Сол то сол дар зери таъсири қарору фармонҳои ҳукумат ва роҳбари давлатамон зиндагии мардум дар деҳот беҳтару хубтар мегардад.
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Сол то сол дар зери таъсири қарору фармонҳои ҳукумат ва роҳбари давлатамон зиндагии мардум дар деҳот беҳтару хубтар мегардад.
Аҳолии деҳоти Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд аз бобати таъминоти оби нӯшокӣ азият мекашид. Қубур ва насосҳое,ки 60 сол ин ҷониб дар истифода буданд, куҳнаву фарсуда шудаанд. Аз ин рӯ имконияти деҳаро бо об таъмин карданро набуд.
Аҳолӣ аз масофаи 600 ҳазор метр об мекашонд. Тез-тез муҳаррики насос аз кор мебаромад. Раиси маҳалла дар ин лаҳзаҳо зуд аз паи кор мешуд. Муҳаммадзиё Рабиев (раиси маҳалла) марди кордон ва халқпарвар мебошад. Аз ин рӯ чанд соли охир дар паи ҳалли ин муаммо дари ташкилотҳои роҳбарикунандаро мекӯфт. Дар охир кор натиҷа дод.
Як ҳафта пештар аз тарафи «Тошкент сув таъминоти МЧҶ» таҳти роҳбарии Илҳом Толибов ба масофаи 5500 м кофтани чуқуриҳо ва хобондани қубурҳои пластикиро ба ӯҳда гирифта, ба кор оғоз намуд. Тӯли ин як ҳафта ба масофаи 3 км чуқурӣ кофта шуда, қубурҳои пластмассавӣ хобонида шуд.Дар баробари ин, кофтани ҳавзи насоси обкашӣ бо манораи захираи об бо ҳаҷми 25 тонна оғоз гардид.
Агар ин кор ба итмом расад, 280 хонадон бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад. Раиси маҳалла пайваста бо ин ташкилотҳо дар машварат буда, баҳри бартараф намудани муаммоҳои деҳа дар ҳаракат аст. Бо ташаббуси ин марди кордон аллакай, аксарияти хонадон то дохили ҳавлиҳо хати қубурҳои пластмассавиро омода намуданд, ки барои пайваст намудан бо хати қубури марказӣ дар ҳолати тайёр мебошанд. Ин корҳо анҷом пазиранд, тӯҳфаи муносибе мешавад барои истиқболи 30 солагии истиқлол. Ногуфта намонад, деҳаи Навобод наздик 4000 аҳолӣ дорад. Деҳа дорои ду мактаби соф тоҷикӣ (№ 9 ва 43) мебошад.
Моҳи гузашта дар қатори дигар шаҳру деҳаҳо дар деҳаи Навобод низ ташаббусҳои нек анҷом пазируфт. Дар маркази деҳа ба масофаи 2 км симчӯбҳои барқ ба симентӣ иваз карда шуда, чароғҳои замонавӣ фурӯзон шуданд.
Сулаймон СОДИҚ,
ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд.