри «Хамса»-и Навоӣ ба қазоқӣ ва ба ӯзбекӣ баргардонда шудани осори Абай дар Тошканд анҷумани байналхалқии тарзи онлайн баргузор гардид.
Дар он раиси Сенати Олий Маҷлис, аъзои парлумонҳои қонунгузории Ӯзбекистону Қазоқистон, сафирҳо, адабиётшиносу мутарҷимон иштирок намуданд.
Гуфта шуд робитаи ду халқ ва риштаи муносибатҳо дар соҳоти гуногун дар як ҳудуд, дар шароити якхелаи таърихӣ ташаккул ва камол ёфта омадааст. Алоқаҳо дар риштаи гуманитарӣ, муносибатҳои адабию фарҳангӣ аз ҷиҳати сифат дар рӯзҳои мо ба дараҷаҳои нав баромад. Навоӣ ва Абай дар давраҳои гуногун зиндагию эҷод карда бошанд ҳам, садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ, халқпарварию ҳамҷиҳатӣ гӯё онҳоро ба ҳам қарин сохта ва якҷо омӯхтани эҷоди пурбаракати онҳо робитаҳои зикршударо боз ҳам мустаҳкам месозад. Тарҷумаҳои дуҷониба қадами тозае шуд дар ривоҷи дӯстии адабиётҳо ва баҳамоии халқҳои бародар дар шароити нави таърихӣ, таъкид ёфт дар анҷумани байналхалқӣ.
Сурдо-онлайн – кӯмакрасони ногироҳо
Ногироҳои ношунаво ва безабон ба идораҳои даркорӣ, албатта, бо кӯмаки сурдотарҷумонҳо муроҷиат менамоянд. Вале ҳама вақт ҳам истифода аз ин гуна тарҷумонҳо имконнопазир.
Ҳаминро ба назар гирифта, аз ҷониби депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Тошканд лоиҳаи сурдо-онлайн таҳия карда шуд. Аввал ба татбиқи чунин лоиҳа марказҳои хадамоти давлатии пойтахт шурӯъ сохтанд. Акнун ногиро бо пешниҳод кардани шиноснома тавассути планшет, ки бо коммуникатсияи интернет васл мешавад, аз хидматҳои давлатии хостааш истифода бурданаш мумкин. Айни замон аснои муроҷиат ба дигар мақомоти давлатӣ шахси имкониятҳояш маҳдуд метавонад ба сурдо-онлайн такя намояд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».