АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ

Зиҳнок деҳаест дар бағали кӯҳҳо.

Зиҳнок деҳаест дар бағали кӯҳҳо. Онро аз самти шарқу ғарб талу теппаҳои на он қадар баланд, ки то солҳои 20-уми асри гузашта роҳ ба сӯи Нурато аз он ҷо мегузашт, аз самти шимол бошад, қуллаҳои сар ба фалак кашидаи Пиронато, Гаҳворабандон иҳота кардаанд. Дар самти ҷануб новаи дарозе ҳаст, ки тавассути он роҳ ба сӯйи Ҷӯш (ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд) мебарад. Дар ҷанубу ғарбии деҳа — болои кӯҳ қалъаи қадимаи вайрона бо номи Офатқӯрғон мавҷуд аст, ки шаҳодатномаи таърихи қадимаи Зиҳнок мебошад. 
Панҷ ё шаш сола будам. Аз ҳамин деҳаи зебоманзар, ки он ҷо ҳамагӣ се хонавода зиндагӣ доштанд, харсавор ҷониби деҳаи навбунёди Сойихурд равона шудам. Аз қабристони паҳнои Зиҳнок гузашта, ба ағбаи Шибдорак расидам. Кӯҳҳои самти ҷануби роҳи пиёдагард аз талу тепаҳои хокӣ, ҷониби шимол аз сангҳои паҳною харсангҳои азим иборат буд. Ҷо-ҷо буттаю дарахтони бодоми талх ба назар мерасид. 
Кунҷковона ба ҳар сӯй назар меафкандам. Аз ҳар тараф хониши кабк ба гӯш мерасид. Рӯбоҳе роҳамро бурида гузашт. Он ҷонвари думдарозро то аз назар ғойиб шуданаш тамошо кардам. Ногоҳ чашмам ба ду гӯсфанди кӯҳӣ (дар шева ғурм мегӯянд) расид, ки болои харсанги паҳно бовиқор, гӯё худро ба намоиш гузошта бошанд, меистоданд. Ҳар ду шохҳои дарози печ дар печ доштанд. Дар назари мани кӯдак онҳо ҳусни кӯҳистон буданд. Аз байн беш аз ним аср гузашта бошад ҳам ҳамааш дар хотираам нақш бастааст. Баъдан ғурмро ҷуз аз оинаи нилгун бо чашми худ надидаам. 
Ба Шибдорак расидам. Ин манзил зиёда аз 80 дарахти тут дорад. Чашмааш дарахтонро бо об таъмин мекунад. Замоне ин ҷо ба чорвопарварӣ машғул будаанд. Аз сари чашма селаи кабкҳо ба ду самт парвоз карданд. Ин ҷо бодоми талху буттаҳои гуногун зиёданд. Бодомҳо саросари кӯҳсорро фаро гирифтаанд. 
Чун аз тутзор гузаштам, хар гӯшҳояшро сих карда, аз чизе рамид. Аз зери буттаи хор галаи хукҳои ёбоӣ рӯ ба фирор оварданд. Манзарае буд тамошобоб, ба хусус ба кӯдаки панҷ-шашсола. То ба Сариоб расидан боз ду бор селаи хукҳои ёбоиро мушоҳида намудам... 
Сариоб бузургтарин деҳа будааст дар ин сойи дароз. Хонаю ҳавлиҳои вайрона шаҳодати таърихи қадимаи онанд. Хонаҳо тарзе бунёд ёфтаанд, ки қатори онҳоро танҳо кӯчаҳо аз ҳам ҷудо мекунанд. Гӯё шаҳраке он ҷо будааст. Ду чашма дорад. Ҷойи масҷиди ҷомеъ ва ҳафт санги мармари зери сутунҳо боқӣ мондаанд. Боғу заминҳои корам дар поёнтари деҳа воқеъ будаанд. Дарахтони зардолу, чормағз, себу олу ва ғайра ҳастанд. Вале дар ин ҷо имрӯз касе муқимӣ зиндагӣ намекунад. Солҳои 40-50-уми асри гузашта аксари аҳолии деҳа ба вилояти Сирдарё ва воҳаҳои дигар кӯч бастаанд. Аз онҳо заминҳои сердору дарахт мерос мондааст. 
Ҳамин тавр ҳашт деҳаи қадимаи вайрона ва шаш қабристонро паси сар намудам. Падарам нақл мекарданд, ки то солҳои 50-уми асри гузашта дар саҳроҳои Қизилқум гала-гала оҳувон мечариданд. Баъд ин ҷонварони зебои зеби табиат маҳв карда шуданд. 
– Дар як шабонарӯз то 50 сар оҳуро шикор мекарданд,   — мегуфт падарам. 
Ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ ба тамошои деҳаи қадимаи бобоӣ – Зиҳнок меравам. Он ҷо имрӯз касе муқимӣ нест. Ду-се оила фасли тобистону тирамоҳ мавсимӣ зиндагӣ мекунанд. Дар деҳаи қадима, ки ду сойи калон ва боғоти обод дорад, одамон боғдорӣ мекунанд ва чорвои худро мепарваранд. Аз гусфандҳои кӯҳию хукҳои ёбоӣ нишоне намондааст. Баъзан аз дури дурҳо хониши кабк ба гӯш мерасад.  
Боғҳои Сариобу Дараи Уштуриро низ мардум соҳибӣ намуда, хеле обод кардаанд. Дар ин ҷо дарахтони мевадор парварида, ҳосили хуб мегиранд. Вале таассуф, ки аз он таровату ҷолибияти олами кӯҳистону дараҳо асаре нест. Ба гуфтаи ҳолдонҳо имрӯз сайёдон чӯҷаи нав аз тухм баромадаи кабкро ҳам шикор мекунанд. 
Ҳа, ҳоло сафи шикориёни ҳуҷҷатдору беҳуҷҷат хеле афзудааст. Касе ба қонуну қоидаҳои шикор – мавсими он, миқдори ҷонварони шикорошаванда риоя намекунад. Мо, одамон имрӯз олами зиндаи табиатро ба нестӣ мебарем. Фарзандони мо аз тамошои ин олам бебаҳраанд. Фаромӯш кардаем, ки он модари мост.  
Аз мост, ки бар мост  — гуфтаанд. Мабодо, ки табиат низ аз мо қасди худро бигирад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: