Дар даҳсолаҳои охир то андозае паст рафтани маданияти сухани тоҷикӣ боиси ташвиши забоншиносони маъруф гардид, чунки унсурҳои номатлуб натанҳо дар таркиби луғавии забон падид омаданд, балки дар сохти грамматикии он низ пайдо шуданд.
Дар даҳсолаҳои охир то андозае паст рафтани маданияти сухани тоҷикӣ боиси ташвиши забоншиносони маъруф гардид, чунки унсурҳои номатлуб натанҳо дар таркиби луғавии забон падид омаданд, балки дар сохти грамматикии он низ пайдо шуданд. Ба ин маънӣ узви пайвастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров чунин иброз намудаанд: “Бо қатъияти тамом бояд гӯем, ки маданияти сухани тоҷикӣ дар ягон давру замон чун имрӯз паст нарафта буд” (М. Шукуров. Забони мо ҳастии мост. Душанбе: Маориф, 1991. С. 81).
Мусаллам аст, ки дар роҳи ба асолати худ наздик намудани забони адабии ҳозираи тоҷик тадқиқи забон ва услуби асарҳои бадеии нигорандагони суханвар яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад, зеро адибон устодони каломи бадеӣ буда, ба халқ ҳамаи тароват ва ҳусни забонро нишон медиҳанд. Ба хусус, омӯхтани забон ва услуби асарҳои адибони классикии тоҷик аҳамияти аввалиндараҷа дорад, ки ин маънӣ дар навиштаҳои бузургони сухансанҷи тоҷик борҳо таъкид гаштааст.
Ин ҷо перомуни забон ва услуби як ғазали Хоҷа Камоли Хуҷандӣ изҳори андеша намуда, гумони онро дорем, ки то андозае манзури аҳли илму адаб хоҳад гашт.
Маълум аст, ки оҳанги нутқ дар услуби бадеӣ равшану ҳамаҷониба падид меояд, бинобар ин, назокату гӯшнавозии пораи нутқ чӣ қадар зиёд бошад, изҳори овозии фикр ҳамон қадар табиӣ, равон ва дилнишин мегардад. Сактаву дуруштӣ, калимаҳои дағал, таркибҳои нораво, норавшании ибораву ҷумла қироати матнро душвор, қувваи таъсиргузаронии онро сусту заиф менамояд, ки ин боиси зуҳури муғлақбаёнӣ мегардад. Ин буд, ки нигорандагон ба мақсади гӯшнавозу таъсирбахш шудан, таъмини хушоҳангию мусиқияти баён ва беҳбудии ҷанбаи эҳсосии сухан аз услубиёти фонетикӣ бархурдор гаштаанд.
Агар ин нуқтаи назар ба як ғазали машҳури бо радифи “Гуфтам: Ба чашм” шурӯъшудаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ муроҷиат шавад, аз такрори пайвасти садоноки “а” ва ҳамсадои “р” бо нияти услубӣ ва эстетикӣ истифода бурдани адиб ба мушоҳида мерасад. Устоди каломи бадеъ бо такрори ин пайвасти овозӣ (ар) пораҳои тараннумӣ нигошта, гӯшнавозӣ ва хушоҳангии байтҳои ғазалро таъмин намудааст:
Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам
хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар.
Гуфтам: Ба чашм.
Монанди ҳамин дар байтҳои 1, 3, 5 ду калима ва дар байтҳои 2, 6 се воҳиди луғавии бо садоноки “о” ба охир расидаро овардани суханвар навои фораму гӯшнавози байтҳоро афзудааст:
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри
васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар.
Гуфтам: Ба чашм.
Бар замми такрори пайвасти овозии “ар” ва садоноки “о” ба сифати қофия интихоб шудани ин пайвасти овозӣ ва пеш аз калимаи ҳамқофия оварда шудани калимаҳое, ки бо садоноки “о” анҷом напазируфтаанд, бесабаб нест, зеро ки ин маънӣ хушоҳангӣ ва гӯшнавозии дар мисраи аввал падидомадаро дар мисраи дуюми байтҳо (1, 2, 3, 6) идома додааст:
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо
бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо
гуҳар. Гуфтам: Ба чашм.
Агар тавассути услубиёти фонетикӣ навои фораму гӯшнавоз ва назокату зебоии асари бадеӣ таъмин гардад, пуробурангу муассир, дақиқу пурра, дилчаспу образнок ва бо нозукиҳои маъноӣ баён гаштани фикр ба воҳидҳои луғавие, ки мувофиқи матлаб интихоб мегарданд, марбут аст.
Мусаллам аст, ки ба айни як маънӣ бе ҳеч гуна зарурати услубӣ дар мисраъ ё байт такроран оварда шудани як калима ҳусни баён нест. Аз ин рӯ, дар мисраи дуюми байти зерини ғазал истифода шудани муродифҳои луғавии “дида” ва “чашм” худдории нигоранда аз такрори беҷост:
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз
дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар.
Гуфтам: Ба чашм.
Вале аз силсилаи муродифҳои луғавии “пай”, “нишон”, “асар”, “нақш” интихоб гаштани “нишон” (байти 2) ба имконоти услубии ин калима вобаста аст. Азбаски нақши пой дар хоки роҳ дер барҷаста намемонад ва аз он танҳо асаре, аломате, нишоне ба назар мерасад, ҳусни таваҷҷӯҳи шоир ба калимаи “нишон” қарор гирифтааст. “Нишон” сарбории маъноӣ дошта, баробари нақши пой асари дар хок боқимондаи изи пойро низ ифода мекунад, ки дар адои ин маънӣ ба калимаи “нишон” дар байти зерин феъли “ёфтан” мусоидат намудааст:
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо
бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо
гуҳар. Гуфтам: Ба чашм.
Монанди ҳамин нигоранда дар матлаъ калимаи сермаънои “назар”-ро, ки маҷозан ба маънои чашм низ мустаъмал аст, бо мақсади худдорӣ намудан аз такрори нобарҷои “чашм” ба сифати муродифи луғавии он мавриди истифода қарор додааст. Аз ин рӯ, ба ҷойи ибораи фразеологии “чашм пӯшидан” (аз касе ё чизе даст кашидан, касе ё чизеро сарфи назар кардан) муодили он “назар пӯшидан”- ро дар шакли “пӯшон назар” нигоштааст:
Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон
назар. Гуфтам: Ба чашм,
В-он гаҳе дуздида дар мо
менигар. Гуфтам: Ба чашм.
Ибораи фразеологии “сар ниҳодан” (худро фидо кардан, фавтидан) дар байтҳои зерин дар шакли “сар хоҳӣ ниҳод” бо мақсади услубӣ корбаст шудааст, зеро ки ибораи мазкур маънии фавтиданро бо сарбории шарт ифода намудааст:
Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам
хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар.
Гуфтам: Ба чашм.
Вале ибораи фразеологии “ситора шумурдан”, ки дар шакли “ситора мешумар” истифода шудааст, бедор гузаронидани шабро бо сарбории маъноии амр ифода кардааст:
Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯйи чун
моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар.
Гуфтам: Ба чашм.
Монанди ҳамин дар шакли “барафшон гуҳар” оварда шудани ибораи фразеологии “гуҳар фишондан” (ашк рехтан) боиси он гаштааст, ки ба “ашк рехтан” тобиши маъноии амр илова гардад:
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо
бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо
гуҳар. Гуфтам: Ба чашм.
Ибораҳои фразеологӣ фикрро лучу урён ифода накарда, пуробурангию образнокии онро таъмин менамоянд. Ибораҳои фразеологӣ ба сифати воситаҳои тайёри забонӣ истифода мегарданд. Вале маҷозҳои услубӣ дар пояи қиёс аз тарафи нигоранда ба тозагӣ эҷод мегарданд. Дар ғазал ифодаҳои маҷозии “Биёбони ғам” – бори сангини ғам, “дами сӯзони оҳ” – оҳи пурсӯзу гудоз, “дурри васл” – гоҳи гуворои васл низ баробари таъмин намудани пуробурангию образнокии баён вазифаи муайяни услубӣ доранд. Вазифаҳои услубии ифодаҳои маҷозӣ тавсифи равшани мавсуф аст. Чунончи, “биёбони ғам” баёни ин аст, ки ғами ишқ вазнин мешавад, ё “дурри васл” тавсифи он аст, ки баъди нокомиҳо васли ёр гуворост:
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри
васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба
сар. Гуфтам: Ба чашм.
Дар ғазал калимаҳои “дарё” ва “ташнагон” низ маҷозанд. “Дарё” маънои “дурри васл”-ро бо киноя иваз намуда, лаҳзаҳои гуворои васлро ифода карда бошад, “ташнагон” ишора ба ошиқони номурод аст:
Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам
хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар.
Гуфтам: Ба чашм.
Ба сифати радифи ғазал оварда шудани таркиби “ба чашм” ҷолиб аст, зеро ки он ба 2 маънӣ: 1) Ба маънои аслӣ (бо чашм иҷро намудани амрҳои омиронаи мавсуф) 2) Ба маънои маҷозӣ (бо ҷону дил, бечуну чаро иҷро кардани амр) истифода шудааст. Ин ҷо таркиби “ба чашм” хусусияти омонимӣ пайдо намудааст, ки ин маънӣ дар илми бадеъ бо номи таҷнис маъмул аст. Хонанда маъноҳои ин радифро дарёфта аз маҳорати сухангустарии Камоли Хуҷандӣ лаззат мебарад. Ғайр аз ин, ташбеҳҳои “чу шамъ”, “чу моҳ” предметҳои мавриди тасвир қарордодаи нигорандаро барҷастатар ва ҷараёни иҷрои амалу сифати онҳоро пурратар ба тасвир медиҳанд. Ин ташбеҳҳо низ образнокию таъсирбахшии баёнро таъмин намуда, ба ҳиссиёти хонанда таъсир мерасонанд:
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами
сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар.
Гуфтам: Ба чашм.
Маълум аст, ки бо ҷонишинҳои шахсии “ман” ва “мо” шахсони гӯянда ифода мегарданд. Гоҳо ҷонишини шахси якуми ҷамъ – “мо” бар ивази ҷонишини шахси якуми танҳо – “ман” истифода мегардад. Дар ин маврид “мо” хусусияти услубӣ пайдо карда, мутакаллимро (“ман”-ро) бо арзи фурӯтанию хоксорӣ ифода менамояд. Ин маънӣ ба услуби илмӣ хос бошад ҳам, адибон аз ин воситаи услубӣ бархурдор гаштаанд. Дар ғазали мазкур Камоли Хуҷандӣ ҷонишини “мо”-ро ба маънии фавқуззикр панҷ маротиба такроран овардааст. “Мо” дар ин ғазал на танҳо фурӯтании нигорандаро ифода намудааст, балки ин ҷонишин вазифаи таъкидро низ ба ӯҳда гирифтааст. Такроран оварда шудани он низ далели ин маънист:
Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар.
Гуфтам: Ба чашм,
В он гаҳе дуздида дар мо менигар.
Гуфтам: Ба чашм.
Дар байти зерини ғазал бандакҷонишини -аш бо феъли “сохтан” дар шакли “месозаш” оварда шудааст. Дар ин мавриди истифода “аш” вазифаи пуркунандаи бевоситаро (вайро) иҷро кардааст, ки аз ин тарзи баён муъҷаз гаштааст:
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами
сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар.
Гуфтам: Ба чашм.
Ба аз феъли “гуфтан”, ки дар шаклҳои “гуфт” ва “гуфтам” дар ҳар байт такроран оварда шудааст, дар ғазал 12 феъл истифода гаштааст, ки аз онҳо 7 феъл мутааллиқи сиғаи амр аст. Аз феълҳои амр танҳо “пӯшон” бо пешванд, феълҳои дигар бо пешвандҳои бар- (барфишон), би- бу- (бипаймо, бубар) ва ме- (менигар, месоз, мешумар) мавриди истифода қарор гирифтаанд. Пешвандҳои мазкур бо феълҳои фармоиш (фишон, паймо, бар, нигар, соз, шумар) омадаанд, ки ин маънӣ боиси ба таври қатъӣ ва омирона ифода гаштани амри мавсуф шудааст:
Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯйи чун
моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар.
Гуфтам: Ба чашм.
Дар ғазал пешоянди “то” яке аз вазифаҳои муқаррариаш – ифодаи интиҳоро иҷро намудааст, вале пешоянди “дар” дар адои вазифа (ифодаи сӯйи амал) пешоянди “ба”- ро иваз кардааст (В-он гаҳе дуздида дар мо менигар. Гуфтам: Ба чашм). Монанди ҳамин, пешоянди “бар” ифодаи маконро, ки яке аз вазифаҳои пешоянди “дар” аст, бо тобиши маъноии сатҳ (болои хок) ба ӯҳда гирифтааст (Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хоки роҳ).
Ин ғазал аз матлаъ то мақтаъ аз нутқи айнаннақлшудае, ки амри омиронаи мавсуф ва ҷавоби фурӯтанонаи қаҳрамони лирикиро дар бар мегирад, иборат аст. Ғайр аз ин матлаъ (агар калимаи “гуфт” ва радифи ғазал “Гуфтам: Ба чашм” қатъи назар шавад), байтҳои дигари ғазал аз ҷумлаи мураккаби тобеи пайвандакдоре бандубаст гаштаанд, ки дар онҳо ҷумлаи пайрави шарт тавассути пайвандаки “агар” ба сарҷумла алоқаманд шудааст.
Ин ҷо қайд бояд кард, ки дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки бо ҷумлаҳои пайрави шарт ташкил ёфтаанд, хабари ҷумлаи пайрав одатан бо сиғаи шартӣ – хоҳишмандӣ, вале сарҷумла бо сиғаи хабарӣ ифода мегардад. Бо як шакли феълӣ – замони гузаштаи ҳикоягӣ (сиғаи хабарӣ) омадани хабарҳои ҷумлаи пайрави шарт ва сарҷумла аҳёнан ба назар мерасад (Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1989, с.80).
Дар ин ғазали Камоли Хуҷандӣ дар ҳамаи 5 байти мутазаккира хабари ҷумлаи пайрави шарт бо сиғаи шартӣ – хоҳишмандӣ (ёбӣ, хоҳӣ, ниҳод (ниҳодан хоҳӣ), хушк гардад, ҷудо гардӣ, хаёл дорӣ) ифода гашта, хабари сарҷумла бо сиғаи амр (барфишон, бубар, месоз, мешумар, бипаймо) омадааст. Азбаски нигоранда амри омиронаи мавсуфро (сарҷумла) бо шарти гузоштаи ӯ (ҷумлаи пайрав) дар як ҷумлаи мураккаби тобеъ овардааст, имкони бо сиғаи амр ифода гаштани хабари сарҷумла фароҳам омадааст:
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли
мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар.
Гуфтам: Ба чашм.
Аз байтҳои мазкур пайвандаки “агар”-ро фурӯгузор кунем, дар ҷумлаҳои пайрави шарт тобишҳои маънои замон (2, 4, 5) ва сабаб (3, 6) падид меоянд. Чунончи, ҳангоми аз мисраи аввали байти зерин фурӯгузор шудани ин пайвандак тобиши маънои забонӣ назар ба маънои шарт бартарӣ пайдо мекунад:
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами
сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар.
Гуфтам: Ба чашм.
Бо назардошти ин маънӣ нигоранда пайвандаки “агар”-ро бо мақсади таъкиди шарт будани гуфтаҳои мавсуф дар ҳамаи 5 байт такроран овардааст.
Ногуфта намонад, ки дар ҳамаи байтҳои ғазал дар байни шартҳои гузоштаю амри омиронаи мавсуф, ки баъд аз калимаи “гуфт” оварда мешавад ва ҷавоби хеле хоксорона гуфтаи қаҳрамони лирикӣ, ки аз калимаи “гуфтам” воқеъ мегардад, як навъ муносибати хилофи якдигар ба назар мерасад, яъне, аз як тараф, шарти хеле сангину амри омирона, аз ҷониби дигар, ҷавоби фурӯтанона (ба чашм). Ин маънӣ чун воситаи муаассир ба ҳиссиёти хонанда ё шунаванда таъсир мекунад. Дар натиҷа агар аз гуфтаҳои мутакаббиронаи мавсуф норизоӣ падид ояд, аз ҷавоби шикастанафсонаи қаҳрамони лирикӣ ҳисси тараҳҳум бедор мегардад:
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами
сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар.
Гуфтам: Ба чашм.
Ҳамин тавр, аз истифодаи устодонаи воситаҳои забонӣ ва услубие, ки сар то пойи забони ин ғазалро фаро гирифтааст, салосат ва балоғати сухани нигоранда зоҳир мегардад.
Малик КАБИРОВ,
номзади улуми филология.