ё худ дар бораи он ки “рӯзномаро чӣ тавр менависанду мебароранд?”
ё худ дар бораи он ки “рӯзномаро чӣ тавр менависанду мебароранд?”
Солҳои 1972-73-юми қарни гузашта. Дар синфи якум мехондам. Ҳафтае ду-се маротиба марди кӯтоҳқаду хурдҷуссае, ки Зиёрат мегуфтандаш (баъдтар донистам, ки ӯ аз ҳамсоядеҳаи Хурватан буда, дар ҳудуди мо вазифаи хаткашониро адо мекардааст), савори асп меомад, садо дода, даста-даста рӯзномаю маҷаллаҳоро, ки падарам обуна буданд, аз дарвозаамон ба дарун партофта мерафт. Ман бо як шавқу завқи зиёд онҳоро мегирифтам ва ба хона даромада варақ мезадам, расмҳояшро тамошо мекардам, ба истиснои рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”-и ҳозира) забони дигар нашрияҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, ҳар ҷо-ҳар ҷо мехондам. Хусусан, аз тамошои расму суратҳои “Муштум” (маҷаллаи ҳаҷвӣ, ки ҳоло ҳам чоп мешавад) як ҷаҳон завқ мебурдам. Бо маҷаллаҳои “Гулхан”, “Саодат”, “Фан ва турмуш”, “Гулистон” аз ҳамон солҳо ошно будам.
Ҳамон шабу рӯзҳо, ки нав бо нашрияҳо шинос шуда будам, як чиз маро сахт ба ҳайрат меовард. (Рости гап, ҳоло ҳам аз ин соддагии кӯдаконаи худ хандаам меояд). Ҳайрату тааҷҷуби ман аз он буд, ки ин қадар рӯзномаю маҷаллаҳоро бо ҳарфҳои майдаю зебо кӣ менавишта бошад? Оё ҳамин амаки Зиёрат менависад? Охир, ин кори хеле мушкил-ку?!
Боре инро аз падарам пурсидам. Падар аввал завқ карда хандиданду баъд бо оҳанги нарм, вале ҷиддӣ гуфтанд: “Не, бачем, инҳоро Зиёрат наменависад, вай фақат газетаю маҷаллаҳои тайёрро ба одамон мерасонад. Онҳоро дар таҳририятҳо журналистон тайёр ва дар матбаахона чоп мекунанд. Калонтар шавӣ, худат мефаҳмӣ, мебинӣ. Нағз хонӣ, дар оянда ту ҳам журналист шуданат мумкин...”
Ин суханони падар шавқу рағбати маро ба олами дар назарам сеҳрангезу пурасрори рӯзномаю маҷаллаҳо, донистани ҷузъиёти кори кормандони ин соҳа, яъне онҳое, ки дар тасаввури бачагонаи ман “газетаро менависанду мебароранд”, боз ҳам бештар кард. Мехостам зудтар калон шаваму ин ҷараёнро аз наздик бубинам ва кошкӣ, худам ҳам домони ин корро бигирам!
Ана, аз ҳамон айём, ки қариб панҷ даҳсола сипарӣ гардид, меҳри ин касб дар дили ман маъво гирифта буд. Намояндагони ин соҳа, яъне рӯзноманигорон, журналистон, шоиру нависандагон дар назарам шахсиятҳои хеле бузург таҷаллӣ меёфтанд. Аз наздик дидану мулоқот намудан бо онҳо орзуи беҳтарини ман буд.
Он солҳо ғайр аз китобхонаи худи мактаб китобхонаи дигаре низ буд, ки онро “Китобхонаи колхоз” мегуфтанд. Мудири ҳамин “китобхонаи колхоз”, ки ман тақрибан ҳар рӯз ба он ҷо медаромадам, як зани миёнасоли зардинарӯи харобу айнакӣ буд, ки Мунавварапа мегуфтанд. Ин зан, ки хеле ҳалиму меҳрубон буду бо овози паст гап мезад, дар интихоби китобҳо кӯмак мерасонд, мазмуни асарҳои хондаамонро пурсида, моро рӯҳбаланд мекард.
Боре дар толори қироати ҳамин китобхона нишаста, бастаи рӯзномаҳоро варақ мезадам, ки Мунавварапа наздам омада гуфт:
– Писари ман ҳам ту барин бисёр мехонд, мана, охир худаш ҳам журналист шуд.
– Чӣ? Журналист? Писаратон? Кӣ он кас? – бо шавқу ҳаяҷон саволборон кардам ӯро.
– Ҳа, писарам, номаш Аъзам, фамилияаш Қосимов, дар газетаи “Сариосиё ҳақиқати” кор мекунад, – гуфт бо як навъ ифтихори ошкорои модарона ин зани китобдор ва бастаи рӯзномаи ноҳиявиро пеш кашида, аз саҳифаҳои дохили он чанд гузоришу мақолаҳоеро нишон дод, ки дар зери онҳо ному насаби “А. Қосимов” сабт ёфта буд.
– Ҳаминҳоро писаратон навиштааст? – боз бо ҳайрат пурсидам ман.
– Ҳа, албатта, худаш-дия, боз кӣ менависад?! Лекин корашон вазнин, баъзан то ними шаб дар редаксияю типография мемонад, хонаи мо наздик, худам рафта хабар мегирам, чойу нон мебарам, – гуфт ин модари меҳрубон ва боз ба чанд суоли ман дар бобати чӣ тарз навиштани мақола, чопи он дар рӯзнома ва монанди инҳо ба қадри донишу фаҳмиши худ посух дод.
Аз ҳамон рӯз ин зани китобдор, ки писараш “журналист!” аст, барои ман эътибору эҳтироми бештаре пайдо кард. (Равонашон шод бод ин модару писарро, ки модар шояд бештар аз бист сол пеш ва писар – журналист ва омӯзгори собиқадор Аъзам Қосимов, ки баъдтар чанд муддат дар идораи «Сариосиё ҳақиқати» бо ӯ паҳлуи ҳам кор кардем, соле қабл ин олами фониро падруд гуфтанд).
Ҳамин тавр, бо гузашти рӯзҳову солҳо доираи мутолиаи мо низ васеътар гардида, меҳри сухану суханварӣ бештар дар дил ҷой мегирифт. Китобхонӣ, мутолиаи нашрияҳо то имрӯз беҳтарин ва писандидатарин машғулияти ман буду ҳаст...
Устоди аввалинам, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактабамон Исматулло Раҳимов, азбаски писари аммаам буданд, ба хонаамон зуд-зуд омада, ба ман аз китобхонаи шахсии худашон китобҳо оварда барои хондан тавсия мекарданд, ин китобҳо дар китобхонаи мактаб ва дуконҳои фурӯши китоб набуданд. Он кас аз мо талаб менамуданд, ки барои газетаи девории мактаб хабару лавҳаҳо нависем, худашон онҳоро таҳриру тасҳеҳ мекарданд...
Ҳамаи ин, албатта, беасар намонд. Меҳри бепоён нисбат ба сухану суханварӣ оқибат маро ба даргоҳи факултаи суханшиносии (филологияи) тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Он солҳо дар донишгоҳи мазкур шуъба ва ё факултаи алоҳидаи журналистика вуҷуд надошт, аз курси дуюм дар таркиби факултаи филологияи тоҷик гурӯҳи тахассусии “журналистика” амал мекард, ки хоҳишмандонро тариқи имтиҳон қабул менамуданд.
Ҳамин тариқ, ман шомили донишгоҳ гардида, аз курси дуюм, пас аз он ки аз имтиҳони ҷиддии олими рӯзноманигори тоҷик Иброҳим Усмонов гузаштам, дар гурӯҳи тахассусии “журналистика” таҳсил намуда, аз устодони маъруфи ин соҳа, мисли профессор Воҳид Асрорӣ, он вақт номзадҳои илм Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Улашбой (Пайванд) Гулмуродов, Асадулло Саъдуллоев, Муртазо Зайниддинов ва дигарон сабақ омӯхтам. Дар рӯзномаҳои ноҳиявии Орҷоникидзеобод (Ваҳдати ҳозира), Ашт, ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”-и ҳозира) курсҳои таҷрибаомӯзиро гузаронидам. Ва ниҳоят моҳи сентябри соли 1988, вақте ки дар курси панҷуми донишгоҳ мехондам, сармуҳаррири ҳамонвақтаи “Сариосиё ҳақиқати” устоди равоншод Нусратулло Шоймардонов маро ба идора даъват намуда, паёми хуши аз 1-уми октябри ҳамон сол ба забони тоҷикӣ нашр гардидани як саҳифаи рӯзномаро расониданд. Чун фаҳмиданд, ки мо – донишҷӯён пас аз чанд рӯз ба таҷрибаомӯзии дарозмуддати пешаздипломӣ мебароем, бо хушнудӣ маро барои кор ва таҷрибаомӯзӣ ба “Сариосиё ҳақиқати” даъват намуда, ба унвони декани факултаамон мактуби расмӣ навиштанд.
Ҳамин тавр, охирҳои моҳи сентябри соли 1988 дар “Сариосиё ҳақиқати” ба кори таҷрибаомӯзӣ оғоз намудам. Онҳое, ки аз хурдсолӣ ному фамилияашон аз саҳифаҳои рӯзнома бароям ошно буд, аз ҷумла Н. Холиқов, Н. Раҳматов, М. Ботиров, Р. Шамсиддинова, Ғ. Шарипов, М. Исмоилов ва дигаронро, акнун аз наздик медидаму бо тарзи корашон шинос мешудам.
Вазифаи асосии ман аз таҳриру таҳия намудани мавод барои саҳифаи навтаъсиси тоҷикӣ иборат буд. Бо супориши устод Н. Шоймардонов ба деҳаи Қизилой рафта, бо омӯзгори маъруфи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илми филология равоншод Шамсиддин Рашидов мусоҳиба оростам. Рӯзноманигор ва омӯзгори хушзавқ Ӯғулой Ҷӯрабоева ба муносибати таъсиси саҳифаи тоҷикӣ дар рӯзномаи ноҳиявӣ (он вақт Узун ҳам дар таркиби ноҳияи Сариосиё буд), ки бешак як падидаи масарратбахши таърихӣ ба ҳисоб мерафт, шеъре навишта фиристода буданд, ки ду мисраи аввалаш дар ёдам мондааст:
Ин саҳифа – порае аз
оташи дилҳои мо,
Ин саҳифа баҳри мо як
шодии беинтиҳо...
Ва ниҳоят 1-уми октябри соли 1988, ки аз он айём қариб сию се сол мегузарад, дар таркиби “Сариосиё ҳақиқати” нахустин маротиба як саҳифа (саҳифаи 3-юм) пурра бо забони тоҷикӣ интишор гардид. Рӯзнома, ки он вақтҳо дар байни мардум маҳбубияти зиёд дошт, бо теъдоди қариб 15 ҳазор нусха ҳафтае се маротиба нашр мегардид, бо интишори саҳифаи тоҷикӣ шуҳрату маҳбубияти боз ҳам бештареро касб кард....
Худро хушбахт меҳисобам, ки дар ҳамин кори таърихӣ андаке ҳам бошад, саҳмгузор будаам ва нахустин саҳифаи тоҷикӣ дар рӯзномаи ноҳиявӣ бо зернавишти “Масъули саҳифа Т. Ҳасратов” ба чоп рафтааст.
Муддати бештар аз ду моҳи таҷрибаомӯзӣ бо ҷамоаи аҳлу тифоқи рӯзнома унс гирифтам, кори заҳматталабу пурмасъулият, вале дар айни замон шарафмандонаи рӯзноманигорӣ писандам меомад.
Ин буд, ки пас аз хатми донишгоҳ боз омадам ба идораи “Сариосиё ҳақиқати”.
Солҳои 1989-1990 бо як ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ дар идораи ҳамин рӯзнома ба сифати масъули саҳифаи тоҷикӣ ифои вазифа намудам, баъдан чанд сол дар рӯзномаи вилоятии “Садои Сурхон”, ки дар Деҳнав чоп мешуду сармуҳаррираш рӯзноманигори шинохта Истад Қосимов буд, кор кардам.
Охири соли 1996 бо талаби раҳбарияти ҳамонвақтаи вилоят идораи рӯзномаи “Садои Сурхон” ба маркази вилоят – шаҳри Тирмиз кӯчонда шуд. Он солҳо шароити оилавӣ маро имкон намедод, ки ба Тирмиз рафта кор кунам, бинобар ин бо тавсияи дӯсти арҷмандам Давлатбой Маҳмудов, ки дар шуъбаи таълими халқи ноҳия вазифаи мудири хонаи равишомӯзиро ба ӯҳда дошт, ба ин идора ҳамчун нозири мактабҳо ба кор шурӯъ кардам. Ҳамзамон омӯзгор ҳам будам. Ба комёбиҳо ноил гардидам. Шогирдонам дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва умумиҷумҳурӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик борҳо ҷойҳои аввалро ба даст оварданд. “Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон” шудам.
Моҳи январи соли 1999 раҳбарияти шуъбаи таълими халқи ноҳия маро ба вазифаи директори мактаби рақами 29 таъин кард, ки инак, беш аз 22 сол ин кори пурмасъулиятро ба ӯҳда дорам.
Эътироф мекунам, кори серташвишу масъулиятноки раҳбарӣ ва омӯзгорӣ маро то андозае аз шуғли дӯстдоштаам – рӯзноманигорӣ дур кард, баъзе дӯстону ҳампешагони қаблиям чун Шоқаҳҳор Салимов, Ӯғулой Ҷӯрабоева, Нуралӣ Раҷаб, Олим Панҷизода ва чанде дигар сарзаниш мекунанд, ки чаро наменависам?!
Аммо дар асл ман худро ҳаргиз аз ин шуғли писандида дар канор ҳис накардаам. Ҳарчанд кам менависам, кам намехонам. Қариб ҳар як шумораи нави рӯзномаю маҷаллаҳоро мутолиа ва таҳлил мекунам, баъзан фикрамро рӯ ба рӯ ва ё телефонӣ ба муаллифонашон изҳор медорам.
Аслан пешаи омӯзгорию рӯзноманигорӣ, ба назари ман, аз ҳам ҷудо нестанд. Омӯзгори хуб то ҷое воқеанигору рӯзноманигор низ ҳаст ва рӯзноманигори асил то дараҷае муаллим ҳам мебошад.
Намояндагони ин ҳар ду касбро як мақсади муштарак муттаҳид мекунад, ки ин: тарбияи инсони комил, баланд бардоштани сатҳи донишу маънавияти шахс ва ҷомеа аст.
Ҳам журналист ва ҳам омӯзгор аз пайи касби пуршараф, вале заҳматталаби худ обрӯю эътибор пайдо мекунанд, ризқи худро меёбанд, нон мехӯранд. Нони ҳалоли журналистӣ. Нони ҳалоли муаллимӣ...
Турдиқул ҲАСРАТОВ,
журналисти собиқадор, директори мактаби таълими умумии рақами 29-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.