Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо назардошти аҳамияти Иди муқаддаси Қурбон дар қарор ёфтани чунин фазилатҳои баланди ба мардуми мо хос, аз қабили инсонпарварӣ, меҳрубонӣ ва шафқат, саховатмандӣ ва ризоияти тарафайн, инчунин ба мақсади баланд бардоштани арзишҳои миллӣ ва маънавӣ:
1. Бо назардошти қарори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон бобати дар соли 2021 ба 20 июл – сешанбе рост омадани рӯзи якуми иди Қурбон 20 июли соли 2021 дар мамлакат ҳамчун ид васеъ ҷашн гирифта шавад.
Ба эътибор гирифта шавад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 майи соли 2021 №ФП-6222 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами ФП-6122 аз 3 декабри соли 2020 «Дар бораи муқаррар кардани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи ҷашни санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2021» 21-22 июли соли 2021 низ рӯзҳои ғайрикорӣ муқаррар шудаанд.
2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба афзалиятҳои гузарондани Иди қурбон дар ҳалқаи оила мувофиқи анъанаҳои миллӣ ва динии халқамон бо риоя намудан ба талаботи карантин корҳои васеи тавзеҳотӣ амалӣ намоянд.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба ҷашни иди Қурбонро равшан намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
13 июли соли 2021.