ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо  ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Қути ҷон» ниҳодем ва онро ҳамроҳ бо шарҳи фолаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат»-и баҳорона  манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем. 

ҚУТИ ҶОН

Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст,
Ё раб, ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст.

То ба гесӯйи ту дасти носазоён кам расад,
Ҳар диле аз ҳалқае дар зикри «Ё раб! Ё раб» аст.

Куштаи чоҳи занахдони туам, к-аз ҳар тараф,
Сад ҳазораш гардани ҷон зери тавқи ғабғаб аст.

Шаҳсавори ман, ки маҳ оинадори рӯйи ӯст,
Тоҷи хуршеди баландаш хоки наъли маркаб аст.

Тоби хай бар оразаш бин, к-офтоби гармрав
Дар ҳавои он арақ, то ҳаст, ҳар рӯзаш таб аст.

Оби ҳайвонаш зи минқори балоғат мечакад,
Зоғи килки ман, ба ном эзид, чӣ олимашраб аст!

Шоҳиди мақсуд дар як қадаме аст ва бо таваккал ба худо, фақат як қадами дигар то расидан ба мурод боқист. Касе, ки ҳимояти худоро металабад, набояд нигарони нокомӣ бошад. Аз таънаи ҳасудон маранҷ ва дар коре, ки мекунӣ устувор бош ва дил қавӣ дор. Душманонро дасти кам магир. 

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: