Муҳофизи Ватан мешавам

Алҳол маҳз туфайли ҳушёрии сарбозони ҷасуру диловари Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар диёри обод ва озодамон халқ дар оромиву осоиштагӣ зиндагӣ мекунад.

Алҳол маҳз туфайли ҳушёрии сарбозони ҷасуру диловари Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар диёри обод ва озодамон халқ дар оромиву осоиштагӣ зиндагӣ мекунад. Ҳоло дар кишвари мо нафақат мардон, ҳатто занону духтарон низ дар Нирӯҳои Мусаллаҳ ҳамчун муҳофизони Ватан адои вазифа мекунанд.
Камина аз хурдсолиам занону духтарони либоси ҳарбипӯш дида, ба онҳо бо ҳавас нигоҳ мекардам. Дар дилам барои муҳофизи Ватан шудан меҳр пайдо шуда буд.
Дар мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 40-уми ноҳияи Чуст таҳсил мекардаму баробари фанҳои дигар ба физика ва математика шавқи баланд доштам. Бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ шуғл меварзидам.
Баъди хатми синфи 8-уми мактаби номбурда бе ҳеҷ дудилагӣ ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби «Мангуберди издошлари»-и Фарғона супурдам. Санҷишҳои фаннӣ ва тарбияи ҷисмониро бомуваффақият супурда, ба синфи 9-ум қабул шудам.
Дар арафаи 29-умин солгарди ташкил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ва 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан савганди «Мангуберди издошлари»-ро қабул кардам. Ин дар қалби ман эҳсоси муҳаббатро нисбат ба Ватан зиёд кард. Баъди хатми мактаби номбурда ният дорам таҳсилро дар Академияи Нирӯҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон идома диҳам, дар қисмҳои ҳарбии кишварамон сидқидилона хидмат намоям ва дар сафи муҳофизати Ватан бошам.

Саодат АЛИХОНОВА,
хонандаи мактаби «Мангуберди издошлари»-и Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: