Ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам деҳқонон ва фермерон, мутахассисони агрокластерҳо!
Шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ аз таҳти дил муборакбод менамоям, орзуву омоли неку самимитарини маро қабул фармоед.
Дар ин ҷашни хотирмон мо ба офарандагони фаровонҳолиамон – деҳқонону фермерони моҳир, чорвопарварон ва пиллапарварони меҳнатдӯст, обронҳо ва ирригаторони ҳунарманд, механизаторон ва агрономҳои соҳибтаҷриба, ба олимон ва мутахассисоне, ки дӯстдори касби худ мебошанд, эҳтироми амиқи худро изҳор менамоем ва сидқан таъзим мекунем.
Меҳнати фидокоронаву мардонаи шумо – ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо, намояндагони пешаи хеле куҳан ва неки ҷаҳон, ки вазифаи ҳаётан муҳим чун таъмин сохтани фаровонӣ ва фаровонҳолии халқи моро таъмин мекунанд, ба эътирофи олитарин сазовор мебошад.
Суханони шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ, ки меҳнати шуморо васф карда, таъкид намудааст, ки ба шарофати деҳқонон олам шукуфон мешавад, меҳнати душвори ҳамарӯзаи онҳо асоси сериву пурӣ ва фаровонҳолӣ барои тамоми мардум ба шумор меравад, воқеан аз мазмуни амиқ саршоранд.
Дар ин рӯзҳои хурсандӣ, шуморо бо ҷашн муборакбод намуда, мо, албатта, меҳнати душворатонро дар соли равон, натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои барои оянда пешбинишударо қайд менамоем.
Тавре ки маълум аст, соли равон даврони санҷишҳои ҷиддӣ барои тамоми инсоният гардид. Мо бо қаноатмандӣ таъкид мекунем, ки дар чунин шароити бағоят душвор халқамон, аз ҷумла деҳқонону фермерони меҳнатдӯст ба комёбиҳои баланд ноил гардиданд, баробари пандемияи коронавирус оқибатҳои офоти табииву техногениро дар минтақаҳои ҷудогона устуворона паси сар намуданд. Аз ҷумла дар ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин, Мирзоободи вилояти Сирдарё лозим омад, ки пахта, гандум ва дигар зироати кишоварзӣ дар 19 ҳазор гектар замин аз нав кошта шавад. Баъд аз туфони сахт дар вилояти Бухоро ниҳолҳои пахта ва гандум дар 26 ҳазор гектар замин зарар диданд.
Бешубҳа, дар хоҷагии қишлоқ ягон сол соли оддиву осон нест. Душвориҳои табиӣ, маҳдудияти захираҳои об, мубориза бар муқобили зараррасонҳои рустаниҳо аз ҳар кадом деҳқон нерӯву ғайрат, донишу таҷрибаро тақозо менамоянд. Халқи мо ин сифатҳои хоси шуморо хуб медонад ва баланд қадр мекунад.
Тақрибан 6,5 миллион тонна ғалла, беш аз 3 миллион тонна пахта, 21 ҳазор тонна пилла, 22 миллион тонна меваву сабзавот, 2,5 миллион тонна гӯшт ва зиёда аз 112 миллион тонна маҳсулоти ширӣ, ки соли равон дар мамлакат рӯёнда ва истеҳсол карда шуданд, пеш аз ҳама натиҷаи меҳнати душвору поквиҷдононаи шумост.
Аз ин хусус сухан ронда, мехоҳам хоҷагиҳои фермериеро, ки ба рӯёндани ҳосили зиёди ғалла муваффақ шудаанд, аз ҷумла, «Баҳромбек» аз ноҳияи Ёзёвон, «Даврон Намуна» аз ноҳияи Тирмиз, «Содиқ Зафар саховати» аз ноҳияи Ғиҷдувон, «Ҷӯрабек Қумобод» аз ноҳияи Янгибозор, «Холмирза Болтабоев» аз ноҳияи Балиқчӣ, «Қурама» аз ноҳияи Сайҳунобод, «Азамат Сироҷ» аз ноҳияи Нарпай, «Шӯртанбой – бахтли эл» аз ноҳияи Нуқус, «Улуғдиёр келажаги» аз ноҳияи Қизилтеппа, «Замин» аз ноҳияи Уйчӣ, «Сафаров Баҳром» аз ноҳияи Пахтакор, ҳамчунин кластерҳои ғаллапарвар «Арт софт текс» аз ноҳияҳои Поп ва Мингбулоқ, «Қаҳрамон» аз ноҳияи Риштон, «Сангзор бизнес парранда» аз ноҳияи Дӯстлик, «Навоий асл чорваси» аз ноҳияи Навбаҳор ва «Очил файз бизнес» аз ноҳияи Қаровулбозорро бо қаноатмандӣ таъкид намоям.
Бобати парваришу рӯёндани ҳосили фаровони пахта хоҷагиҳои фермерии «Мирҷалол Гулистон Дурдонаси»-и ноҳияи Учкӯприк, «Сафар обод боғи»-и ноҳияи Қизилтеппа, «Ҷаҳонгир Норбой ӯғли»-и ноҳияи Ғузор, «Холмурод ӯғли Мансур»-и ноҳияи Боғот, «Ғофуржон ота»-и ноҳияи Намангон, «Абдусалом Хушматов»-и ноҳияи Нарпай, «Зоирҷон Низомов»-и ноҳияи Булоқбоши, «Навобод»-и ноҳияи Рометан, «Худойқул ӯғли Сулаймон»-и ноҳияи Сирдарё, «Оллоберди Мурод»-и ноҳияи Оққӯрғон, ҳамчунин кластерҳои пахтаву бофандагии «ТСТ кластер»-и ноҳияи Чирчиқи Поён, «Тошбулоқ текс»-и ноҳияи Намангон, «Тирмиз Жайҳун кластер»-и ноҳияи Ҷарқӯрғон, «Хантекс групп»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа ва «Ҳазорасп текс»-и ноҳияи Ҳазорасп намунаи ибрати дигарон гардиданд.
Аз фурсат истифода бурда, аз номи халқамон ва шахсан аз номи худ ба тамоми деҳқонону фермероне, ки бо истифода аз дониш, таҷриба ва маҳорати ғании худ ва дастовардҳои илм хирмани баланд бунёд кардаанд, миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Дӯстони азиз!
Замони мураккаб ва ташвишовари кунунӣ боз як бор нақш ва аҳамияти ҳалкунандаи соҳаи аграриро ба тамоми олам намоиш дод. Алҳол таъмини кафолатноки аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи сарфакоронаи захира ва имкониятҳо, дар соҳа фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, минбаъд афзун кардани манфиатдории деҳотиён аз натиҷаи меҳнати худ, ҷорӣ кардани муносибатҳои пешқадам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин мо беш аз ҳар дафъаина ба бозсозӣ ва диверсификатсияи иқтисодиёт, аз ҷумла хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дастгирии молиявии хоҷагиҳои фермерӣ, кластер ва кооператсияҳо эътибори зиёд медиҳем. 5 қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 12 фармон, беш аз 30 қарори Президент ва ҳукумат, ки соли равон қабул гардиданд, маҳз ба ин самт нигаронида шудаанд.
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар хоҷагии қишлоқ ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонӣ, аз ҷумла, низоми агрокластерҳо, дар муҳлати кӯтоҳ натиҷаҳои мусбат медиҳанд.
Ҳоли ҳозир дар мамлакат садҳо кластер: 97 кластери махсуси пахтаву бофандагӣ,149 адад меваву сабзавот, 65-то ғаллапарварӣ, 34 адад шолипарварӣ ва 7-то парвариши рустаниҳои доруворӣ, ҳамчунин 11 адад кооператсияҳои пахтаву бофандагӣ амал мекунанд. Дар пояи усули кластерӣ дар 34 хоҷагии фермерии чорводорӣ, 10 паррандапарварӣ, 36 моҳипарварӣ, 15 занбӯриасалпарварӣ тайёркунии маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Баробари ин 62 адад кластер, ки тӯли ду соли охир дар соҳаи пиллапарварӣ созмон дода шудаанд, тақрибан 600 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар даврони сипаришудаи соли равон тақрибан 11 ҳазор ё худ 90 фоиз хоҷагиҳои фермерии мамлакат ба хоҷагиҳои бисёрсоҳа табдил дода шуданд, бо ин роҳ анқариб 37 ҳазор нафар бо кор таъмин гардиданд.
Тавре ки маълум аст, солҳои охир мо як қатор қарорҳоро бинобар истифодаи самарабахши қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ қабул кардем. Дар Вазорат оид ба дастгирии маҳалла ва оила, шуъбаҳои ҳудудии он ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо вазифаи махсуси муовин, ки ба масъалаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ машғул мешавад, ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷаи чораҳои дахлдор соли равон дар ҷумҳурӣ кишти пурраи 432 ҳазор гектар қитъаҳое, ки ба 4,5 миллион шаҳрвандон дахл доранд, таъмин гардид. Мувофиқи ҳисобу китобҳои пешакӣ дар майдонҳои мазкур беш аз 10 миллион тонна маҳсулот парвариш карда шудаанд.
Давлат ба соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ барои кофтани чоҳҳои артезианӣ ва сохтмони гармхонаҳои кӯчак қарз ва вомҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад, ки ин яке аз самтҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ гардид. Барои ин мақсадҳо аз бунёди назди Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ 65,5 миллиард сӯм ҷудо карда шуд, барои дастгирӣ намудани корхонаҳо бобати хидматрасонӣ ба хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ, кооперативҳои кишоварзӣ ва фермерон тақрибан 110 миллиард сӯм сафарбар гардид.
Ғайр аз ин, дар доираи барномаи «Ба ҳар як деҳқони ҷавон – қитъаи замин» ба 266 ҳазор оилаи камтаъмин ва ҷавонони бекор 84 ҳазор гектар майдоне, ки аз зироатҳои хушадор озод карда шудаанд, ҷудо гардид, ба онҳо хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои хидматрасонӣ ба хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ вобаста карда шуданд. Ба шарофати татбиқ гардидани барномаи мазкур беш аз 1 миллион тонна маҳсулот рӯёнида шуд.
Дар натиҷаи ислоҳоти татбиқшуда ва дигаргуниҳои сохтории соли равон, новобаста аз таъсири манфии пандемия, тақрибан 1,5 миллион тонна маҳсулоти меваву сабзавот ба зиёда аз 70 мамлакат ба маблағи беш аз 822 миллион доллар содир карда шуд.
Бешубҳа, ҳоло бидуни дар амал ҷорӣ намудани комёбиҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ ягон соҳаро инкишоф додан имконнопазир аст. Инчунин вазифаҳои рӯзмарра, аз ҷумла тайёр кардани кадрҳоеро, ки соҳиби донишҳои ҳамаҷониба ва замонавӣ мебошанд, баланд бардоштани ихтисоси онҳо, аз худ намудани таҷрибаи хориҷиро дар назди мо мегузоранд.
Бо ин мақсад бобати куллан баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олии тахассуси соҳаи аграрӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мактабҳои олии номдори кишварҳои тараққикарда, такмил додани фаъолияти муассисаҳои илмии тухмипарварӣ, наслпарварӣ ва ветеринарӣ татбиқ карда мешаванд.
Аз ибтидои соли хониши 2020/2021 баробари мактабҳои олии мавҷудаи хоҷагии қишлоқ квотаҳои қабул оид ба самти аграрӣ барои бакалавриат дар донишгоҳҳои давлатии Гулистон, Бухоро, Қаршӣ, Намангон, Самарқанд, Фарғона, Урганҷ ҷорӣ карда шуданд.
Дар пояи таҷрибаи пешқадам дар маҳалҳо лабораторияҳои фаъоли таълимии «Клиникаи хок», ки ба хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо хидматҳои заруриро оид ба пешгирии шӯрӣ, эрозияи об ва хок, коҳиш додани мавҷудияти узвҳои ғизогир дар онҳо, ҳамчунин баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва маҳсулнокии замин ташкил карда шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки давлат як қисми хароҷотро барои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об барои майдонҳои пахта, ҳамчунин барои боғҳо, токзор ва хоҷагиҳои гармхонавӣ мепӯшонад.
Бо мақсади коркарди маҳсулоти кишоварзӣ соли равон дар пояи анқариб 80 лоиҳаи арзишашон 677 миллиард сӯмина ва сармояҳо дар ҳаҷми 1 триллиону 240 миллиард сӯм 12 марказҳои агрологистикӣ сохта, ба истифода супурда шуданд ва тақрибан 3500 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд. Баробари ин дар кластерҳои пахтапарварӣ ва соҳаҳое чун чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, харгӯшпарварӣ, ҳамчунин аз ҳисоби бунёди гармхонаҳои замонавӣ тақрибан 14 ҳазор нафар кас бо кор таъмин карда шуданд.
Дар соҳаи чорвопарварӣ бобати беҳ кардани насл, зиёд намудани саршумори чорвои зотдор, рушди хоҷагиҳои махсуси фермерӣ, барои ба ин соҳа ҷудо намудани субсидияҳои давлатӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Чунончи, дар давраи сипаришуда барои ин мақсадҳо ба хоҷагиҳои чорвопарварӣ тақрибан 20 миллиард сӯм субсидия ҷудо карда шуд.
Дӯстони азиз!
Мехоҳам таъкид намоям, ки алҳол, вақте ки таҳдиди норасоии хӯрокворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ меафзояд, мо дар кишварамон имкон дорем нафақат талаботи бозори дохилиро таъмин кунем, балки ҳаҷми рӯёндани маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ду карат зиёд кунем, ҳамчунин содироти онро афзун намоем.
Татбиқ кардани барномаҳои маҷмӯии рушди устувори кишоварзӣ минбаъд зиёд кардани номгӯйи маҳсулот ва ҳаҷми содироти он аз ҳисоби истифодаи технологияҳои замонавӣ аз ҷумлаи вазифаҳои бартариноки пешомадноки мо ба шумор мераванд.
Мо эътиборро ба зиёд кардани ҳосилнокии замин, таъмин сохтани соҳа бо техникаҳои зарурӣ ва беҳтар намудани сифати хидмати аграрӣ, такмил додани тайёркунии мутахассисоне, ки соҳиби дониш ва илмҳои замонавӣ бошанд, бозомӯзонии онҳо бештар мекунем.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар соҳа ҷорӣ кардани комёбиҳои илм ва технологияҳои замонавӣ ба шумор меравад.
Муътақидам, ки меҳнатдӯстони фидокори хоҷагии қишлоқ минбаъд низ тамоми донишу таҷриба, имконияту ғайрати худро ба таъмин сохтани амнияти хӯроквории мамлакат, фаровонҳолии халқи мо сафарбар мекунанд.
Муҳтарам деҳқонон ва фермерон, ирригаторон ва кормандони кластерҳои пахтаву бофандагӣ!
Бори дигар шуморо бо Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ – ҷашни меҳнат ва ҳосил муборакбод менамоям.
Ба шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодат, дар меҳнати масъулиятнок ва неки шумо комёбиҳои бузург, ба оилаҳоятон осудагиву фаровонҳолӣ орзу мекунам.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон.