ХАБАРИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ БИСТУ ЯКУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ БИСТУ ЯКУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
19 ноябри соли 2021 дар Тошканд  ҷамъомади умумии бисту якуми Сенати Олий Маҷлис кори худро идома дод.
Дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс гузашт, аъзои ҳукумат ва роҳбарони идораҳо, аъзои Парлумони ҷавонони назди Сенат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Ба кори ҷамъомади умумӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева раҳбарӣ кард.
Кори ҷамъомади умумӣ бевосита дар сомонаи расмии Сенати Олий Маҷлис ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд.
Аввал сенаторон Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи вазъияти фавқулодда»-ро  баррасӣ намуданд. 
Таъкид гардид, ки қабули Қонуни мазкур ҳамчун санади барномавӣ дар ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар ҳолати ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда дар кишвар хизмат хоҳад кард.
Қонун меъёрҳоеро, ки ба танзими муносибатҳои аз ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда бароянда нигаронда шудааст, дар бар мегирад. Аз ҷумла, меъёрҳо дар бораи шартҳо ва тартиби ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда, чораҳо ва маҳдудиятҳои татбиқшаванда, мақоми махсуси давлатӣ дар давраи вазъияти фавқулодда, кафолатҳои ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдор дар вазъияти фавқулодда ва дигар қоидаҳои махсусе, ки фаъолияти судҳоро дар шароити ваъзияти фавқулодда  ба танзим медароранд, мустаҳкам карда шудаанд.
Қонун як қатор тадбирҳоро, аз қабили чораҳои фавқулода ва дараҷаи таъсири онҳо, муқаррар намудани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин, ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳои иловагӣ, вақти эътибор пайдо кардани онҳо, инчунин муҳлати вазъияти фавкулоддаро ба танзим меорад.
Қонун ҳадафҳои эълони вазъияти фавқулоддаро дақиқ муайян кардааст. Ҳадафи асосии он таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва якпорчагии арзӣ мебошад.
Бо қонун муқаррар карда мешавад, ки муҳлати амали вазъияти фавқулодда, ки дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ карда мешавад, набояд аз сӣ шабонарӯз, дар ҷойҳои ҷудогона — шаст шабонарӯз зиёд бошад, аммо ин қарорро ҷамъомади муштараки парлумон тасдиқ намояд. Вазъияти фавқулодда мумкин аст бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳлати дигар, агар ба мақсадҳои эълон намудани вазъияти фавқулодда ноил нагардида бошад, дароз карда шавад. Аммо муқаррар мегардад, ки ин фармон бояд дар ҷаласаи муштараки палатаҳои порлумон тасдиқ карда  шавад.
Дар баробари ин, Қонун истифодаи қувва ва воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ба Низоми давлатии пешгирӣ ва чораҷӯӣ дар ҳолатҳои фавқулодда барои таъмини вазъияти фавқулодда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил карда шудаанд, пешбинӣ менамояд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷуз аз қувваҳо ва воситаҳои дар боло зикршуда, қувва ва воситаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мумкин аст барои нигоҳ доштани ҳолати фавқулодда ҷалб карда шаванд. 
Қонун ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки кишварҳои ҳамсоя аз ҷорӣ шудани вазъияти фавқулодда тавассути каналҳои дипломатӣ огоҳ карда шаванд.
Қонун аз ҷониби сенаторҳо тасдиқ карда шуд.
Сипас Қонун «Дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қонун мафҳумҳои асосиро, аз қабили мониторинги ифлосшавии муҳити зист, иттилооти гидрометеорологӣ, падидаҳои гидрометеорологӣ, равандҳо, фаъолияти гидрометеорологӣ, маълумоти махсуси гидрометеорологӣ, минтақаи посбонӣ, иттилооти фавқулоддаи гидрометеорологӣ, маълумоти умумии гидрометеорологиро муайян кардааст.
Дар Қонун инчунин тамоюлҳои асосӣ, объектҳо, субъектҳои фаъолияти гидрометеорологӣ ва ташкилотҳои махсус пурра муайян карда шудаанд.
Тибқи Қонун огоҳиҳои расмӣ, пешгӯиҳо ва дигар маълумоти обуҳавошиносии марбут ба таъмини амнияти ҳаёти аҳолӣ, пешгирии зарари эҳтимолӣ ба истеъмолкунандагони он танҳо аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дода мешаванд.
Ҳуҷҷат инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони иттилооти гидрометеорологӣ, тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гидрометеорологӣ, маблағгузории онҳо, ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ ва як қатор меъёрҳои дигарро пешбинӣ мекунад. 
Қабули Қонун ба такмили минбаъдаи усулҳои илмии фаъолияти гидрометеорологӣ, мушоҳида ва коркарди маълумот, рушди низоми таъмини мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ, дигар ташкилотҳо, аҳолӣ бо иттилооти гидрометеорологӣ, таҳкими минбаъдаи минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ мусоидат хоҳад кард.
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Пас аз ин  Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани маъмурияти андоз» баррасӣ гардид. 
Дар Қонун муқаррар карда мешавад, ки дар давраи то 1 январи соли 2024 субъектҳои соҳибкории навтаъсис (ба ғайр аз кластерҳо) дар ноҳияҳои  Бандихон, Қизириқ, Музробод, Шеробод, ноҳияҳои куҳӣ ва ҳудудҳои майдонҳояш шӯрбастаи вилояти Сурхондарё, ки фаъолияташонро бо гузоштани қайди давлатӣ дар ноҳияҳои мазкур (ҳудудҳо) амалӣ менамоянд, аз пардохти андози замин аз шахсони юридикӣ, андози амволи шахси юридикӣ, андози гардиш,   маблағи ҳисобшудаи андози даромади шахсони ҷисмонӣ  барои соҳибкорони инфиродӣ озод карда мешаванд.
Ғайр аз ин, дар давраи аз 10 сентябри соли 2021 то 1 январи соли 2024 субъектҳои соҳибкории навтаъсис (ба ғайр аз кластерҳо) дар ноҳияҳои куҳӣ ва ҳудудҳои заминҳояш шӯрбастаи вилояти Сурхондарё, ки фаъолияташонро  дар ин худудҳо бо гирифтани қайди давлатӣ амалӣ менамоянд,  андози даромад бинобар ставкаи андоз, ки аз ставкаи муқарраршудаи андоз 50 фоиз кам мебошад,  месупоранд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар натиҷаи ҷорӣ кардани имтиёзҳо дар ин ҳудудҳо зиёда аз 1400 субъекти соҳибкорӣ аз нав ташкил карда шуда, дар ихтиёри онҳо 13 миллиарду 400 миллион сӯм боқӣ мемонад.
Ба ғайр аз ин, барои дастгирии субъектҳои соҳибкорие, ки бо моҳипарварӣ, чорвопарварӣ ва паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Сирдарё, Оқолтин ва Мирзаобод, ки дар натиҷаи садамаи техногенӣ дар обанбори Сардоба соли 2020 зарар дидаанд, имтитёзҳои муваққатии андоз ҷорӣ карда мешаванд.   
Аз 1 майи соли 2020 то 1 ноябри соли 2022 аз пардохти андози замин аз шахсони юридикӣ ва андози мулк шахсони юридикии хоҷагиҳои моҳипарварӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ, ки дар оқибати ҳодисаи фавқулодда дар ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин ва Мирзаободи вилояти Сирдарё  зарар дида, рӯйхати онҳо аз ҷониби Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Сирдарё тасдиқ мегардад, озод карда мешаванд. 
Дар натиҷа аз рӯйи ҳисобҳо дар ихтиёри 69 хоҷагии моҳипарварӣ, 41 чорводорӣ ва 5 фермаи мурғпарварӣ ба миқдори бештар аз 1 миллиард сӯм боқӣ мемонад.
Қонун инчунин ворид намудани меъёрҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро пешбинӣ мекунад.
Аз ҷумла, барои ба таври сунъӣ боло бурдан ё паст кардани нархҳои молу хизматрасонӣ вобаста ба шакли пардохти онҳо бо пули нақд ё бо кортҳои пластикӣ, инчунин вайрон кардани қоидаҳои тамғаи рақамӣ бо роҳи шиносоӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони мол (маҳсулот), ки барои онҳо қонунгузорӣ тамғаи рақамии ҳатмӣ муқаррар намудааст, ҷавобгарӣ муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар Кодекси андоз қоидаи дахлдор ворид карда мешавад, ки дар он беғаразии амалҳо оид ба татбиқи назорати андоз бояд тавассути наворбардории видео ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият бо иштироки холисҳо таъмин карда шавад.
Дар айни замон, дар Қонун ба Девони Вазирон додани ваколати Вазорати молия ва Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қабули як қатор ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки тартиби ситонидани ҷарима барои ҳолатҳои сари вақт пешниҳод накардани супоришномаҳои инкассавӣ ба корхонаҳое, ки аз пардохти маблағ ба буҷет қарздор ҳастанд, бекор карда мешавад.
Сенаторон Қонуни мазкурро тасдиқ карданд.
Сипас, сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати минбаъд такмил додани низоми кафолати ҳуқуқи кӯдакон»-ро баррасӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар тӯли солҳо заминаи институтсионалӣ ва ҳуқуқии ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдакон ба таври қатъӣ беҳтар гардонда шуд, ба пешгирии бармаҳали беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо байни кӯдакон, дастгирии давлатии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакони аз ҳуқуқи падару модар маҳрумшуда  ғамхорӣ бо ҷалб намудани оммаи васеъ ба амал бароварда мешавад.
Дар идомаи ин ислоҳот ба Қонун як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
Аз ҷумла, қонуни ҷиноятӣ бо мақсади таҳкими инсондӯстӣ нисбат ба ноболиғон синни ҷавобгарии ҷиноятиро аз сенздаҳ то чордаҳсола муқаррар кардааст.
Ҷазо барои ҷиноятҳои зидди озодии ҷинсии ноболиғон, аз ҷумла барои кирдорҳои ношоиста нисбати кӯдакон сахттар мешавад.
Мӯҳлати пурсиши ҷабрдида ё шоҳиди ноболиғ низ дақиқ муайян карда шуда, дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ иштироки равоншинос дар пурсиши ҷабрдида, шоҳид, гумонбаршуда ё айбдоршавандаи ноболиғ пешбинӣ шудааст.
Дар натиҷаи қабули қонун дар кишвари мо ҳифзи самараноки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон таъмин гардида, қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Қонун аз ҷониби сенаторҳо тасдиқ карда шуд.
Сипас Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати минбаъд такмил додани қонунгузорӣ дар бораи объектҳои моликияти зеҳнӣ» баррасӣ гардид. 
Қонуни мазкур ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кооператсия», «Дар бораи ихтироҳо, намунаҳои моделҳои фоиданок ва саноатӣ», «Дар бораи адвокатура», «Дар бораи нишонҳои мол, нишонҳои хидматрасонӣ ва номҳои ҷойи тавлиди молҳо», «Дар бораи номҳои фирмавӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба назар мегирад.  Муқаррар шудааст, ки автоматикунонии як қатор хидматрасониҳо ва расонидани ёрии техникӣ, аз ҷумла бақайдгирии оинномаи кооперативҳо, бақайдгирии машваратҳои ҳуқуқӣ, бақайдгирии бюроҳои адвокатҳо, фирмаҳои адвокатӣ ва коллегияҳои адвокатҳо минбаъд аз ҷониби марказҳои хадамоти давлатӣ амалӣ карда мешавад. 
Ваколатҳои Агентии моликияти зеҳнии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қабули қоидаҳои истифодаи қонунгузорӣ дар бораи объектҳои моликияти саноатӣ ва тартиби пардохти ҷаримаҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бекор карда шуданд. 
Илова бар ин, асосҳо ва тартиби ситонидани ҷарима барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи объектҳои моликияти саноатӣ ва тартиби пардохти ҷарима аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ муайян карда шуданд.
Доираи субъектҳое, ки метавонанд тамғаи молиро ба қайд гиранд, васеъ карда шуд. Ғайр аз он, ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд тамғаи молиро ба номи худ ба қайд гиранд. Қаблан муқаррар шуда буд, ки ин ҳуқуқ танҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дода мешавад.
Ба ғайр аз ин, асос ва тартиби андохтани ҷарима барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи номҳои фирмавӣ, нишонҳои молӣ ва номҳои ҷойи истеҳсоли молҳо, инчунин тартиби пардохти ҷарима аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ муайян шудаанд. 
Муносибатҳои ҳуқуқии байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, ки бо тамғаи молӣ алоқаманданд, дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ танзим карда мешаванд. Ҳамин тариқ, меъёри нав ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он боҷи давлатӣ дар ҳаҷми муқарраршуда, барои иваз кардани аризадиҳанда вобаста ба гузаштани ҳуқуқ ба ариза дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ба манфиати шахси дигар ё барои бақайдгирии шартнома  оид ба интиқоли ҳуқуқ ба тамғаҳои молӣ пардохта мешавад.
Ворид намудани чунин тағйироту иловаҳо аз ҷониби Қонун барои афзоиши назарраси рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ имконият фароҳам меорад. Тасарруфи  объектҳои моликияти зеҳнӣ маънои нуфуз ва эътирофи махсус барои ширкатҳои миллӣ, ки ба роҳи рушд қадам гузоштаанд, муассисаҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, мебошад. Ин як сигнали хубест барои сармоягузорони хориҷӣ, ки мехоҳанд бо тамғаи молӣ ё намунаи саноатии худ вориди кишвар шаванд.
Қонун аз ҷониби сенаторҳо тасдиқ карда шуд. 
Дар ҷамъомади умумӣ инчунин Қонун «Дар бораи дохил кардани илова ва тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон» баррасӣ гардид.
Алҳол мушоҳида мешавад, ки аксаран маълумот дар бораи молҳо ва қоидаи савдо ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд, ки он ба пурра истифода шудани ҳуқуқи истеъмолгарон монеа мегардад. Ҳодисаҳои ба муоҳида дохил кардани шартҳое ба назар мерасанд, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва сабукиҳову имтиёзҳоеро, ки мувофиқи қонунгузорӣ барои истеъмолгар пешбинӣ гардидаанд, халалдор мекунанд.
Дар ҳуҷҷатҳои дарамали қонунгузорӣ ваколати Оҷонсии оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, иттиҳодияи ҷамоатии истеъмолгарон ба дараҷаи мукаммал сабт нагардидаанд.
Қонун механизмҳои нави танзими муносибатҳои ҳуқуқии байни истеъмолгар ва фурӯшанда (тайёркунандаи маҳсулот, расондадиҳандаи корҳо ва хидматҳо), ҳамчунин талаботи нав, аз ҷумла ба истеъмолгар пешниҳод кардани ҳуқуқи бартарӣ дар муносибатҳои шартномавӣ барои қонеъ сохтани талаботи ӯ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, ҳамчунин ба муоҳида дохил накардани шартҳоеро, ки ҳуқуқи дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаи истеъмолгарро халалдор мекунад, ворид менамояд.
Ба фурӯшанда муқаррар кардани нархҳои гуногун барои ҳамон як навъи мол (модел, артикул) вобаста аз шакли пардохт, бо назардошти он, ки пардохти мол аз ҷониби истеъмолгар метавонад дар шакли нақд ё худ ғайринақд амалӣ шавад, манъ карда мешавад.
Баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми амалӣ кардани ҳисобу китобҳои тарафайн дар мавриди бозгардондани моли нуқсондор ё худ моли дорои сифати оптималӣ ба миён меоянд, мушаххас карда мешаванд.
Аз ҷумла, ба истеъмолгар баргардондани миқдори пули пардохтшуда дар ҳамон шакле амалӣ мегардад, ки пардохт барои мол, агар дар муоҳидаи ҷонибҳо тарзи дигар пешбинӣ нашуда бошад, амалӣ шуда буд.
Меъёре ҷорӣ карда хоҳад шуд, ки мувофиқи он дар мавриди тасдиқ гардидани нуқсони мол (кор, хидмат) ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мувофиқат накардани он, фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрогар) бояд хароҷотеро, ки бо санҷиш (имтиҳон, экспертиза)-и молҳо (корҳо, хидматҳо)-и истеъмолгар ё худ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгари бо хости ӯ омада, пурра сарпӯш кунад.
Ғайр аз ин ҳуқуқ ва ваколати Оҷонсии оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ба сифати мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки сиёсати ягонаи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоту созмонҳои давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва танзими бозори реклама амалӣ мекунад, қонунан сабт карда мешавад.
Ба мақсади пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба халалдор кардани ҳуқуқи истеъмолгарон ҳангоми фурӯши молҳо бо истифодаи низомҳои иттилоотӣ бинобар намуна ва (ё худ) маълумот дар бораи онҳо талаботи махсусе ба сифати моддаи нав ворид карда мешавад, ки ин муносибатҳоро ба танзим медароварад.
Баробари ин дар Қонун ваколат ва ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон дақиқ карда мешаванд.
