ТУҲФАИ ИДОНА

Дар деҳаи дурдасти Чаканди ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 6-ум рӯи таъмири капиталиро дид ва дар соли нави хониш ба истифода супорида шуд.

Дар деҳаи дурдасти Чаканди ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 6-ум рӯи таъмири капиталиро дид ва дар соли нави хониш ба истифода супорида шуд.
Ба ин деҳа борҳо рафтаам ва ба ҳолати мактаби он, ки таълим пурра ба забони тоҷикист, аз наздик ошно гардидаам. Аҳли мактаб ҳар бор аз кӯҳнаву ношоямии бинои мактаб шикоят мекарданд ва ин ҳолат ба бачаҳо ва умуман, пешрафти таълиму тарбия мушкилӣ эҷод мекард.
– Ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 бо саъю ҳаракати собиқ ҳокими ноҳия Икром Маътиев оид ба таъмири капиталии мактаб лоиҳа тасдиқ гардид ва  корҳои таъмирӣ  оғоз ёфтанд, – мегӯяд  ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатӣ  Мавҷуда Турдиева. – Инак, аз моҳи майи соли 2021 инҷониб корҳои бунёдкорӣ идома доранд.
Мо дар хусуси бинои мактаб, ҳолати имрӯзаи он бо якчанд нафар омӯзгорон суҳбат оростем.
– Бинои авваларо қариб, ки сартопо кушода партофтанд, – мегӯянд омӯзгорон, – фақат чордевори  мактаб боқӣ монду халос. Дигар ҳама ҷоро вайрон карданд.
Назар ба гуфти мудири қис-ми таълими мактаб Шербек Бекназаров синфхонаҳо бемалол барои 121 нафар хонанда мерасанд. Ба ғайр аз ин, хонаҳои алоҳида барои маҳфилу корҳои лабораторӣ мавҷуданд.
Корҳои таъмирро ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Файз барака классик» дар асоси лоиҳаи корхонаи лоиҳакашии «Жиззах таъмир лойиҳа» ба иҷро мерасонад. Ин лоиҳа се миллиарду дусаду ҳафтоду ҳашт миллион сӯм қиммат дошта, корҳои таъмирӣ навад дар сад (балки аз ин бештар) иҷро шуданд ва ҳоло ҳам  идома доранд.
Дар соли хониши 2020-2021 мактабро ҳамагӣ нӯҳ нафар хатм карданд. Аз ин чаҳор нафар, ба мисли  Маҳлиё Абдуллоҷонова,  Фозилҷон Пирназаров, Парвиз Маҳмадназаров  ва  Олимхон Раҳимхӯҷаевҳо ба мактабҳои олии ҷумҳуриамон ва филиалҳои донишгоҳҳои  давлатҳои хориҷии дар кишварамон буда дохил шуданд. Боз ду нафари дигар дар арафаи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ворид шудан мебошанд.
Соли гузашта ду нафар хонанда дар марҳилаи вилоятии озмуни фанҳои забон ва адабиёти тоҷикӣ ҷойи аввалро гирифтанд.
–Имсол вазифаи нави тарғиботчӣ оид ба масъалаҳои эҷодӣ-фарҳангиро дар мактабамон бар ӯҳда гирифтам, – мегӯяд зимни сӯҳбат Ситора Гулмуродова, – таҷрибаи дар рӯзномаҳои шаҳри Самарқанд ҳосилкардаамро ба кор хоҳам андохт.
Умуман рӯи таъмири капиталиро дидан ва дар соли нави хониш ба истифода супурда шудани бинои мактаби мазкур туҳфаи хуби идона аст дар арафаи Иди омӯзгорон ва мураббиён барои аҳли деҳа.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ. 
Суратгир: Раҳимшоҳи Шарифзода.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: