МУКОФОТ МУБОРАК БОД!

Мукофот

Барои саҳми арзандаашон дар таҳкими дӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо дар кишвар, дар ҷомеа фароҳам овардани фазои таҳаммулпазирӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни намояндагони миллатҳо ва халқиятҳои гуногун, хидматҳои бузургашон дар ҳифз ва рушди фарҳангҳои ба худ хоси миллӣ, урфу одат, ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд ва робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, таблиғи васеи сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи давлатамон дар миқёси байналмилалӣ, инчунин барои фаъолияти намунавӣ дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи ҳамватанонамон ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.
Боиси шодмонист, ки дар байни мукофотонидашудагон муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов низ ҳаст. Ӯ бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуд. 
Тоҷибой Икромов фаъолияти меҳнатии худро соли 1986 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) дар таҳририяти мазкур оғоз карда, роҳи аз тарҷумонӣ то ба вазифаи муовини сармуҳаррири нашрияи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – «Овози тоҷик»-ро тай намуд. Мавриди таъкид аст, ки мавсуф аз рӯзҳои аввали ташкилёбии Маркази миллию мадании тоҷикони пойтахт – «Ориёно» то имрӯз–фаъолияти  Маркази маданию миллии тоҷикони ҷумҳурӣ дар вазифаҳои гуногуни он барои пойдориву таҳкими дӯстиву тифоқии байни миллат ва халқиятҳои кишвар саҳм мегирад.
Тоҷибой Икромов аз ҷумлаи журналистони шинохти рӯзномаи «Овози тоҷик» буда, барои рушду равнақи забон, маънавияту   фарҳанги миллат дар ҷумҳурият сазоворона меҳнат мекунад.
Аҳли эҷод ва таҳририят Тоҷибой Икромовро аз номи хонандагони сершумори рӯзнома бо ин мукофоти олии Ватан сидқан ва самимона муборакбод намуда, ба ӯ сиҳҳату саломатӣ ва парвозҳои нави эҷодӣ орзу мекунанд.
Мукофот муборак бод!

Ҳайати таҳрири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: