дар бораи ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон
дар бораи ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Чи хеле ки хабар доред, 23-24 апрел дар Тошканд ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва инчунин кормандони ВАО ширкат варзиданд.
Ҷамъомади умумиро Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбаева бурд.
Рафти баррасии масъалаҳои ҷамъомади умумӣ тавассути вебсайти расмии Сенат ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ мустақиман пахш карда шуд.
Аввал сенаторҳо Қонун «Дар бораи чораҳои таъмин намудани аҳолӣ бо баъзе намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро муҳокима карданд. Ҳадафи ин қонун кафолати ниёзҳои аҳолии ҷумҳурӣ бо навъҳои асосии маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо дар давраи пандемияи ҷаҳонии коронавирус мебошад.
Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки нишондиҳандаҳои манфии нархи тухми офтобпараст ва равғане, ки дар бозорҳои хориҷӣ ташаккул меёбад, ба нарх ва вазъи иҷтимоӣ дар бозори дохилии кишвари мо низ таъсир мерасонанд.
Ин ҳам аз он дида мешавад, ки тақрибан нисфи талаботи миёнаи солонаи равғани растанӣ дар бозори истеъмолии мамлакати мо дар ҳаҷми 460 ҳазор тонна аз ҳисоби воридот пӯшонида мешавад.
Маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ инчунин қайд мекунад, ки моҳи марти соли 2021 нархҳои миёнаи равғани растанӣ дар ҷаҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 фоиз ва дар муқоиса бо аввали соли равон — 21 фоиз афзоиш ёфтанд.
70 фоизи равғани офтобпараст ба кишвари мо аз Федератсияи Русия ворид карда мешавад. Агар арзиши як тонна равғани офтобпараст дар Русия дар моҳи декабри соли 2020 ба ҳисоби миёна 900 долларро ташкил дода бошад, пас дар моҳи марти соли 2021 он то ба 1250 доллар ё 39 фоиз қимат шудааст.
Дар баробари ин, Русия тасмим гирифтааст, ки аз 1 сентябри соли равон барои содироти равғани офтобпараст барои як сол боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунад.
Дар натиҷаи ин тағйирот, соли гузашта нархи равғани офтобпараст дар кишвари мо ба ҳисоби миёна 38 фоиз боло рафт.
Бо мақсади пешгирии болоравии шадиди нархи равғани растанӣ дар бозори дохилии мамлакати мо, қонуни мазкур ба Кодекси андоз тағйирот ворид мекунад, ки мувофиқи он аз 1 май то 31 декабри соли 2021 инҳо аз андози арзиши иловагӣ озод карда мешаванд:
ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид кардани равғани растанӣ, тухми офтобпараст ва зағир, инчунин лӯбиё;
гардиш барои истеҳсол ва (ё) фурӯши равғани растанӣ.
Ғайр аз ин, қонуни мазкур боҷҳои гумрукии содиротиро барои баъзе намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ аз 1 май то 31 декабри соли 2021 ҷорӣ мекунад.
Интизор меравад, ки бо тасвиби ин қонун, назорати қатъии кишти зироатҳои равғанӣ ба роҳ монда шавад.
Ин қонун аз ҷониби сенаторҳо тасдиқ карда шуд.
Сипас масъалаи дар ҳудуди шаҳри Намангони вилояти Намангон таъсис додани ноҳияи Янги Намангон баррасӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки ислоҳоти пай дар пай оид ба рушди кишвар барои тағйироти азим дар вилояти Намангон низ замина фароҳам овард. Дар шаҳру ноҳияҳо корҳои созанда ва лоиҳаҳои сармоягузории умедбахш амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар вилоят дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 4,8 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,8 фоиз афзудааст. Дар ин маврид субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, ки дар вилоят фаъолият мекунанд, нақши махсус доранд.
18-19 феврали соли равон сарвари давлат ба мақсади шинос шудан бо корҳои созандагиву ободонии дар маҳалҳо татбиқшуда, ҷараёни ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин мулоқот оростан бо мардум ба вилояти Намангон ташриф овард.
Ташаббуси таъсиси ноҳияи Янги Намангон дар ҳудуди шаҳри Намангони вилояти Намангон низ дар ин сафар ба миён гузошта шуда буд. Ҳалли мусбати ин масъала яке аз омилҳои муҳими татбиқи пурраи барномаҳои маҳаллӣ хоҳад шуд, ки бо назардошти хусусиятҳои қаламрав тасдиқ карда шудаанд.
Сипас, натиҷаҳои омӯзиши қарори Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Уйчӣ аз 13 январи соли 2021 № 86/22-06 «Дар бораи таҷдиди назар кардани қарорҳои ҳокими ноҳияи Уйчӣ №217 аз 12 марти соли 2012 , №1140 аз 19 ноябри соли 2015, Шӯрои ноҳиявии вакилони халқ №14/03-06 аз 20 марти соли 2020, ҳокими ноҳия № 222 аз 25 марти соли 2020» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сипас, натиҷаҳои дархости парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ фиристода шудааст, муҳокима карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар иҷрои масъалаҳое, ки дар дархости парлумонӣ гузошта шудаанд, Девони Вазирон аз 23 декабри соли 2020 «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсия» қарор қабул кард ва корҳои дахлдор идома доранд.
Аз ҷумла, қайд шуд, ки бо қарор «Харитаи роҳ» оид ба рушди хидматрасониҳо барои таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсия ва тартиби ташаккул ва тақсимоти маблағҳои ташкилотҳои обтаъминкунӣ, ки ба низоми ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» дохил карда шудаанд, тасдиқ карда шудааст.
Дар «Харитаи роҳ» чунин вазифаҳо, аз қабили таҳлили сатҳи тозакунии об дар иншооти канализатсия, ки соли 2017 дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) ба истифода дода шудаанд, тартиб додани хулосаҳо оид ба лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ татбиқ шуда, таҳти кафолати ҳукумат ҷалб карда шудааст, муайян шуданд.
Сипас натиҷаҳои дархости парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи шароите, ки барои рушди соҳибкории занон фароҳам оварда шудаанд, ирсол гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд карда шуд, ки Девони Вазирон оид ба иҷрои масъалаҳои дар дархости парлумон гузошташуда тадбирҳои махсус андешидааст, дар самти рушди соҳибкории занон, содагардонии қарзҳо, ташкили семинарҳои омӯзишии доимӣ оид ба мустаҳкам кардани дониш ва малакаи занон дар соҳаи соҳибкорӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо, амалӣ намудани корҳои зарурӣ ва мақсаднок тавассути омӯзиши фаъолияти занони соҳибкоре, ки фаъолияташонро қатъ кардаанд, корҳои муайян анҷом дода мешаванд.
Зикр гардид, ки имрӯз низоми ягонаи соҳибкории занон бо номи «Маҳалла – ноҳия (шаҳр) – вилоят – ҷумҳурӣ» оғоз ёфт.
Сипас, натиҷаҳои дархости парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои фаъолияти амалии иттиҳодияҳои боғдориву токпарварӣ ва такмили асосҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо фиристода шудаанд, муҳокима шуданд.
Қайд карда шуд, ки барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда миқдори муайяни корҳо анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами ҚК-179-IV аз 20 ноябри соли 2020 таҳия шудааст.
Ғайр аз он, 13 ноябри соли 2020 Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи кории ҷумҳуриявиро барои омӯзиши фаъолияти иттиҳодияҳои боғу токпарварӣ, муайян кардани мушкилоти пайдошуда, бартараф кардани онҳо ва танзими соҳа таъсис дод.
Дар ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлис масъалаи тасдиқи баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Сенаторҳо дар бораи тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дастгирии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон, инчунин рушди минбаъдаи низоми хона-интернатҳои «Саховат» ва «Мурувват» ва «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи системаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи туризм, варзиш ва мероси фарҳангӣ» қарор қабул карданд.
Ғайр аз он, масъалаи ҳайати Комиссияи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба регламент ва ахлоқ баррасӣ шуд.
Баъзе аз аъзои Комиссияи оид ба регламент ва ахлоқ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз узвияти он хориҷ карда шуданд.
Сенаторон номзадҳоро ба ҳайати навшудаи комиссия тасдиқ карданд.
Инчунин дар маҷлис масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Аз ҷумла, бо қарори Сенат, судяҳои Суди Олӣ Нодира Алохоновна Бобохонова ва Жанагул Исмайловна Балқибоева ба муносибати ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаҳои судяи Суди олӣ озод карда шуданд.
Инчунин қарорҳои Шӯрои Сенати Олий Маҷлис низ тасдиқ карда шуданд.
Дар ҷамъомади умумӣ тӯли ду рӯз 21 масъала, аз ҷумла 8 қонун муҳокима шуд.
Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.