ЗАҲИРИДДИН МУҲАММАД БОБУР

ва саҳми ӯ дар тарбияи фарзандон

ва саҳми ӯ дар тарбияи фарзандон
Заҳириддин Муҳаммад ибни Умаршайх Мирзо, ки шахсияташ мавриди таъзиму эҳтиром қарор гирифтааст, соли 1483 дар Андиҷон дида ба дунё кушод. Падараш Умаршайх Мирзо ҳокими Фарғона ва модараш Қутлуғ Нигорхонум  духтари ҳокими Тошканд Юнусхон буд. Бобур Мирзо тарбияи аввалро дар оила, зери парастории модари оқилаву фозилаи худ гирифт. Бобур аллакай дар 12-солагӣ аз падар маҳрум шуда буд. Модараш ба ҷойи падар мададгор ва парастори Бобур шуд ва фарзандашро аз илму санъат, маҳорати пойдории давлат ва ҳисоби мулки салтанат бархӯрдор намуд. Модар ҳамеша ҳамсафар ва раҳбалади писар шуда, дар парвариши истеъдодҳои ӯ ва пешравии ояндааш хизмати шоёне ба итмом расонид.
Дар тарбияти Бобур модарбузурги модарии вай Эсондавлатбегим ҳиммати зиёд гузорид ва дар «Бобурнома» вай чун зани оқила ва пухтакор, ки ҳатто дар корҳои давлатӣ низ бо ӯ машварат ва маслиҳат мекарданд, ёд мешавад. Модарбузург то ба воя расидани Бобур дар Андиҷон якҷоя зиндагӣ карда, фазои илму маърифатро барои наберааш ороста гардонид. 
Бобур пайваста бо дарсу тадрис машғул шуд ва дар аз худ кардани илмҳои замона дастболо гардид. Аз беҳтарин омӯзгорони мактаби дарборӣ илми фиқҳ ва забонҳои форсиву арабиро аз бар намуда, дар саркардагӣ низ маҳорат пайдо кард. 
Бояд қайд кард, ки модари Бобур Мирзо аз занҳои оддӣ набуд. Вай қавиирода ва ҷасур буда, дар шароити ҳукмронии таассуби жарф ба дину оинҳои исломӣ тавонист, фарзанди худро аз ҳамзамонон ва чашми душманон дур нигоҳ дошта, дар илмҳо хирадманду дар амалҳо чораҷӯй намояд. Аз рӯзҳои аввали тавлид модар навозишкорона ӯро «бабр» меномид ва дигарон низ ӯро ба чунин ном муносиб медонистанд. Дар бораи таърихи ба Заҳириддин Муҳаммад додани номи «Бобур» дар «Таърихи Рашидӣ»-и Муҳаммад Ҳайдар низ бо ҳамин маъно ишора шудааст.
Бобур аз давраи ҷавонӣ то ба охири умр, сарпараст ва сарвари аҳли илму адаб буд. Ӯ пайваста эҷод мекард ва дар 19-солагӣ рубоӣ ва ғазалҳо офарид. Муҳаббати пок ва одобу идрокро тараннум намуда, доираи эҷоди худро ба 119 ғазал, 209 рубоӣ, зиёда аз 10 қитъа, аз 60 зиёд фарду 8 маснавӣ расонид. Девони Бобур 270 байтро дар бар мегирад. 
Дар санъати мусиқӣ ва ҳарбӣ низ навиштаҳо боқӣ гузошта, асари мукаммали «Мубаййин»-ро офарид, ки қонунҳои шариатро таъриф дода, оид ба рӯйдодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Мовароуннаҳр маълумоти нодир дорад. Гарчанде тахту тоҷи шоҳӣ ва устодони зиёди дарборӣ дар канор дошт, ӯ ҷилави тарбияи фарзандонашро ҳеҷ гоҳ аз даст намедод. Бинобарин, «Мубаййин»-ро ӯ ба валиаҳдони худ – Ҳумоюн ва Комрон чун дастури амал ва адабнома ҳадя намуд. Дар асари худ «Хатти Бобурӣ» вай алифбои арабиро таҳрир намуда, ба забони туркӣ мутобиқ сохт. 
Асари беназири ӯ «Бобурнома» бо забони туркии чиғатоӣ офарида шудаааст, ки Алишер Навоӣ ин забонро хеле такмил бахшида буд. Дертар он ба забони форсӣ тарҷума карда шуд. 
Бобур ҳамеша бо аҳли вузаро ва надимони худ суҳбат ороста, чун шахси фарҳангпарвар ва донишманди замони худ эҳтироми аҳли маърифати давлатро ба ҷо оварда, бо машварати онҳо кор карданро авло медонист.
Рӯзгор дар ғарибӣ вазъи саломатии ӯро коста, гирифтори маризиҳои пай дар ҳам карданд. Бобур Мирзо, дар ҳама рӯзҳои мушкил аз рӯҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки ихлосаш беканор буд, наҷот мепурсид. Ҳамин буд, ки ӯ асари «Волидия»-и Хоҷа Аҳрори Валиро аз наср ба назм баргардонида, дар муддати хеле кӯтоҳ ба охир мерасонад. Бо қудрати илоҳӣ, баробари ба охир расидани тарҷумаи асар, вазъи саломатии ӯ низ беҳ шуда, рӯ ба шифо меорад.
Бобур пайваста аз болои асари таърихии худ «Бобурнома» кор карда, шеър, ғазал, шарҳи ҳоли худро муфассал сабт намуд, ба фарзандонаш мактубҳои васиятӣ навишт, тахту тоҷро ба Ҳумоюн бахшидани худро иброз дошт. Ӯ дар 47-солагӣ дар шаҳри Аграи Ҳиндустон вафот кард. 
Фикру зикри равшан, ободихоҳиву бунёдкорӣ, саховатпешагию фарҳангсолории Бобур буд, ки дар оянда ин сулола дар риштаи ободгариву созандагӣ ва илмомӯзиву донишмандӣ мактабҳои худро таъсис дода, ҷадди Бобуриёнро машҳури ҷаҳон гардонид. Дар асрҳои XV-XVII заминҳои ин кишвар Афғонистони Шарқӣ, Панҷоб, водии Гангро то ба хоки Банғола дар бар мегирифт. Номи Бобур, чун давомдиҳандаи кори Амир Темур дар таърихи башар, замони салтанати вай чун давраи пуршукӯҳи тараққиёти таърих боқӣ монд ва беҳуда нест, ки дар таърих ин давраро чун давраи тиллоии густариши илму фарҳанги Гӯрконӣ, Кӯрагонӣ, Муғулҳои Бузург, Темуриён ё Бобуриён ба забон мегиранд.
Бобур Мирзо аз ҳар гӯшаву канори Хуросон ва Мовароуннаҳр каримони беҳтаринро даъват карда, инъомҳои беҳтарин бар онҳо бахшид, то ки онҳо мураббии фарзандонаш бошанд. Барои зиндагонии бофароғати устодон ва фарзандон хонаҳои алоҳида ҷиҳозонида буд ва дар ин бора Гулбаданбегим дар «Ҳумоюннома» ишорае гузоштааст, ки гӯё ҳама зери назари падар анҷом пазируфтааст. Мувофиқи зикри Гулбаданбегим яке аз ин токчаҳо сӯйи Девонхона, ки дар тарафи қибла буд, нигаронида шуда буд, дуюм, сӯйи боғ, яъне Шарқ, сеюм сӯйи хонаи ҳаштбурҷа, яъне ҷануб, чаҳорумӣ рӯ ба рӯйи хонаи ҳашткунҷа, яъне сӯйи Шимол майл дошт. Дар болои се хонаи боло, боз се болохона қад афрохта, хонаи аввал «Хонаи Давлат» ном доштааст, ки дар он нӯҳ асбоби ҷангӣ овезон буд. Хонаи дуюм, «Хонаи Саодат» ном дошт, ки дар он ҷойнамоз, китобҳо, қаламдони оби зарҳал давондашуда, ҷузвдони хеле зебо, маҷмӯи расмҳо ва ҳоказо нигоҳ дошта мешуд.
Ин сипаҳсолори комгору босаодат ҳазорҳо ҳунармандонро даъват намуда, асбоби зиндагонии онҳоро муҳайё сохт, то ин ки дар салтанати худ барои аҳли фозилон ва мураббиёни заҳматкаш муҳити эҷодкориву фараҳмандӣ фароҳам созад. Боғу гулгаштҳои дарбор ва берун аз он ҷойи таҳсил ва фароғати фарзандон ва мураббиёни онҳо гардида, гузашта аз он, ҳазорон адибон ва фозилон, ҳунармандон ва санъаткорон дар ин ҷо аз марҳамати ӯ баҳраманд гардиданд. 
Зери назорати устодони давр фарзандон ҳамчунин бозиҳои дӯстдоштаи худро бо бачагони хонавода якҷоя бозӣ мекарданд. Занҳо низ дар ҳавои биҳиштосои дарбор ба тарбияи фарзандони худ машғул мешуданд ва ё базми лолаву гул меоростанд. Дар ин гуна базмҳо духтарон бо либосҳои мардона бозӣ карданро дӯст медоштанд. Гулбаданбегим дар «Ҳумоюннома» дар қасри нави Комроншоҳ баргузор гардидани мусобиқаҳои занона оид ба захгиртарошӣ, чавгонбозӣ, тирандозиро қайд кардааст. Ҳамчунин дар бораи ҳунари навозандагии бисёрии занҳо маълумот гирд овардааст.
Баъзан занҳо либосҳои ҳиндӣ низ пӯшида мебаромаданд, ки нишони ҳурмату эътирофи ҳиндуёни маҳаллӣ буд. Бобур дар қалби кӯчаки онҳо аз хурдсолӣ одобу рафтори шоиста, дину диёнат, меҳру муҳаббатро нисбат ба аъзоёни оила ва халқи одӣ тарбия менамуд. Чун байни кору бори давлатӣ фурсате муносиб меомад, бо онҳо суҳбат мекард, роҳ нишон медод. Бо фарзандони калонӣ ҳамеша ба воситаи мактуб робита дошт. Ҷойе насиҳат, ҷойи дигар сарзанишро дареғ намедошт. Онҳоро бо сахтгирӣ низ маломат мекард. Бахусус, нахустфарзанди худ Ҳумоюнро бештар мазаммат мекард. Дар мактубҳояш ӯ гоҳе аз шоҳбайтҳои бузургон ва гоҳе байтҳои худро ҷой дода, аз маслиҳатҳои судмандаш баҳраманд мекард. Дар яке аз мактубҳояш падар Ҳумоюнро сарзаниш карда «коҳилӣ ба подшоҳӣ рост намеояд» мегӯяд ва байти зерро меорад:
Ҷаҳонгире таваққуф бар наёбад,
Ҷаҳон онро бувад, ки беҳ шитобад.
Бобур ҳамеша насиҳат мекард, ки писарон бо меҳру муҳаббат бошанд, ҳамдигарро ҳурмат кунанд ва наранҷонанд. Онҳо аз ҷаҳолат дур бошанд, аз таҷовуз бар дигарон орӣ бошанд. Бо ҷавонмардҳои хубу шоиста дӯстӣ карда, ба онҳо илтифот нишон диҳанд. Силсилаи мукотиботи падар бо фарзандон аз маънавиёти волои Бобур дар таълиму тарбияи ҳар як фарзанд дарак медиҳанд. Номаи ӯ ба фарзандаш Комрон зери сарлавҳаи: «Насиҳатномаи Бобуршоҳ ба фарзанди худ Мирзои Комгор», ки аз Ҳиндустон ба Қандаҳор фиристода буд, на танҳо аз ҷиҳати мазмун ва маънавияти баландро соҳиб аст, балки аз ҷиҳати офариниши сухан ва обу ранги он ҷолиби таваҷҷӯҳ аст: «... бо атрофиёну ҳамнишинон ва мулозимини дохилии худ ба омӯзиши сабақ руҷӯъ овардаӣ. Аз ин ҷиҳат ба қалб сурур, ба хотир ҳузур расида, бисёр хушҳолӣ содир шуд. Аз даргоҳи Аллоҳи таъоло умед дорам, ки дар боби тамоми қобилият ва салоҳият мукаммал ба воя хоҳӣ расид». Ва дар давоми он ба фарзандаш насиҳат мекунад, ки зинҳор суханҳои зерини Ҳоҷа Ҳофизро фаромӯш насозад ва тариқи зиндагии худ қарор диҳад:
Пирон сухан зи таҷриба гӯянду 
гуфтамат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, 
панд гӯш кун!»
Ӯ ба фарзандаш боз таъкид мекунад, ки ба суханҳои хушомадгӯён фирефта мабош ва агар хоҳӣ, ки давлати ту поянда бошад, шунидани суханҳои қабеҳро низ ёд гир, чунки «Дӯст гирёнда сухан кунад, душман хандонда». Беҳуда барои дӯстро аз душман ҷудо кардан нафармудаанд: «Ҷойе гул бошад, гул бош, ҷойе хор бошад, хор».
Бобур тавонист, барои фарзандонаш дар заминаи мухталифи илму адаб таълиму тадрис ва тарбиятро ба роҳ монад ва дар қалби онҳо равшанфикриву фарҳангпазириро ҷой диҳад. 
Нахустписари Бобур Мирзо – Ҳумоюн Мирзо соли 1507 дар Кобул таваллуд ёфтааст. Модари ӯ Моҳимбегим, духтари яке аз бекзодаҳои Султон Ҳусайн Бойқаро буд. Чун пайрави афкори падар ва пайванди кирдори падар Ҳумоюн дар илму фан маҳорати босазо ва дар сухан табъи воло дошт. Назари пухтаву санҷидаи ӯ боиси пешравии давлат ва пойдории ваҳдати ҳиндуён ва бобуриён гардида, давоми 26 соли дигар баъди фавти падар империяи бобоиро мавриди ҳидоят қарор дод. 
Ҳумоюн Мирзо дар шеъру шоирӣ ҳунари шоиста дошта, аз худ як девони начандон калон боқӣ гузошт. Чун шоир ва эҷодкор дарбори худро ба макони шеъру адаб табдил дод. Девони шеърҳои ӯ ба забони форсӣ нигошта шуда, бо тасҳеҳи доктор Ҳодии Ҳасанӣ дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. 
Хӯрдам зи фироқи ту малолест маро,
Ҳар рӯз зи ҳиҷрони ту солест маро,
Ҳолест ба ғурбатам, ки натвон гуфтан,
Субҳоноллоҳ, ғариб ҳолест маро.
Воқеанигори маъруф Муҳаммад Ҳайдар Мирзо (Рашидӣ) дар бораи Ҳумоюн чунин нигоштааст: «Аз Ҳумоюн дида шахси боиқтидор дар замони худ кам вохӯрдаам», ки дар ҳақиқат чеҳраи барҷастаи ин сипаҳсолори фарҳангдӯстро дуруст муаррифӣ мекунад. 
Писари дуюми Бобур – Комрон Мирзо соли 1508 таваллуд шуд. Ҷадди модарии вай Гулрухбегим ба туркманон мансуб буд. Замони барҳаёт будани Бобур вай дар Қандаҳор ва Кобул ҳукмронӣ кард. Баъди ба тахт нишастани Ҳумоюн фармон шуд, то воҳаи дарёи Панҷоб ва Ҳинд низ зери тасарруфи ӯ вогузошта шавад. Дар замоне, ки неруҳои Шершоҳи Сурӣ заминҳои бобуриёнро соҳиб гардид, Комрон Мирзо бо додараш Ҳиндол Мирзо Аграро тасхир кард. Дар мулки Афғонистон ба корҳои шоёни ободонӣ ва маърифатӣ пардохта, илмро бо амал пайваста густариш дод. Комрон Мирзо, ки худ аз зумраи фозилони замонааш ба ҳисоб мерафт, ба олимону фозилон, шоирону санъаткорон, ҳунармандон ва рассомони замона сарпарастӣ намуд. Ӯ Кобулро ба маркази илму ҳунар, адабиёт ва санъат табдил дода, мавқеи адабиёт ва фарҳангро боло бардошт. 
Комрон Мирзо низ аз зумраи шоирони боистеъдоди зуллисонайни сулолаи бобуриён буда, шеъру ғазал, рубоию қитъа, маснавию фардҳои худро бо забонҳои туркӣ ва дарӣ сабт намуд ва он ҳама дар девони ашъораш гирд оварда шудаанд. 
Аскарӣ Мирзо соли 1517 дар Кобул ба дунё омад. Модари вай Гулрухбегим ном дошт. Аз соли 1530 ҳокими Меват ва Қандаҳор буд. Ҳарчанд аз ӯ девоне боқӣ намонда бошад ҳам, якчанд байтҳои мансуб ба қалами вай аз салиқаи баланди шоирии ӯ дарак медиҳанд. Аз ҷумла:
Эй Аскарӣ, ар мастӣ мудомӣ, 
хуш бош,
В-ар мӯътақиди бодаву ҷомӣ, 
хуш бош.
Гуфтӣ: ба харобот набошам бе ӯ
Бо ёр агар дар ин мақомӣ, хуш бош.
Муҳаммад Аскарӣ ҳам ба мисли бародаронаш бо забонҳои форсӣ ва туркӣ шеър офаридааст. Ӯ солҳои охири умрашро дар ҳаҷ гузаронида, соли 1558 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Духтари ӯ Сокинабегим ҳамсари император Акбар буд.   
Ҳиндол Мирзо соли 1520 дар Кобул дида ба дунё кушод. Модари Ҳиндол Мирзо ва Гулбаданбегим Дилдорбегим ё Дилдороғоча ном дошт. Сабаби Ҳиндол ном доштани вайро чунин тавсиф додаанд: вақте Бобур Мирзо дар айни забти Ҳиндустон буд, дар бораи тавлиди фарзандаш ба вай хабар расид. Бинобар номи писарашро Ҳиндол («ол» маънои «бигир»-ро дорад, яъне Ҳиндро бигир) гузоштааст. Сарфи назар аз умри кӯтоҳи худ Ҳиндол Мирзо ҳам аз ҳунари волои шеърофарӣ бархӯрдор буд, ки сатрҳои зерин аз он далолат медиҳанд:
З-он қатраи шабнам, ки насими 
саҳарӣ,
Аз абр ҷудо кунад, ба сад ҷилвагарӣ.
То бар рухи гил чаконад, 
эй рашки парӣ,
Ҳаққо ки ҳазор бор покизатарӣ. 
Ҳамин тавр, гарчанде маълумот дар бораи фарзандони Бобур Мирзо хеле мухтасар буд, чунин хулоса бармеояд, ки ҳамаи писарони Бобур Мирзо, дар баробари саркардагию ҳукуматдорӣ табъи баланди сухангӯӣ доштаанд. Метавон гуфт, ки дар хонадони Бобур тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба ҳисоб мерафт. Роҷеъ ба зимомдорӣ ва фарҳангсолории фарзандони ӯ маълумоти ғанӣ гирд оварда шудаанд.

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: