Деҳқонобод яке аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Шофиркон ба шумор рафта, то қарибиҳо ҳамчун маркази ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Вардонзе мавқеъ дошт.
Деҳқонобод яке аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Шофиркон ба шумор рафта, то қарибиҳо ҳамчун маркази ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Вардонзе мавқеъ дошт. Чанд сол муқаддам ин маҳалла номи «Шароф Рашидов»-ро гирифт. Ҳоло дар деҳа дар 327 хонадон 2147 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Дар деҳа мактаби миёнаи рақами 20, поликлиникаи оилавии № 46, муассисаи таълими томактабии № 23, дорухона, дӯконҳои савдою хидматрасонӣ фаъолият доранд.
Замоне дар ин ҷо биноҳои маъмурию хидматрасонии хоҷагии давлатии ба номи Илич (баъдтар хоҷагии ширкатии ба номи Ш. Рашидов) ҷойгир шуда буд. Дар давоми солҳо қисми зиёди ин биноҳо аз байн рафта, масъалаҳои ҳалталаб ғун гардида буданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки соли ҷорӣ шомили Барномаи «Деҳаи обод» гардидани ин ҳудуд баҳри ободсозии деҳа ва коҳишёбии камбудиҳои ҷойдошта омили муҳим гардид. Дар идораи маҳалла сӯҳбати мо бо раиси ҷамоати шаҳрвандон Аъзам Султонов хеле давом кард. Вай моро бо нақшаи корҳое, ки мувофиқи барнома бояд амалӣ шаванд, шинос намуд. Таъмири 105 хонаю ҷои шаҳрвандон, азнавсозии 3 объекти иҷтимоӣ: бунёд кардани бинои нави муассисаи таълими томактабии рақами 23 дорои 120 ҷой, таъмири асосии мактаби миёнаи таълими умумии № 20, азнавсозии поликлиникаи оилавии № 46-и ҳудуд, аз масофаи 18 километр овардани хати қубури оби ошомиданӣ ва таъмири маркази обкашӣ, демонтажи 3,6 километр хати гази табиӣ ва бо 33 баллони газ таъмин кардани оилаҳо, беҳтарсозии таъминоти барқ, аз ҷумла гузоштани 142 симчӯб ва таъмири 7,1 километр хати шабака, таъмири 18,5 километр роҳ, таъмиру барқароркунӣ ва тозакунии 1,3 километр ҷӯй, бунёди 35 чароғи шабафрӯзи кӯча, бунёд ва барқарорсозии, 3 километр роҳи пиёдагард, бунёди 2 маҷмӯи савдо ва 3 объекти хидматрасонии маишӣ, сохтмони истгоҳи автомобилӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумла буда, барои амалӣ гардондани онҳо 25,3 миллиард сӯм маблағи давлат харҷ мегардад. Ба оилаҳои камдаромади деҳа бобати бунёд ва таъмири манзил кӯмак расонда мешавад. Ба қарибӣ сокини деҳа Адолат Эгамова бо мадади ҳоким соҳиби манзили нав гардид.
Вақте, ки ба кӯча баромадем, қад-қади роҳ техникаи махсус чуқурӣ канда дар он хобондани қубурҳои об аз ҷониби водопроводчиёни ҶММ «Яшин қурилишобод» идома дошт.
Дар маркази деҳа бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Раҳмон Ҷамшед» саргарми бунёди боғчаи дуошёнаи № 23 буданд. Мо бо саркор Э. Эшов вохӯрда аҳвол пурсидем.
– Ҳоло 40 нафар бинокорони корхонаи пудратии мо барои то рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кор андохтани муассисаи таълими томактабӣ азму кӯшиш доранд, – ҷавоб дод вай.
– Ҳоло масъалаи бо боғча фарогирии бачагони синни томактабӣ дар ҳудуд чӣ гуна аст? – пурсидам аз раиси маҳалла.
– Имрӯз дар як боғчаи давлатӣ ва ду нодавлатии ҳудудамон 53 фоизи бачагон ҷалб гардидаанд. Ба кор даромадани бинои нав моро дар ин бора комёб мегардонад, – гуфт вай.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.