Латифаҳо

КОРИ САВОБ

Латифаҳо

КОРИ САВОБ

Аҳли оила хӯроки нисфирӯзиро тановул мекарданд. Шукрона хӯрокашро саросема истеъмол намуда, аз ҷой хестанӣ шуд.
– Зери коса хӯрок намонад. Баъд косаатро лесида мон, ки савоб аст.
Шукрона ноилоҷ ба ҷояш нишаста, косаашро ба даст гирифт.
– Бале, бачем, – сари набераашро сила намуд бибӣ ва илова кард. – Беҳуда нагуфтаанд:
Агар донӣ савоби косалесӣ,
Ба ҷуз коса дигар чизе налесӣ. 
Дарҳақиқат, ба ҷуз коса дигар ҳеҷ чизро лесида намешавад...
– Мешавад! – сухани бибиро бурид Шукрона.
– Чиро? – ҳама бо ҳайрат сӯяш нигаристанд.
– Хурӯсқандро!  Ин гуфт ва аз кисааш хурӯсқандро бароварда, ба даҳон бурд ӯ. 
ДАРАХТИ ТЕЛЕФОН

Модаркалон ба гулҳои рангорангу дарахтони сарсабзи рӯйи ҳавлӣ нигариста, шеър мехонд:
Фасли Наврӯз омаду гул бо
 ҷамоли нозанин,
Ҳар гиёҳе сар барорад, 
баъди Наврӯз аз замин.
Лек тухми одамӣ ҳаргиз нарӯяд аз 
замин...
– Ҳа, бачем, – оҳи бадард кашид модаркалон. – Ҳар чизеро, ки ба замин корӣ, мерӯяд, ҳосил медиҳад...
– Очаҷон, гапатон рост аст? – соддалавҳона пурсид Шукрона.
– Ҳа, ғайр аз одам ҳама чизеро, ки ба замин хокпӯш кунӣ, мерӯяд.
Пас аз як рӯз хоҳараш пойпӯши навашро мекофту бародараш телефонашро. 
– Шукрона, ту пойпӯши маро надидӣ? – пурсид хоҳараш.
– Ҳозир ба чизҳои коридаам об додам, – гуфт Шукрона бепарвоёна. – Камтар сабр кунед, дар ҳавлиамон дарахти телефон ва пойпӯш мерӯяд!

Дилрабо НАСИМӢ.

 


Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов дар ҳалқаи як гурӯҳ эҷодкорони Самарқанд.

 

«ҚОФИЛАИ РӮДАКӢ» ДАР МЕҲМОНИИ «ОВОЗИ ТОҶИК»
Тавре хабар дода будем, чанде қабл дар Соли ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо мақсади тарбияи навқаламон, такмили маҳорати эҷодии онҳо маҳфили адабиеро таҳти номи “Қофилаи Рӯдакӣ” роҳандозӣ карда буданд. Раиси он Дилшоди Фарҳодзод доир ба маром ва нақшаҳои ояндаи маҳфил, аз ҷумла, гуфт: 
– Беш аз ҳазор сол аст, ки корвони шеър бо роҳбаладии солори назми форсии тоҷикӣ Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба роҳ афтода, тайи асрҳои тӯлонӣ манзил ба манзил бор бар бораш афзуда, ҳанӯз роҳ мепаймояд – бо қофилаи дарозу пурбор, – гуфт ӯ. – Раҳнамоии ин қофила имрӯз ба дӯши шоирону адибони муосир афтодааст. Шоирону адибон рисолат доранд, ки ба ин бори мерос бо ҳиммату тавоноии худашон афзуда, ба ояндагон бирасонанд...
Ба ин умед ба наздикӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд маҳфили адабии эҷодкорони тоҷики вилоят баргузор гардид. Дар ин маркази илму дониш тайи солҳои зиёд чандин шоирону нависандагон тарбият ёфта, маҳорати суханварӣ касб намудаанд. Берун аз донишгоҳ дар хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ ва дертар дар идораи рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” низ аҳли илму адаб ҷамъ меоянд.  
Маҳфил кори худро дар пояи низоми муайян пеш мебарад. Дар ин низом мароми кори маҳфил ифода ёфтааст ва мутобиқи он ҳадафи асосии маҳфили адабӣ муаррифии осори шоирону адибони тоҷики вилоят, тарбияи эҷодкорони наврас, фаъол намудани қувваҳои эҷодӣ, баргузории ҷашнвораҳои адабӣ, тақвият додани робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек, инчунин ба роҳ гузоштани мулоқоти адабиётҳои ҳамзабон ва умуман бо кӯмаки нерӯҳои офаранда дар муҳити фарҳангии Ӯзбекистон пойдор намудани муҳити илмию адабии миллӣ ба ҳисоб меравад. Умед аст, ки дар оянда ҳамоиши эҷодкорони мо барои ба амал пайвастани ҳамин маромҳои нек хидмат мекунад.
Инак, тасмим гирифтем, ки баъзе аз намунаҳои осори пайвастагони маҳфили «Қофилаи Рӯдакӣ»-ро барои хонандагони мӯҳтарами рӯзнома пешкаш намоем. 

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: