ХАБАРҲО

Ниммарафон дар пойтахт

Ниммарафон дар пойтахт

Бо мақсади иштирок дар чорабинии варзишӣ-фарҳангие, ки аз ҷониби саридораи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, наздик 5 ҳазор нафар сокинони пойтахт субҳи барвақт хеста, ба яке аз кӯчаҳои марказӣ, ки идона оро ёфта буд, ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо ниммарафон ба муносибати 29-умин солгарди қабули Ливои давлатӣ баргузор гардид. 

Мақсад аз ҳамоиш баробари ҷашн гирифтани Рӯзи ливои давлатӣ ҷалб намудани аҳолӣ ба тарзи солими ҳаёт мебошад. 
Чорабинӣ таҳти шиори «Ливои мо – ифтихори мо!» сурат гирифт ва онро фарзандони кормандони Вазорати корҳои дохилӣ кушоданд. Баъди онҳо калонсолон ба ҳаракат даромаданд. Ниммарафон дар ҳудуди майдони «Ҳумо» анҷом пазируфт. Иштирокдорон баъди қафо гузоштани 3 километр дар толори консертӣ баромадҳои ҷолибро тамошо карданд. Маросими тақдирсозии ғолибон низ хотирмон сурат гирифт.

Помидор – ба хориҷ

Бонки тиҷоратии «Агробанк» соҳибкоронро чун ҳамеша аз нигоҳи молиявӣ пуштбонӣ менамояд. Маҳз бо воме, ки бонки зикршуда ҷудо кард, дар ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд боз як субъект – ҶММ «Гигант греент экспорт» арзи ҳастӣ намуд. 

Дар ҳудуди 4 гектар гармхонае барпо гашт, ки намуди замонавӣ дошта, бо ускунаҳои Туркия муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ин ҷо наздик 30 нафар ба кори доимӣ таъмин шуданд, дар корҳои мавсимӣ бештар аз 100 нафар коргарон ҷалб мешаванд. Дар гармхона тақрибан 100 ҳазор бех ниҳолҳои помидор парвариш меёбанд. Экспорт шудани 80-90 фоизи ҳосили хушсифат ба нақша дароварда шудааст.

Дипломҳо супурда шуданд

Донишгоҳи байналхалқии Вестминстер воқеъ дар пойтахтро 600 нафар бакалавриат ва наздик 100 нафар дар самти магистратура хатм намуданд. Дар ин ҷо бори 16-ум ба хатмкардагон супоридани дипломҳо дар маросими тантанавӣ сурат гирифт. 

Бинобар шароити пандемия чорабинӣ бо тарзи онлайн ташкил гашт. Роҳбарият ва устодону профессорони донишгоҳ хатмкардагонро самимона муборакбод сохтанд.
Бо вуҷуди муваққатан қатъ ёфтани таълими анъанавӣ донишгоҳ барои омодасозии кадрҳои лаёқатнок кӯшишҳо ба харҷ дод, дар анҷуманҳои илмӣ-тадқиқотии байналхалқӣ фаъолона иштирок сохт, ба сифати таълим эътибори аввалдараҷа нигаронд. Бинобар аз соли таҳсили 2020-2021 ҷорӣ шудани сохтори нави таълим донишгоҳи зикршуда дар мамлакати мо нахустин маскани таълими олӣ мегардад, ки ба ҷӯяндагони илм дараҷаи байналхалқии илмӣ дода метавонад.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: