Шаҳри азими Самарқандро беҳуда Гавҳари Шарқ наменоманд.
Шаҳри азими Самарқандро беҳуда Гавҳари Шарқ наменоманд. Тӯли чанд аср аст, ки шаҳр эътибори ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд. Навор ё аксҳоро оид ба Самарқанд дидаему шунидаем, вале онро бо чашми худ дидаву дар ин олами сеҳрангез сайр намудан касро ба таърихи чандасра ошно месозад.
Мо – хонандаҳои синфи 11-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 34-уми ноҳияи Сайҳунобод, барои пурмазмун ва шавқовар гузаронидани таътили чоряки якум, роҳи Самарқанди азимро пеш гирифтем. Ин саёҳат бо ташаббуси роҳбари синф ва Иттифоқи ҷавонони маърифатгоҳ Обидҷон Нуров ташкил гардид ва барои мо олами мӯъҷизавиро боз кард. Воқеан, он орзуи деринаи мо буд. Дар давоми дарс дар бораи зебоӣ ва таърихи Самарқанд аз омӯзгорон бисёр шунидаем ва вақте ки ҷойҳои муқаддас, таърихӣ ва қадимии онро бо чашмони худ дидем, тасаввуротамон доир ба он бештар шуд. Сафари мо тавассути шоҳроҳе, ки вилоятҳои Ҷиззах ва Самарқандро мепайвандад, сурат гирифт. Дар ин сафар моро омӯзгорони мактаб Гулзора Муроддинова ва Обидҷон Нуров роҳбаладӣ карданд. Сараввал мо ба зиёратгоҳи Имом ал-Бухорӣ рафтем. Баъдан майдони машҳури Регистонро, ки мардуми оламро мафтун кардааст, тамошо кардем. Мадрасаҳои Тиллокорӣ, Шердор ва Улуғбек, ки дар ин ҷо қад афрохтаанд, ҳар кадом таърихи хоси худро доранд. Хона-музейи устод Садриддин Айниро зиёрат намудем. Мизу курсиҳои корӣ ва меҳмонхонаву айвонҳои хонаи устодро дидем. Ҳамаи асарҳои адиб дар айвони хона-музей гузошта шудаанд. Дар ин ҷо мудири осорхона Собир Келдиёров дар бораи фаъолияти осорхона маълумоти муфассал дод. Тавре ки вай гуфт, ба наздикӣ он таъмиру тармим гардида ба як бинои зебо табдил меёбад. Обидаҳои таърихии шаҳр, аз қабили маҷмӯаҳои ёдгории Гӯри Амир, Шоҳизинда, Бибихонум, муҷассамаҳои дигарро тамошо кардем. Дар шаҳр сайёҳони ватаниву хориҷӣ буданд. Аз растаҳои бозори Сиёб ва дуконҳои савдои шаҳр совғотиҳо – ҳалвову қанд ва нони Самарқанд харида, бо умеди дидор ва зиёрати минбаъда бозгаштем.
Санҷар СУЛТОНОВ,
хонандаи мактаби рақами
34-уми ноҳияи Сайҳунободи
вилояти Сирдарё.