Вобаста ба талаботи давру замон дар ҳамаи соҳаҳо пешравии наву тоза рух медиҳанд.
Вобаста ба талаботи давру замон дар ҳамаи соҳаҳо пешравии наву тоза рух медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи таълиму тарбия ҳам як қатор чорабиниҳои муҳим андешида мешаванд, то ки сифати таълим беҳбуд ёбад.
Аз ҷониби Президент ва Вазорати таълими ҷумҳурӣ барои пеш бурдани савияи дониши хонандагон, инчунин тайёр намудани мутахассисони хуб ғамхориҳо карда мешаванд. Мувофиқи талаботи имрӯз аз омӯзгорон тақозо мегардад, ки бо роҳу усулҳои гуногуни педагогӣ ва тарзу равиши анъанавию ноанъанавӣ ба шогирдон илм омӯзонанд. То ки дар оянда онҳо барои пеш бурдани ҳаёт ва сохтани Ӯзбекистони нав саҳми арзанда гузоранд. Ҳамчун омӯзгор хостам, ки як соат дарси забони тоҷикиро бо усули ноанъанавӣ манзури устодону ҳамкасбони худ кунам.
Талаботи имрӯзаи таълим моро водор сохта истодааст, ки аз технологияи замонавӣ самаранок истифода бурда, ба шогирдон илму маърифат диҳем, то шавқи онҳо нисбат ба илму фарҳанг афзун гардад. Барои ин як лаҳзаи сабақро дар ҷараёни дарс мебинем.
Муаллим ба хонандагон муроҷиат карда мегӯяд:
Бачаҳо, инкишофи нутқро бо ду роҳ мегузаронем: хаттӣ ва шифоҳӣ, ки номи мавзӯъ ин аст: «Фасли дӯстдоштаи ман».
Пас аз ин муаллим ё ба воситаи видеопроектор ва ё дар коғазҳои сафед алоҳида-алоҳида номи чор фасли солро менависад:
Баҳор. Тобистон. Тирамоҳ. Зимистон.
(Агар сурати манзараҳои фаслҳо бошанд, боз хуб мешавад)
Муаллим ба бачаҳо муроҷиат карда мегӯяд:
– Канӣ, бачаҳо, гӯед-чӣ, шумо кадоме аз ин фаслҳоро дӯст медоред?
Ҳангоме ки муаллим аз бачаҳо ҷавобҳоро мешунавад, бояд бо тезӣ ба ҳар як фасл рақам гузорад, ки кадом фаслро бештар хонандагон дӯст медоранд. Аллакай дар ҳамин ҷо як намуди бозии математикӣ баргузор мегардад ва хонандагон дар дарс фаъол иштирок мекунанд.
Муаллим ба хонандагон супориш медиҳад, ки дар бораи фасли дӯстдоштаашон матни эҷодӣ нависанд ва барои ин вақтро муайян мекунад.
Хонандагон бо завқ ба навиштани матни эҷодӣ машғул мешаванд. Вақти гузошташуда ба охир, ки расид, муаллим мегӯяд:
– Бачаҳо, вақти мо ба охир расид.
Дар ҳамин ҳангом хонандагони гурӯҳҳо даст бардошта, мунтазири амри муаллим мешаванд. Муаллим аз чор гурӯҳ чор нафар хонандаро ба назди тахтаи синф мебарорад. Хонандагон дар тахтаи синф навиштаҳои худро мехонанд, хонандагони дигар гӯш андохта, дар охир фикрҳои худро баён мекунанд. Агар хонандагон камбудиҳоро ёфта натавонанд, муаллим ба шогирдон ёрӣ расонида, камбудияшонро бартараф мекунонад.
Пас аз ин муаллим ба хонандагон аз рӯи талаботи дарс амал карда, онҳоро вазифадор мекунад, ки аз дохили матнҳояшон ҷумлаҳои оид ба мавзӯъ мувофиқашро дар алоҳидагӣ навишта,таҳлили синтаксисӣ намоянд, яъне саръазоҳои ҷумларо дарёфт кунанд. Муаллим кори шогирдонро назорат карда меистад ва онҳо бо кӯмаки устодашон вазифаро иҷро менамоянд.
Мақсади асосии ин усул дар ҷараёни дарс аз он иборат аст, ки нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагонро инкишоф диҳем. Аз тарафи дигар, якранг нагузаштани дарс ва фаъолнокию ҳозирҷавобии талабагонро ривоҷ додан мебошад, ки ин яке аз марҳилаҳои дарс ба шумор меравад. Марҳилаи дигари дарси ба ҳамин монандро манзури омӯзгорон мекунем, ки чунин аст:
Дар дохили яке аз дарсҳо муаллим бо усули «ҳуҷуми ақлӣ» ба хонандагон ба тариқи саволу ҷавоб кор мебарад. Вай ба хонандагон муроҷиат карда мегӯяд:
– Канӣ, бачаҳо, гӯед-чӣ, ҳозир кадом фасл аст?
– Ҳозир фасли баҳор аст.
– Шумо фасли баҳорро дӯст медоред?
– Бале, мо фасли баҳорро хеле дӯст медорем.
Пас аз ин лаҳза муаллим ба воситаи видеонавор ва компутер ба экран номи мавзӯъро мебарорад:
БАҲОРИ СЕҲРНОК
Хонандагон мавзӯъро хонда, фикр мекунанд, ки баҳор чӣ гуна фасли сеҳрнок аст.
Муаллим мегӯяд:
– Бачаҳо, номи мавзӯъ ба шумо маълум шуд, акнун саволномаҳоро дар экран дида, аз рӯи онҳо кор мекунед.
С А В О Л Н О М А:
1. Аз чӣ сабаб фаслҳо тағйир меёбанд?
2. Сабаби кӯтоҳ шудани рӯз дар чист?
3. Дарозу кӯтоҳ шудани шабу рӯзро кӣ дидааст?
4. Сабаби сабзгун шудани кӯҳу дашт дар чист?
5. Кадом вақт шумо акси ин манзараро мушоҳида кардаед?
Муаллим ба хонандагон ёдрас менамояд, ки онҳо аз ҳодисаҳои физикӣ, табиӣ бохабаранд, барои ҳамин ҷавобҳои аниқу равшан тайёр кунанд.
Хонандагон метавонанд бо хоҳиши худ бо ду роҳ: хаттӣ ва даҳонӣ фикрашонро баён намоянд. Мақсад ин аст, ки нутқи даҳонӣ ва хаттии хонандагон инкишоф ёбад. Ҳангоме ки фикрҳои хонандагон бо ду роҳ шунида мешавад, муаллим дар охир камбудии онҳоро мегӯяд.
Муаллим хонандагонро вазифадор месозад, ки аз таркиби матнашон ҷумлаҳоро ҷудо карда нависанд ва аъзои пайрави ҷумларо дарёфт намоянд.
Омӯзгор пеш аз додани супориши хонагӣ гурӯҳи фаъолро эълон мекунад. Ва ба фаъолон баҳо мегузорад. Ба шогирдоне, ки нисбатан суст иштирок карданд, минбаъд мисли дӯстонашон фаъол буданро таъкид мекунад. Пас аз ин муаллим ба хонандагон вазифаи хонагӣ месупорад.
Бояд гуфт, ки муаллим метавонад инкишофи нутқро бо мавзӯъҳои гуногуни шавқовар гузарад.
Ба фикрам, фаъолнокии хонандагон вусъат ёфта, доираи ҷаҳонбинии онҳо бештар мешавад. Чи хеле ки дар боло гуфтем, ҳар як дарс вобастакунӣ дорад. Агар дарси муаллим ба фанҳои дигар вобаста нашуд, он дарс маъно пайдо намекунад. Аз ин хотир, барои пуробуранг баромадани мавзӯъ ва дар шуури хонандагон ҷой намудани дониш муаллими фан бояд аз методҳои гуногун, инчунин аз технологияи замонавӣ самаранок истифода барад.
Шароити имрӯзаи таълим аз мо талаб менамояд, ки ба дарсҳо бефарқ набошем, ҳамеша роҳ ва усулҳои нав ба навро ҷустуҷӯ кунем. Талаботи имрӯзаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол маҳз аз иҷрои ҳамин вазифаҳо иборат аст.
Яъне:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Мӯъмин МАҲМАДИЕВ,
муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.