МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ

Дар ин лаҳзаҳо дар саросари ҷаҳон руҳи идона ҳукмфармост.

Дар ин лаҳзаҳо дар саросари ҷаҳон руҳи идона ҳукмфармост. Соле, ки барои тамоми инсоният пур аз озмоишҳо буд, қафо мемонад, соли нави 2021 фаро мерасад. Дар чунин лаҳзаҳои ҳаяҷоновар, ҳар кас бо умеди калон дар назди худ мақсадҳои гуногун мегузорад, мешитобад, ки ба дӯстон ва хонаводааш орзуҳои нек изҳор намояд.
Ба муносибати ҷашни Соли нав ба номи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ табрикоти самимӣ мерасанд.
Дар онҳо қайд мегардад, ки сарфи назар аз хатар ва душвориҳои соли поёнёбанда, ҳамкорӣ бо мамлакати мо тадриҷан рушд карда, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори боварӣ мегардад.
Орзуҳои сиҳатии мустаҳкам ва муваффақиятҳои нав ба сарвари давлатамон, инчунин сулҳ, саодат ва гул-гулшукуфӣ ба мардуми сермиллати Ӯзбекистон изҳор гаштаанд.
Аз ҷумла, муборакбодиҳои худро инҳо ирсол намуданд:
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин;
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин;
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп;
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған;
Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел;
Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон - Элбошӣ 
Нурсултон Назарбоев;
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-
Жомарт Тоқаев;
Президенти Туркманистон 
Гурбангулӣ Бердимуҳамедов;
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии 
Қирғизистон Талант Мамитов;
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев;
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко;
Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян;
Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин;
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 
Ашраф Ғанӣ;
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ;
Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб 
шайх Халифа бин Зоид Ал-Наҳйён;
Ноиб-президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб, 
ҳокими Аморати Дубай 
шайх Муҳаммад бин Рошид Ал-Мактум;
Муовини Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи 
Аморати Муттаҳидаи Араб, валиаҳди аморати Абу-Даби, 
шайх Муҳаммад бин Зоид Ал-Наҳйён;
Амири Давлати Кувайт 
Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ал-Сабоҳ;
Маликаи Дания Маргрет II;
Шоҳи Норвегия Ҳаралд V;
Президенти Венгрия Янош Адер;
Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда;
Президенти Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс;
Президенти Ҷумҳурии Ирландия Майкл Хиггинс;
Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Ёқуб;
Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга;
Генерал-губернатори Зеландияи Нав Патси Редди;
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии 
Федератсияи Русия Валентина Матвиенко;
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин;
Муовини раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан;
Сарвазири  Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ли Кэтсян;
Президенти Палатаи машваратчиёни парлумони Ҷопон 
Акико Санто;
Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур Ли Сян Лун;
Сарвазири Венгрия Виктор Орбан;
Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай
Владимир Норов;
Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди 
Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев;
Котиби генералии Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) 
Йенс Столтенберг;
Президенти Бонки марказии Аврупо Кристин Лагард;
Котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук 
Кунио Микурия;
Котиби генералии Шӯрои ҳамкории кишварҳои 
туркзабон Бағдод Амреев.
 
Расидани паёмҳои табрикӣ идома доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: