ДАР БОРАИ МУКОФОТОНӢ БО ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ ЗУЛФИЯ

Бо мақсади арҷ гузоштан ба бонувони кишварамон, баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа, дастгирии умеду орзуҳои неки онҳо, муносиб ҳавасманд кардани духтароне, ки бо истеъдод ва фаъолияти ибратбахши худ барои ҷавонон намуна мебошанд, қобилияту имкониятҳои худро дар соҳа ва ҷанбаҳои гуногун татбиқ мекунанд, дар асоси дониши амиқ ва иқтидори баланди зеҳнии худ ғоя ва ташаббусҳои пешқадамро пеш мегузоранд, ба ташаккули таҳкурсии Эҳёи сеюм мусоидат мекунанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокӣ ни

Бо мақсади арҷ гузоштан ба бонувони кишварамон, баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа, дастгирии умеду орзуҳои неки онҳо, муносиб ҳавасманд кардани духтароне, ки бо истеъдод ва фаъолияти ибратбахши худ барои ҷавонон намуна мебошанд, қобилияту имкониятҳои худро дар соҳа ва ҷанбаҳои гуногун татбиқ мекунанд,  дар асоси дониши амиқ ва иқтидори баланди зеҳнии худ ғоя ва ташаббусҳои пешқадамро пеш мегузоранд, ба ташаккули таҳкурсии Эҳёи сеюм мусоидат мекунанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд:
1. Пешниҳоди Комиссияи оид ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияи Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба духтарони соҳибистеъдод аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои ахлоқи олӣ, истеъдоди беназир, зиракӣ, ташаббускорӣ, муваффақият дар таълим, инчунин дастовардҳои махсус дар соҳаи маориф, илм, адабиёт, санъат, варзиш ва фаъолияти иҷтимоиашон додани Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мувофиқи рӯйхати иловашуда маъқул дониста шавад.
2. Ба барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия дипломҳо ва нишони сарисинагӣ дар ҷашнҳое, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии занон — 8 март баргузор мешаванд, супурда шаванд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳар як барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия додани мукофоти пулиро ба андозаи 50 баробари арзиши ҳисобшудаи асосӣ таъмин намояд.
4. Ба Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва дигар ВАО тавсия дода шавад, ки фаъолияти намунавӣ, қобилиятҳои беназир ва дастовардҳои барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияро васеъ равшан намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Низомиддинов гузошта шавад.
 
 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

   
Шаҳри ТОШКАНД,
3 марти соли 2021.

 

Замима
ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
аз 3 марти соли 2021 № ҚП-5014
 
 
РӮЙХАТИ
барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия

Каримбоева Шаҳзода Камоладдин  қизи — 
хонандаи синфи 11-уми мактаби миёнаи таълими умумии №12 ноҳияи Тӯрткӯли Ҷумҳурии Қароқалпоқистон
Оразбаева Гулсанем Жалғасбай  қизи — 
хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таълими умумии №1 ноҳияи Бӯзатови Ҷумҳурии Қароқалпоқистон
Комилова Меҳриноз Ойбекжон  қизи —  
магистранти курси 2-юми Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон
Раджиева Гулхаёхон Шухратжон  қизи —  
донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Андиҷон
Салимова Амира Суннатжон  қизи —   
хонандаи синфи 11-уми мактаби миёнаи таълими умумии  №8 шаҳри Когони вилояти Бухоро
Умарқулова Динора Шерали  қизи —  
донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии Бухоро
Имомова Дилдора Шухрат  қизи  — 
донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи политехникии Ҷиззах
Мамарасулова Муқаддас   Абдулқосим  қизи — 
донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах
Аҳматова Ситорабону Зоҳиджон  қизи —  
донишҷӯи курси 4-уми филиали Қаршии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд (вилояти Қашқадарё)
Бердиева Ирода Худайшукуровна —   
магистранти курси 2-юми Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (вилояти Қашқадарё)
Ибодуллаева Нафиса Муҳитдиновна — 
докторанти доктори Институти давлатии омӯзгории Навоӣ
Шомуротова Нодирабегим  Одиловна — 
хонандаи синфи 10-уми мактаби махсуси маданияти шаҳри Навоии вилояти Навоӣ
Абдуллаева Манзура Насибилло қизи —  
магистранти соли 2-юми Донишгоҳи давлатии Намангон
Хушназарова Айшахон Адхамжон қизи —  
донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон (вилояти Намангон)
Хайруллаева Феруза Нурмат  қизи — 
котиби матбуоти ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Республика ёш ижодкорлар кенгаши» (вилояти Самарқанд)
Шомуродова Моҳинисо  Шавкат  қизи –  
донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд (Вилояти Самарқанд)
Суннатова Мадина  Гофуржон  қизи —  
донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия (вилояти Сирдарё)
Ҳожибобоева Сарвиноз  Ҳабибжон қизи —  
донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Гулистон
Комилжонова Нилуфар  Шуҳрат  қизи —  
донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Тирмиз
Омонова Умида  Шуҳрат  қизи — 
варзишгар-донишҷӯйи Академияи байналмилалии шоҳмоти Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон (вилояти Сурхондарё)
Деҳқонова  Мадинабону  Дилшод  қизи — 
донишҷӯйи курси 2-юми Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон (вилояти Тошканд)
Назарова Зилола  Эргашбой  қизи — 
роҳбари маҳфили мактаби бачагонаи «Баркамол Авлод»-и ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд
Йулдошева Фарзона Бахтиёр  қизи — 
хонандаи синфи 10-уми мактаби махсуси рассомии шаҳри Фарғонаи вилояти Фарғона
Турсунова Дилнозахон Исроилжон  қизи —  
донишҷӯйи курси 4-уми Донишкадаи политехникии Фарғона
Жумабоева Шахзода Неъматжон қизи — 
хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи махсуси таълими умумии рақами 10-и ноҳияи Янгибозори вилояти Хоразм
Каримова Мадина Жуманазаровна —  
хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи таълими умумии № 10-и шаҳри Урганчи вилояти Хоразм
Ким Юлия  Олеговна — 
тренери яхмолакбозии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (шаҳри Тошканд)
Раҳимова Сайёра  Яшин  қизи  — 
донишҷӯйи курси 4-уми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд (шаҳри Тошканд)

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: