ШИНОСОИИ ДУ УСТОДИ СУХАН

Адиб ва драманависи машҳур Ғанӣ Абдулло, ки солҳои сиюми асри бист қадам ба арсаи адабиёт ниҳода буд, аз аввалин шогирдони Устод Айнӣ ба ҳисоб меравад.

Адиб  ва  драманависи  машҳур  Ғанӣ  Абдулло,  ки солҳои  сиюми  асри  бист қадам  ба  арсаи  адабиёт  ниҳода  буд, аз  аввалин  шогирдони  Устод  Айнӣ ба  ҳисоб  меравад.
Ҳангоме  ки   Ғанӣ  Абдулло бисту  ду  сол дошт, дар  аввалин  анҷумани  нависандагони Иттиҳоди  Шӯравӣ  ширкат  варзид. Аз  анҷуман хотираҳои  зиёде  дошт ва  зимни  суҳбатҳои  дӯстона  баъзе  лаҳзаҳои  онро  ба  ёд  оварда,  бо  камоли  шавқ  нақл  мекард.
– Анҷуман, – мегуфт  Ғанӣ  Абдулло, – 17 августи  соли 1934  дар  Хонаи  иттифоқҳо  сар  шуда,  то  якуми  сентябр, яъне, 16  рӯз  идома  ёфт. Дар ин фурсати  тӯлонӣ  оид  ба  вазъи  адабиёт, маҳорати  нависандагон, робитаи  адабиёт бо  ҳаёти  халқ  баҳсу  мунозираҳои  пурҷӯшу хурӯш  ва  баъзан  бисёр  ҷиддӣ сурат  гирифтанд. Аз  бисёр  кишварҳо адибони  тараққипарвар  низ  иштирок  мекарданд. Тамоми  кори  анҷуман  зери  назари  Максим  Горкий  ва яке  аз  раҳбарони  мамлакат  Бухарин ҷараён  дошт.  Горкий  бо вуҷуди  беморӣ  ва зери  назари духтурон  қарор  доштан  роҷеъ ба вазъи  адабиёти  он  замон чор  соат маърӯза  кард. Боиси  сарфарозии  мо, вакилони Тоҷикистон буд, ки Устод  Айнӣ  ҳамчун  намояндаи барҷастаи  адабиёти  Осиёи  Миёна  ба  раёсати анҷуман интихоб  шуданд  ва аз  номи онҳо нутқи  пурмазмуне  эрод  карданд. Ва  инчунин дар  анҷуман шоири  мумтоз  устод  Лоҳутӣ  котиби  Иттифоқи нависандагон  интихоб  гардиданд.
– Аз  нахустин  рӯзҳои  анҷуман, – гуфтанд  Ғанӣ  Абдулло, – дар  дили  Устод  Айнӣ  иштиёқи бузурге  пайдо  шуд, ки бояд  бо  Горкий  мулоқот  намоянд. Ва,  хушбахтона, дар  яке аз рӯзҳои анҷуман  ин  орзу  амалӣ гашт ва  ду  нависандаи  забардасти  асри  бист чанд  дақиқае  бо  ҳам  сӯҳбат  оростанд.  Горкий  пас  аз пурсопурсӣ  ба  Устод  Айнӣ  гуфт: 
– Ман  шуморо  ғоибона  нағз  мешиносам. Шумо  на  танҳо  устоди  нависандагони  тоҷик, балки  устоди  адибони  Осиёи  Миёна  ҳастед. Ман  романи   «Дохунда»-атонро хондаам. Асари  хубест. Умедворам, ки боз  асарҳои нав  ба  нав хоҳед  навишт.
Устод  Айнӣ аз  ин  мулоқот хеле хушнуд  гашта, бо табъи  болида мегуфтанд:
– Хуш  ба  ҳоли  Горкий! Бо  вуҷуди  беморӣ, серкорӣ, иҷрои  корҳои  зиёди  ҷамъиятӣ  боз  вақт  ёфта  «Дохунда»-ро  хондааст.  О, бародарҳо, чӣ хел ба  ин хел шахс  қоил  намешавед!  Магар  роҳбарӣ ба  адабиёти  сермиллати  як мамлакати  бузург  кори  осон аст?  Ҳалолаш  бод, бо ин ҳиммату  ғайрат!  
Ғанӣ  Абдулло  стенограммаи Анҷумани  якуми  нависандагонро,  ки аз  як  китоби  бузург иборат  аст, дар  ихтиёр  доштааст  ва  фурсатҳои  муносиб  онро  варақ  зада, худро  аз  сари  нав дар муҳити  он  анҷуман  эҳсос мекард.
Ман  он  китобро чанд  рӯзе ба  амонат  гирифта, мутолиа  намудам  ва  худро  дар  ҷараёни  пурталотуми  баҳсу мунозираҳои  бисёр ошкоро ва басо  тезу  тунд эҳсос  намудам...
– Дар  анҷуман, – мегуфтанд  Ғанӣ  Абдулло, – Бухарин маърӯзаи  муфассале намуда, он  ҳама  баҳсу  мунозираҳоро  басе  воқеъбинона  ва  донишмандона  ҷамъбаст  намуд,  ки  ман дар  умрам  чунин маърӯзаи ҷолиб ва илмию ҳақиқатнигоронаро дигар  нашунидаам.
Максим  Горкий  дар  яке аз  рӯзҳои  анҷуман як  ҳайати  бисёр калони нависандагонро барои  меҳмонӣ  ва суҳбати дӯстона ба  бӯстонсарои  худ  даъват  менамояд. Ба  ин  ҳайат Устод  Айнӣ ва  Ғанӣ  Абдулло низ  ворид  гашта  буданд.
Бӯстонсарои  Горкий  70  километр  дур аз  маркази  шаҳр воқъ  гардида  буд. Ғанӣ  Абдулло дар  мавридҳои  зарурӣ бо  хоҳиши  Устод  Айнӣ вазифаи  тарҷумониро ба  ҷо  меовард.  Аз  рӯи  гуфти ӯ  Устод  Айнӣ ҳангоми  суҳбатҳои  оддиву  муқаррарӣ матлабро мефаҳмиданд, аммо  озодона  ба  русӣ ҳарф  зада  мақсадашонро  баён  карда  наметавонистанд. Дар  чунин мавридҳо  ба  тарҷумон  эҳтиёҷ  доштанд.
Пеш  аз  зиёфат меҳмонон  ҳамроҳи  Горкий  дар  бӯстонсаро, ки шабеҳи як  ҷангалзори  хурд  буд, сайру  гашт мекарданд.
– Устод  Айнӣ, – гуфтанд  Ғанӣ  Абдулло, – дар  боғ  дар  паҳлуи  Горкий қадам  зада, манзараҳои  ҷолиб ва  гулгаштҳои  сабзу  хуррамро тамошо  мекарданд. Дар  баъзе лаҳзаҳо ман  гуфтугӯи  онҳоро тарҷума  мекардам. Аммо  устод  бидуни  тарҷума, мехостанд, ки бо  ду-се  калима  таассуроти худро  ба  Горкий баён  намоянд. Бинобар  он  ба  Горкий  рӯй  оварда  гуфтанд:  «Боғи бисёр  нағз. Боғи  олӣ, босафо  ва  дилкушо».   Горкий  бо  табассум  сар  ҷунбонида, суханҳои  устодро тасдиқ  мекард ва  аз зери  бағали  он  кас дошта, оҳиста-оҳиста  қадам мезад. Баногоҳ  аз  куҷое суратгирҳо пайдо  шуда, Горкий  ва Айниро  аксбардорӣ  намуданд. Дар   ҳамин  мулоқоти  бӯстонсаро  Горкий  пешниҳод  мекунад, ки бояд  дар  Маскав  театри байналмилалӣ таъсис  дода  шавад, то санъаткорони  ҷумҳуриҳои  миллӣ  бо  навбат  омада, ҳунарнамоӣ  кунанд  ва аз  таҷрибаву  дастовардҳои  якдигар  баҳраманд  гарданд. Ин  пешниҳод ба Устод  Айнӣ  хеле писанд  меояд. Театри  мазкур  то  кунун  вуҷуд  дошта, ҳунарпешагони  тоҷик  борҳо дар  саҳнаи он ҳунарнамоӣ   кардаанд.
Дар  хотимаи Анҷумани  нависандагон  Ҳукумати  Тоҷикистон дар  қароргоҳи  намояндагии  ҷумҳурӣ  дар  Маскав  ба  ифтихори  меҳмонони  он зиёфате  меорояд.  Ба  зиёфат   Бухарин  ва  Горкий  даъват мешаванд.
– Ана, дар  чунин вақти  муносиб, – гуфтанд  Ғанӣ  Абдулло, – Устод  Айнӣ  аз  маврид истифода  намуда, бо  ёрии мо – шогирдон  Бухаринро аз  ҳуҷум  ва  туҳмати  ба  асарашон   «Намунаи  адабиёти  тоҷик» суратгирифта   воқиф  сохтанд.  Бухарин пас  аз  фаҳмидани  асли мақсад  хеле  афсӯс  мехӯрад ва  мегӯяд:   «Ин  гуноҳи  дастгоҳи  таблиғотии  мост, ки ба  иғвои  бадхоҳон  бовар  кардааст. Бояд  ин  иштибоҳ  ҳарчӣ  зудтар  ислоҳ  ёбад».  Суханони  Бухарин Устод  Айниро  хеле  рӯҳбаланд  менамояд.
– Дар  ҳамин  зиёфат  донишҷӯёни  тоҷик, ки дар  мактабҳои олии  Маскав  таҳсил  мекарданд, барномаи  ҷолиби  консертиеро  пешкаши  меҳмонон  мекунанд. Ин  ҳунарнамоӣ  ба  Горкий  хеле  писанд  меафтад.
– Горкий, – мегуфтанд  Ғанӣ  Абдулло, – аз рақсу  мусиқии тоҷик  ба  ваҷд  меомад, дар  айни  авҷи  мусиқӣ  ангуштонашро  қарсос  занонда, дастафшонӣ  мекард. Чун  зиёфат ва  консерт  хотима  ёфт, Айнӣ  ва  Горкий   дӯстонаву  самимона   бо  ҳам хайрухуш  намуданд.
– Ман  фардо  ба  Самарқанд  меравам, хайр  саломат  бошед, – гӯён Айнӣ  ба  Горкий  даст  медиҳанд. 
– Ҳар бор, ки  ба Маскав  омадед, ҳатман мулоқот  хоҳем кард, – гуфта Горкий  самимона дасти  Устод  Айниро  мефишорад.
– Маҳз дар  рӯзҳои  анҷуман, – гуфтанд  Ғанӣ  Абдулло, – аввалин мулоқоти  Айниву  Горкий  амалӣ  гашт. Ду  суханвари  бузурги аср  аз  дидори якдигар  шод  буданд.   Устод  Айнӣ  такрор  ба  такрор  мегуфтанд:  «Шодам, ки ба  давлати  дидори  Горкий   мушарраф  шудам».

Аз китоби «Бар фарози қуллаҳо»-и Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: