Имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шуъбаҳои иттиҳодияи «Ҳунарманд» фаъолият доранд, ки барои кашфи истеъдодҳо роҳи васеъ боз мекунад.
Имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шуъбаҳои иттиҳодияи «Ҳунарманд» фаъолият доранд, ки барои кашфи истеъдодҳо роҳи васеъ боз мекунад. Инсонҳое ҳастанд, ки дар давоми умр нозукиҳои ин ё он ҳунарро комилан аз худ мекунанд ва дар домани ҳунару салиқаи хеш шогирдони зиёдро мепарваранд.
Ҳунарманди маҳаллаи Самарқанддарвозаи ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахт Ҳамидулло Азимов яке аз чунин устоёни гулдаст аст.
– Камина солҳои зиёди умрамро ба ҳунармандӣ бахшида, ба даҳҳо нафар шогирд асрори ҳунар омӯхтаам. Барои тайёр кардани ҳар як ашёи рӯзгор на ба миқдор, балки ба сифати он бояд аҳамият дод. Ин касб ба мо мерос аз падару бобоён аст. Падарам се фарзанди худро бо нони ҳалоли ҳунармандӣ ба воя расонд, нозукиҳои онро омӯзонд, – мегӯяд устои моҳир. – Ҳоло бо шогирдон панҷара, мизу курсӣ, хонтахта, ҷевон, ҷиҳози ошхона ва дигар ашёи рӯзгорро сохта, дар бозор мефурӯшем. Вақте ба фикру мулоҳизаҳои харидорон гӯш медиҳам, ба хулосае меоям, ки имрӯз таваҷҷӯҳ ба маҳсулоти кори дастӣ зиёд мегардад. Барои сохтани таҷҳизоти рӯзгор маҳорати зиёд лозим аст. Ҳунари нақшу нигору ороиш додан бошад, аз усто дақиқкориро тақозо менамояд. Аз ин сабаб, маҳсулоти истеҳсолкардаи мо харидорони худро дорад. Дарвоқеъ, онҳо ҳам ба аҳолии мамлакат ва ҳам ба мизоҷон аз кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон писанд мебошанд. Мо дар сохтани ашёи рӯзгор аз чӯби сада, чормағз, тут, ғуҷум ва бед истифода мебарем.
Аз қадимулайём ниёгони мо аз зарф ва ашёҳои дастисохти чӯбин ба таври васеъ истифода бурдаанд. Албатта, бо ташаббуси сарвари мамлакат, барои рушди соҳаи ҳунармандӣ вомҳои имтиёзнок ҷудо карда ва ставкаҳои андоз ба ҳадди эътидол оварда шудаанд. Имтиёзҳои дар кишвар фароҳамовардашуда устоҳоро ба касбу кори худ дилгарм месозанд. Боиси ифтихор аст, ки аз байни ҳунармандон қаҳрамонони Ӯзбекистон, устоёни халқӣ, соҳибони унвон ва мукофотҳои давлатӣ ба камол расидаанд. Ҳоло бо мақсади ба ҷавонон омӯхтани касбу ҳунар, мактаби «Устоду шогирд» созмон дода шудааст.
— Ҷавонон бояд касб омӯзанд, ҳунарашонро такмил диҳанд, обрӯ ва нуфузи мамлакатамонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоранд, — мегӯяд Ҳамидулло Азимов. – Ман ният дорам, ки устохонаамро васеъ карда, дар вилоят дуконҳои нав кушоям ва намудҳои маҳсулотамро афзоям. Барои ин алҳол дар кишвар тамоми имконият ва шароит мавҷуд аст.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Дар сурат: устои ҳунарманд Ҳамидулло Азимов.