Имрӯзҳо дар саросари кишварамон барои шаффоф ва муташаккилона гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябр баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ дида мешавад.
Имрӯзҳо дар саросари кишварамон барои шаффоф ва муташаккилона гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябр баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ дида мешавад.
Ба қарибӣ Комиссияи интихоботии ҳавзаи 6-уми Намангон, ки дар Маркази маданияти но-ҳияи Давлатободи шаҳри Намангон воқеъ аст, барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он раиси Комиссияи интихоботии ҳавзаи 6-уми Намангон Собитхон Турғунов иштирок кард ва оид ба омодагӣ ба интихобот маълумот дод.
Тавре муайян карда шудааст, дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии рақами 6-уми Намангон 831 қитъа мавҷуд буда, шумораи интихобкунандагон 11 ҳазору 148 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 5 ҳазору 228 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
Дар рӯйхати аъзои қитъаҳои интихоботӣ ӯзбекҳо, тоҷикҳо, русҳо, қазоқҳо, корейсҳо ва намояндагони миллатҳои дигар ҳастанд.
– Ба аъзоёни қитъаҳо бештар соҳибихтисосони забонҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд. Онҳо метавонанд дар рафти интихобот бо мушоҳидони хориҷӣ мулоқот кунанд, – гуфт котиби Комиссияи интихоботии ҳавзаи рақами 6-уми Намангон Отабек Юлдошев.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.