Дар Хиёбони адибони пойтахт ҳайкали Саид Аҳмад ва Саида Зуннунова мавҷуд. Он муҷассамаест гӯё ба иродаю матонати инсон, ба ҷуфти муносибе, ки ҳамчун эҷодкор вафою садоқатро як умр суруданд дар пардаҳои баланд.
Дар Хиёбони адибони пойтахт ҳайкали Саид Аҳмад ва Саида Зуннунова мавҷуд. Он муҷассамаест гӯё ба иродаю матонати инсон, ба ҷуфти муносибе, ки ҳамчун эҷодкор вафою садоқатро як умр суруданд дар пардаҳои баланд.
Дар ҳавлиашон як бех садбарги сафед буд, ки онро замонҳое Саидаапа нишонда. Баъде Саидаапа аз олам гузашт, Саид Аҳмад дар вазъе, ки танҳо ба худаш маълум, ба он садбарг менигаристу менигарист...
Пештар ҳарду дар кӯчаву хиёбонҳо чун зану шавҳари бахтёр сайр кунанд, акнун Саид Аҳмад тани танҳо берун мебаромад. Тани танҳо хона медаромад. Пирона...
Роҳи ҳаётиашон ҳамвор набуд. Дучори тазйиқҳои сахт шуд Саид Аҳмад. Аммо танҳо азоб кашид? Мегӯянд, азоб ва изтиробҳои ботинии ҳамсари меҳрубонаш сахттар буданд!
Ҳа, бисёр чашиданд хорӣ ва талхиҳои ҳаёт. Вале нанолиданд ин ду адиби якдигарро фаҳмида, якдигарро пурра сохта ва бо ҳам такянамуда. Онҳое, ки ба хонадони эшон меҳмон шуданд, гӯё аз осмон ба рӯи каф меафтиданд. Дар ҳолатҳои оддӣ низ бо ҳам бошанд, кӯдаквор меболиданд, худро саодатманд ҳис мекарданд, ки инро инсонҳои аз дарвозаашон даромада борҳо мушоҳида намудаанд.
Саида Зуннунова ҳам шоир буд, ҳам нависанда. Назмаш баланд буд ё насраш? Ҳар ду ҳам баланд, эътироф мекунанд муҳаққиқон. Одамоне, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, ба инсонигарӣ, самимият, хушзабониаш дар ҳар гуна ҳолатҳо баҳои муносиб медиҳанд. Мегӯянд, ҷаннатӣ буд!
Саидаапа баъди бемории вазнин соли 1977 дар синни 51-солагӣ вафот кард. Дар авҷи камолоти эҷодӣ...
Қаҳрамонҳояш – занҳои мӯъмина ва муниса. «Аз сарат гардам» ном дорад яке аз охирин асарҳояш. «Айланай, ӯргилай» (гардам)-гӯиҳои таҳтидилонааш ба инсонҳо чи қадар ширин ва аз дилу ҷони меҳрбораш гувоҳӣ медоданд.
Вақте апа чашм аз ҷаҳон пӯшид, фарзанди ягонаи хонадон Нодира хурдсол буд. Нафақат ба Саид Аҳмад, ба Нодираи ҳанӯз духтарча ин зарбае буд хеле сахт.
...Тасаввур кунед, адибаи номвар дар ошёнаи дувуми бинои куҳнаи Иттиҳоди нависандагон рӯи курсие нишастааст. Паи кадом коре ин ҷо омада ва кадомеро интизор. Аз паст кадоме рӯ-рӯи зинаҳо баромада ва намоён гардад, хоҳ адиби куҳансол, хоҳ ҳаваскор, хоҳ ношиноси гузараш ба он ҷо афтода, мисле одами иззатманде баромада истода бошад, аз ҷо хеста, даст пеши бар, салом медиҳад. Инсонҳои одамонро ба навъҳо ҷудо карда, муносибат мекардагӣ каманд? Вале Саидаапаи биҳиштӣ ҳамаро ба як чашм медид, ҳамаро эҳтиром менамуд.
Нодира ашки чашм фурӯ бурда ва мегӯяд, модарам чизе пухта, дар танаффуси калон дар дами дарвозаи дабистон маро мунтазир мешуданд. Мебаромадам, чизи бурдаашонро мегирифтам ва мегуфтам, акнун биравед. Вале намерафтанд. Мегуфтанд, то дар пеши чашмам нахӯрӣ, намеравам...
Оҳ модарҳо!
Ш.МУҲАММАД.