МЕҲРИ ВАТАН

Ӯзбекистони азизи мо кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин ва бузургу дилфиреб аст.

Ӯзбекистони азизи мо кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин ва бузургу дилфиреб аст. Бар замми ин кишвари офтобӣ бо табиати нотакрораш вирди забонҳост. Саховатмандии мардуми онро оламиён тан гирифта, мероси ғановатманд ва бебаҳои гузаштагонашро эътироф менамоянд, ки боиси ифтихори мост.   
Ватан – зодгоҳ, вожаи зебо ва хуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрбон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Лоиқ Шералӣ мефармояд:
Ватан cap мешавад аз 
гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудиву беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дар олам чанд муқаддасоти бемисл ва нотакрор мавҷуданд, ки Модару Ватан аз он ҷумла аст. Ҳисси ватандӯстдорӣ ба дараҷаест, ки хокашро аз тахти Сулаймону хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон 
хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон 
хуштар.

Бармеояд, ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, онро ба ҳеч ганҷе наметавон иваз намуд. Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан аз масъулиятшиносии ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, нозу неъмат фаровон мегардад, муҳаббати байни мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёту маърифат ycтувop нестанд, акси ин ҳол ҳаст.
Myҳaббат ба Ватан, тавре ки зикр шуд, аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, ягонагӣ сарфаҳм раванд. Ин кор пеш аз ҳама маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва инсонгарӣ дар ҳамаи замонҳо аз масъалаҳои муҳими ҷамъият шумурда мешавад. Аз ин рӯ, бояд ибтидо аз кӯдакистонҳо бачагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ғояҳои олии муқаддасоти кишвар парвариш намоем. Тарбияи ватандӯстии хонандагон вобаста ба синну соли онҳо гуногун мешавад. Ба он устодон – муаллим ва муаллимаҳо, мураббиён, роҳбарони синфҳо дар ҷараёни дарс ва берун аз дарс бо назардошти нақшаи таълимӣ ва тарбиявии худ бояд кор баранд. 
Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хидмат кардан мебошад. Васфи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори ғояи ватандӯстӣ ва адолатхоҳӣ аст, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузоштааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан
 диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба 
душман диҳем.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ низ тасвиру тавсифи Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон аст:
Ватанро бинозам, 
маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд
 бахтиёр...

Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти ҳамаи халқҳову миллатҳои ҷаҳон, ин бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.
Вале вазифаи мо танҳо ифтихор аз бузургони гузаштаи худ нест, балки аз зоҳир кардани корнамоӣ ва фидокориҳои нав ба нав иборат мебошад, зеро шукуфоии Ватан аз масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

Заррина РАҲМАТОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 79-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: