Модар ва тифл

Ду чашми пуршарорат – ду ситора,

Ду чашми пуршарорат – ду ситора,
Ба чашмони ту модар – моҳпора.
Надонӣ, тифл, умри беҳтаринат
Гузар дорад даруни гоҳвора...

Кӣ пазмон нест кӯи кӯдакиро,
Табассумҳои рӯи кӯдакиро?
Кадомин накҳати гулҳои олам,
Иваз бинмуд бӯи кӯдакиро?

Куҷо савте, ки ҷону дил пазирад,
Кушояд чашм шодӣ, ғам бимирад?
Куҷо модар, ки бар хобам дарояд,
Бигӯяд алла, ҷон ором гирад?

Турову даври тифлӣ ёд кардам,
Чи сон хоҳам, ки аз нав тифл гардам!
Зидоят аллаат, эй модари ҷон,
Аламҳои дилам, андӯҳу дардам.

Навозад гӯши ҷони ман садоят,
Ҳаловатбахш, модарҷон, навоят.
Суруде ҳаст монанди сурудат?
Гуворояст ин қадр аллаҳоят!

Туӣ бардам ба дасту пои баста,
Ба по хоҳӣ шудан аз ҷой ҷаста.
Сари гаҳвора бо бедорхобӣ
Нигоҳи модари зори ту хаста.

Ба гӯшат алла, бар чашми сиёҳат
Биёяд хоб. Модар дар нигоҳат.
Нахоб, эй тифл, як дам гӯш андоз
Ба савти ҷонфазо, бинмой роҳат!

Чӣ бахте, тифл дар гаҳвора будан,
Нигоҳи гарми модар ҳис намудан.
Шунидан аллаҳои рӯҳпарвар,
Ба хоби ноз рафтан – барғунудан.

Сари гаҳвораи ту модари ту,
Ки ҷони ӯст болои сари ту.
Гул астӣ, модари ту боғбон аст,
Фидои модари гулпарвари ту!

Нишинӣ бар сари гаҳвора ҳар гоҳ,
Малакҳоянд гӯё бо ту ҳамроҳ.
Худогӯю худоҷӯ, модари ман,
Нагӯӣ алла, гӯё гӯӣ Аллоҳ.

Чӣ бахте, тифл хандад, баршукуфтан,
Чу гиряд, то саҳаргоҳон нахуфтан.
Чӣ бахте, модарӣ изҳор кардан –
Сурудан, то дами субҳ алла гуфтан!

Ш. МУҲАММАД.

 

ФОЛНОМА 

ДАР БОБИ ЗАНИ ҲОМИЛА, КӮДАКИ НАВЗОД ВА ХУРД

Агар зани ҳомила марворид хоб бинад, духтар таваллуд кунад.
***
Агар зани ҳомила шамшер хоб бубинад, писар хоҳад зоид.
***
Зане, ки ҷин дошта бошад, набояд ба аёдати зани навзод биравад, дар акси он кӯдаки ӯ низ ба марази ҷинзадагӣ гирифтор шавад.
***
Агар синаи рости зани ҳомила бузург шавад, кӯдакаш писар бувад ва агар синаи чапаш бузург шавад, духтар шавад.
***
Агар зани ҳомила ҳангоми ба сар гузоштани қадре намак дафъатан дасташро ба фарқаш бикашад, писар ва агар ба рӯяш бикашад, духтар таваллуд кунад. 
***
Агар зани ҳомила дар қошуқ об бихурад, кӯдакаш носолим таваллуд шавад ё бинии навзодаш калон хоҳад шуд. 

Таҳияи Д. ОБИДОВ.

 

Ҷавоби модар

Аз модар суол карданд:
— Кадоме аз фарзандонатро бештар дӯст дорӣ?
Модар посух дод:
— Фарзанди беморамро то сиҳатёбиаш, дар сафар бударо то аз сафар баргаштан, аз ҳама хурдиашро то бузург шудани ӯ, дар маҷмӯъ, ҳамаашонро то фаро расидани марг дӯст дорам.

Таҳияи ДУРАНДЕШ.

 

АНДЕША ВА РОЗҲО

ГАРОНТАРИН ФОҶИА

Фироқ аз модар – ҷудоӣ аз офтоби умр. Пайванд гусаста шавад бо модар, агар бигзарад аз дунё. Дунё хористон, тангу тор бишавад аз ҷудоӣ бо модар. Аз ҷудоӣ нолаҳо бикунад одамизод, бовар накунад ба марги модар..
Дар дунё ҷудоиҳо дар миёни мардум бисёр аст, аммо дилсӯзтар аз ҷудоӣ бо модар набудаасту нахоҳад буд. Инсон дар умри кӯтоҳаш фоҷиаҳоро аз сар бигзаронад, аммо сахттарин, гаронтарин фоҷиа марги модар аст.


РАВАМ БА САРИ ҚАБРИ МОДАР...

Модари ҷонам, оташи ғам ва андӯҳ бисӯзад вуҷуди маро пас аз даргузашти ту. Кунун кист, ки меҳрубон ва дилсӯз бошад маро? Акнун кӣ маро дилбардорӣ кунад, биомӯзад шикебоӣ?
Биравам ба сари қабрат навҳагарӣ кунам аз дарди фироқ бо ту… шифо биҷӯям ба дардам аз рӯйи ту.

Ӯктам ИБРОҲИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: