ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

3. Қалъаи Нур

Қалъаи Нур яке аз ёдгориҳои таърихиву қадимист, ки дар наздикии «Чашма»-и муқаддас ҷойгир аст. Номи кӯҳнаи қалъаро таърихнигорон ба маънои «Нури Бухоро» низ истеъмол кардаанд. Ба гуфтаи таърихнигорон қалъа садсолаҳо пеш сохта шудааст, аммо бо мурури замон хеле фартут шудааст.
Бино ба маълумотҳои бостоншиносӣ қалъа дар солҳои 329-327 пеш аз милод, ҳангоми ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ аз нав сохта шуда, дарозии он то 22 км тавсеа ёфтааст. Қалъаи қадимӣ дар қисми болоии шаҳр воқеъ гаштааст ва чашма аз зери он ҷорист. Дар замонҳои қадим атрофи Қалъаи Нур ва шаҳр бо девори мудофиа иҳота гирифта шудааст. Шаҳри қадима аз чаҳор қисмат иборат буда, ҳар як қисми он гузаргоҳҳои худро доштааст. Деворҳо ва манораҳои қалъа хеле хуб тарҳрезӣ шуда будаанд. Аз нуқтаи баландтарини қалъа дидбонҳо атрофро дидбонӣ мекардаанд ва дар сурати зарурат хабар медодаанд, ки хавф, таҳдид мекунад ва бояд омодагӣ гирифт. Инчунин, қалъа ҳафт бурҷ доштааст ва тавассути гузаргоҳҳои зеризаминии он имкони истифода аз оби чашма фароҳам оварда шудааст.
Ҳар як сайёҳ зимни сафар ба Нурато ҳатман аз Қалъаи Нур боздид хоҳад кард ва бо таърихи он аз наздик ошно хоҳад шуд. Зеро ҳар як варақи таърихи ин минтақаи табиаташ зебову фусункор қобили пажӯҳиш ва тарғибу ташвиқ мебошад.

4. Саёҳат ба соҳили Айдаркӯл 

Ин кӯл дар наздикии шаҳри Нурато ба таври сунъӣ бунёд шудааст. Айдаркӯл дар биёбони Қизилқум воқеъ гаштааст. Маълум шуд, ки аҳолии маҳаллӣ онро дарёи Фирӯзаи биёбон меноманд ва ин тааҷҷубовар нест, зеро дар байни биёбон арзи вуҷуд намудани чунин кӯли калон мӯъҷиза мебошад.
Таърихи кӯли Айдаркӯл хеле ҷолиб мебошад: то миёнаҳои асри гузашта кӯлро замини хушки бенам иваз мекард. Дар фасли баҳор дар ин ҷо кӯле ба номи Тузкон ба вуҷуд омада, бар асари гармии рӯз бухор мешудааст. Дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта дар пеши дарёи Сир сарбанд сохтаанд. Дар як вақт нерӯгоҳи барқи обии Шардара бунёд ёфтааст. 
Барои он ки сатҳи оби рӯдхона назорат шавад, шлюзҳо насб карда шудаанд. Соли 1969 сели калон ин шлюзҳоро кушодааст. Агар обанбори Шардара пур шавад, оби дарёи Сир ба ин кӯл мерезад. Дар айни ҳол Айдаркӯл баъди баҳри Арал дуввумин кӯли калон дар Ӯзбекистон маҳсуб меёбад, ки масоҳати умумии он чаҳор километри мураббаъро ташкил намудааст.
Дар назди ин кӯл барои фароғат ҷойҳои махсус сохта шудаанд ва одамон дар мавсими гармо ин ҷо истироҳат мекунанд. Яке аз минтақаҳои экотуризм маҳз ҳамин ҷо бунёд ёфтааст, ки гуфта мешавад, ғайр аз сайёҳони маҳаллӣ таваҷҷӯҳи саёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудааст. Онҳо ин ҷо ташриф меоранд ва дар заврақҳо сайругашт мекунанд, худро обутоб медиҳанд. Гузашта аз ин, Айдаркӯл ҷойи дӯстдоштаи моҳидорон низ мебошад.

5. Хаймаҳо – маскани сайёҳон

 Вақте ки автобус аз роҳи калони мумфарш тоб хӯрда, тавассути роҳи пурпечутоб ба умқи биёбони беканор ҳаракат кард, ҳайрон шудем, ки ин роҳ моро то куҷо хоҳад бурд. Роҳбаладамон ин ҳайрати моро дида гуфт, ки ҳоло ба маркази сайёҳие меравем, ки дар байни ин биёбони беканор бунёд ёфтааст. Баъди чанд лаҳза галаи шутурҳоро дидем, ки дар биёбон чаро мекарданд. 
Сонӣ якчанд хаймаҳоро дидем. Маълум шуд, ки ба далели боду шамоли сахти ғайримунтазира ин хаймаҳоро дар чунин ҷои чуқурии биёбони Қизилқум сохтаанд. 
– Ин ҳамеша ҷои дӯст-доштаи сайёҳонест, ки мехоҳанд дур аз шаҳр ва рутубати он бошанд, аз ҳавои софу беғубор нафас гиранд, шири шутур хӯранд ва саломатии худро мустаҳкам намоянд, – гуфт роҳбалад.
Дарҳақиқат, як гурӯҳ сайёҳони олмониро ин ҷо вохӯрдем. Ба гуфтаи Сузанна Ҳейм онҳо чанд соат муқаддам аз мо ба ин ҷо омадаанд ва бо сайёҳони дигар пайвастаанд. 
– Ҳаргиз гумон намекардам, ки дар умқи биёбони беканор чунин як маскан бунёд кардан мумкин аст, ки аз тамоми шароит бархурдор мебошад. Нархи навои он низ ба мо маъқул афтод ва тасмим гирифтем, ки як ҳафта ин ҷо монем, – афзуд Сузанна Ҳейм.
Вақте ки шом фаромад, ҳама атрофи гулхан нишастем. Маълум шуд, ки аксари  журналистон бори аввал дар чунин сукунати шабу умқи биёбон дар атрофи гулхан гирдиҳам омадаанд. Баъд таронаҳои қазоқиву ӯзбекӣ садо дод ва ҳама машғули рақсу бозӣ шуданд. 
Мо шабона бо таассуроти хеле бой минтақаи мӯъҷизавии биёбони Қизилқумро тарк кардем ва ба шаҳри Навоӣ баргаштем.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: