Сирри ҷавон мондан
Сирри ҷавон мондан
Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Ҷорҷия муайян кардаанд, ки занон бинобар рӯҳафтодагӣ аз норасоии маблағ тезтар пир мешаванд. Таҳқиқот оиди ин мавзӯъ дар Sciencealent ба табъ расидааст.
Мутахассисон нишондиҳандаҳои 100 бонуи афроамрикоии синни миёнаро бо усули омӯзиши ДНК-маркерҳои онҳо таҳлил карданд. Дар натиҷа, ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои асосии пиршавии бемаҳал мушкилоти молиявӣ мебошад.
Занҳое, ки моҳе бештар аз 4 ҳазор доллар маблағ ба даст меоранд, дар 68 дарсади ҳолатҳо ба пиршавӣ мувоҷеҳанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 70 дарсади занони даромадҳояшон аз 15 ҳазор доллар зиёд, дертар пир мешаванд. Зимнан он намояндагони ҷинси латиф зуд пир мешаванд, ки натанҳо музди кам мегиранд, балки даромади доимӣ надоранд. Онҳо нисбат ба ҳамсолони худ 5-6 сол калонсолтар менамоянд.
Бо назардошти ин, донистани сирри ҷавонӣ хеле осон аст – даромади зиёд ва устувор.
Чанде пеш олимони канадаӣ муайян кардаанд, ки сирри дер ҷавон мондан дар варзиш аст. Тибқи маълумоти онҳо, пиршавии мушакҳои одамони миёнсоле, ки аз ҷавонӣ бо варзиш сарукор доштанд, суст ҷараён мегирад. Олимон итминон доранд, ки ба он истеъмоли рӯғани моҳӣ низ илова шавад, ин таъсир назаррас хоҳад буд.
Доир ба парашют
Идеяи сохтани парашют ба Леонардо-да-Винчи марбут аст. Ӯ ҳанӯз соли 1483 нусхаи пирамидашакли парашютро тарҳрезӣ намуда, чунин гуфта буд: «Агар одам чодаре аз матои канабии крахмалзада ба андозаи арзу баландии 12 оринҷ дошта бошад, метавонад аз баландии зиёд худро бе ягон хатар ҳаво диҳад».
Андозаи парашюти Леонардо 60 метри мураббаъ – ин қариб монанд ба нусхаи парашюти ҳозиразамон мебошад. Он замон бинобар набудани зарурат ин парашютро то ба охир такмил надоданд. Дертар А. Николаси англис исбот намуд, ки моҳияти тарҳи парашюти сохтаи Да-Винчи дар қиёс аз парашютҳои муосир камтар нест. Аз ин рӯ, тибқи нақшаи ихтироъкори бузург парашюте омода кард ва бо он парвозу фуруди муваффақро анҷом дод.
Бахти модарӣ дар синни 70
Сокини шаҳри Музаффарнагари Ҳиндустон Омкари Панвар бузургсолтарин модари дунё ба шумор меравад.
Ӯ моҳи июли соли 2008 дар синни 70 ду фарзанд: як духтару як писар ба дунё овард. Таваллуди тифлакон бо роҳи ҷарроҳӣ сурат гирифта, вазни ҳар кадоми онҳо 900 граммро ташкил медод. Пеш аз таваллуди дугоникҳо оилаи онҳо соҳиби 2 духтару ду набера буд, вале бисёр мехостанд, ки писаре дошта бошанд.
Бино ба матолиби Интернет таҳия гардид.
НАВРӮЗ ВА ОЛАМ
Ҷашни Наврӯз, мисле ки он қадар қадимӣ аст, дар минтақаву мардумони гуногунфарҳанг таҷлилаш низ рангоранг мебошад. Тавре ки маълум аст, онро ба ғайр аз мардуми Аҷам ва намояндагони фарҳанги эронӣ дигар мардумон низ ҷашн мегиранд.
Фаразан туркҳо ду-се ҳафта қабл аз ҷашн ба тантана омодагӣ мегиранд. Дар суфраи идонаи онҳо ғайр аз гандуми сабз тухмҳои ранга ва шириниву суманак низ бояд бошад. Ин мардум ҳангоми Наврӯз ашёҳоеро фаро меоранд, ки саломатӣ, тавфиқ, бахт ва дарозумрӣ меоранд, ки онҳо аз ҷумлаи ҷав, шароб ва сикка мебошанд.
Агарчи Наврӯз аз соли 1925 то соли 1991 дар Туркия расман манъ гаштааст, онро ҳоло рӯзҳои 22-23 март ҷашн менамоянд.
Озариҳо бошанд, дар ин ҷашн ба рамзҳо эътибори зиёд медиҳанд, ки инҳо аз унсурҳои табиат – об, оташ, хок ва ҳаво иборатанд ва ин унсурҳоро ҳар чор сешанбеи пеш аз ҷашн таҷассумгаранд.
Ҷашни курдҳои Эрону Ироқ ба ҳам хеле шабоҳат доранд. Суфраи идонаи онҳо «Ҳафт син» ном дошта, онро бо ҳафт ашё ва ё анвои хӯрокае оро медиҳанд, ки бо ҳарфҳои «син» оғоз меёбанд. Ба рӯи суфра инчунин оина гузошта шуда, шамъ бинобар теъдоди аъзои оила равшан карда мешавад. Ин шамъҳоро ҳаргиз набояд хомӯш кард ва онҳо бояд сӯхта тамом шаванд.
Дар музофотҳои ғарбии Чин онро натанҳо мардумони туркнажод, балки худи чиноиҳо низ ҷашн менамоянд. Мардум либоси фохира ва ҷилодор ба бар намуда (дар сурат), гул гирифта ба маъбадҳо мераванд. Онҳо бо худ инчунин бутҳои гилини говмешро, ки дар Чин рамзи Наврӯз ба шумор меравад, мегиранд. Говмеши асосии ҷашн аз бамбук ва коғазҳои рангаи сиёҳ, сафед, сурх, сабз ва зард сохта мешавад. Ин рангҳо рамзи оташ, об, филиз, дарахту замин мебошанд. Ин бутҳои гилин дар наздикии маъбад гузошта шуда, говмеши бамбукӣ сӯхта мешавад.
Мусалмонҳои Ҳинд соли навро 21 март – рӯзи баробарии шабу рӯз ҷашн менамоянд. Онҳо Наврӯзро дар давраи оила ва рӯзона пешвоз мегиранд. Мардуми шимоли кишвар ба худ рангҳо мезананд, дар ҷануб бошад, ба рӯи лаълии махсус ширинӣ ва ҳадяҳо мегузоранд. Дар онҳо низ гулхани калон оташ додан анъана мебошад ва тавре ки ҳиндуён эътиқод доранд, дуди он тамоми нобарориҳои соли гузаштаро бо худ мебарад.