Ҳуҷҷат низом дар бораи истеҳсолкунанда, қоидаҳои савдо ва хидматрасонӣ, дар бораи расондани маълумоти пурраи маҳсулот ба истеъмолгар бо забони давлатӣ, дар бораи ҳодисаҳои гузаронидани экспертизаи молҳоро дар бар мегирад.
Қонун ҳамчунин бо меъёрҳое, ки ба роҳ надодану пешгирӣ кардани халалдоркунии ҳуқуқи истеъмолгарон ҳангоми фурӯши масофавии молҳо (корҳо, хидматҳо) бо истифодаи низомҳои иттилоотӣ нигаронида шудааст, пурра гардидааст.
Қабули Қонун ба пешгирии вайронкунии ҳуқуқи истеъмолгарон, баланд бардоштани масъулияти фурӯшанда дар назди истеъмолгар мусоидат менамояд.
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонун «Дар бораи ворид кардани иловаҳо ва тағйирот ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба қабул гардидани чораҳои иловагӣ бобати таъмин сохтани кафолати ҳуқуқи заноне, ки дар вазъи мураккаби иҷтимоӣ мондаанд», баррасӣ шуд.
Мувофиқи Қонун ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон», «Дар бораи ҳифзи занон аз фишор ва зӯроварӣ» ва «Дар бораи ба рӯйхатгирии аҳолӣ» тағйирот ва иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Бинобар тағйироти воридгардида ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо бо ваколатҳо бобати мушаххас кардани чораҳо бинобар ҳифзи заноне, ки ба фишор ва зӯроварӣ гирифтор шуда, ба ҷамоати шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ҳамчунин саривақт аз ин санадҳо огоҳкунии марказҳои дахлдори реабилитатсия ва адабтатсияи бонувон, мақомоти корҳои дохилӣ, дар ҳудуди маҳалла ошкор кардани шахсоне, ки фишор ва зуровариро содир кардаанд ё худ ба чунин иллатҳо майл доранд, иштирок дар корҳои профилактикӣ бо онҳо таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин ваколати мақомоти оид ба меҳнат бобати ҳифзи занон аз фишор ва зӯроварӣ васеъ карда мешавад. Минбаъд мақомоти оид ба меҳнат бобати таъмин кардан бо шуғл, ҷалб намудан ба соҳибкорӣ ва касбомӯзии заноне, ки кор меҷӯянд ва дар вазъи душвори иҷтимоӣ афтодаанду бо мушкилот ва зӯроварии оилавӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, чораҳо меандешанд.
Зикр шуд, мувофиқи Қонун муқаррар гардидааст, ки Вазорати нигаҳдории тандурустӣ бобати кӯмаки аввалияи тиббӣ, баргузор кардани назорати тиббии гирифторони фишор, зӯроварӣ ва фарзандони онҳо, аз ҷумла онҳое, ки ба маркази реабилитатсия ва адабтатсияи занон расонда шудаанд, ҳамчунин бинобар табобати ройгони гирифторони фишор ва зуроварӣ чораҳо андешида мешаванд.
Қабул гардидани Қонун ба таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии кӯмакрасонӣ ва дастгирии бонувоне, ки дар вазъи мураккаби иҷтимоӣ қарор доранд, ба дараҷаи сифатан нав бардоштани кори кӯмакҳои нишонадор мусоидат хоҳад кард.
Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Пас аз ин Қонун «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани низоми карантин ва ҳифзи рустаниҳо» баррасӣ шуд.
Қонун дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ ва Қонун «Дар бораи карантини рустаниҳо»-ро пешбинӣ менамояд.
Аз ҷумла, дар Кодекс оид ба масъулияти маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушаххаскунии ҷавобгарӣ барои вайронкунии талабот (чораҳо)-и фитосанитарӣ ва қоидаҳои дигар бинобар мубориза бо объекти карантини рустаниҳо ва дигар мавҷудоти зараррасон, яъне халалдоркунии талаботи фитосанитарӣ ва қоидаҳои дигар оид ба мубориза бо объекти рустаниҳои карантинӣ ва мавҷудоти дигари зараррасон ҳангоми истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, коркард, фурӯш ва нобудкунии маҳсулоти таҳти карантин, ҳамчунин вайронкунии чораҳои фитосанитарӣ, яъне наандешидани чораҳо бобати пешгирии паҳншавии объектҳои карантини рустаниҳо ва мавҷудоти дигари зараррасон дохил карда мешавад.
Ғайр аз ин, барои чунин қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла халалдоркунии қоидаҳои ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон кашондан ва аз ҳудуди он баровардани маҳсулоти таҳти карантин ҷавобгарӣ муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи Қонун ҳамчунин муқаррар карда мешавад, ки Оҷонсии оид ба карантин ва ҳифзи рустаниҳо мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ бинобар карантин ва ҳифзи рустаниҳо ба шумор меравад. Ҳамчунин вусъат додани ваколатҳои он, баланд бардоштани масъулияти инспекторони давлатии оид ба карантини рустаниҳо пешбинӣ мегардад.
Мувофиқи ҳуҷҷат ба низоми Хидмати давлатӣ оид ба карантин ва ҳифзи рустаниҳо дохил кардани сохторҳои зерин, аз ҷумла шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и карантин ва ҳифзи рустаниҳои Оҷонсии оид ба карантин ва ҳифзи рустаниҳо, Маркази ҷумҳуриявии таҳлили агрокимёӣ, хидмати мубориза бо малах ва шапалаки тут дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо, Маркази ҷумҳуриявии «Биосифат», нуқтаҳои сарҳадии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ оид ба карантини рустаниҳо, нуқтаҳои сарҳадии байнидавлатӣ оид ба карантини рустаниҳо пешбинӣ мегардад.
Ғайр аз ин бо почта ва хидматҳои курерӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба нишонии шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зисту зиндагонӣ мекунанд, ҳамчунин дар борхалтаҳо кашондани маҳсулоти таҳти карантин қарордоштаи бо зиёни баланди фитосанитарӣ, аз ҷумла ниҳолҳо барои нишондан, пайванд ва паҳн кардан манъ карда мешавад. 
Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас сенаторон Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ба муносибати озодгардонии ҷазоҳои маъмурӣ барои содир намудани баъзе қонуншиканиҳо дар соҳаи нақлиёт ва молия»-ро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси роҳбари давлат тӯли панҷ соли охир дар мамлакат бобати таъмин сохтани волоияти қонун, ҳамчунин бинобар ташаккул додани пойгоҳи муназзами қонунгузорӣ, пойгоҳи ҳуқуқии таъмин кардани ислоҳоти татбиқшудаистода як қатор чораҳо андешида шуданд.
Тавре ки маълум аст, ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки дар Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ муқаррар шудааст, ба талаботи кунунӣ ва дараҷаи хатар куллан мувофиқат намекунанд.
Қонун санксияҳои моддаи 5-умро бо назардошти дараҷаи хавфи қонунвайронкунии маъмурӣ ихтисор мекунад. Аз ҷумла, миқдори ҷаримаҳо бинобар надоштани полисҳои суғурта барои соҳибони воситаҳои нақлиётӣ ё худ бо полисҳои муҳлаташон гузаштаи суғуртавӣ идора кардани нақлиёт ё аз ҷониби шахсе, ки номаш дар полиси суғуртавӣ зикр нагардидааст, идора шудани нақлиёт, мусофиркашонӣ бидуни рухсатнома, вайрон кардани низоми шиносномавӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардан ё худ аз ҷониби шаҳрвандон дуздида шудани арзишҳои асъорӣ коҳиш дода мешавад.
Сенаторон ҳамчунин изҳор доштанд, ки тағйирот ба ронандагон имкон медиҳад ҳангоми идораи воситаи нақлиёт аз bluetooth, воситаҳои шунавоӣ ва ғайра, ки ба гуфтушуниди бидуни истифода аз дастҳо имконпазир аст, истифода бубаранд.
Ҷавобгарӣ барои гузоштани монитор (дисплей) дар қисмати пеши солуни воситаи нақлиёт бекор карда шуд, ҳамчунин ҳисобу китоби аз суръати ҳаракати нақлиёт километр-соат тарҳ кардани 5 километр, ки туфайли воситаҳои махсуси суръатсанҷ, ки  сураът ва спидометри воситаҳои нақлиётро месанҷанд, ба қайд гирифта шудааст, ҷорӣ гардид.
Ғайр аз ин дар мавриди бо худ доштани шиносномаи биометрӣ (корти идентификатсионии ID), ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ё худ муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудааст, аз ронанда бо худ доштани ҳуҷҷат барои ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт, ҳуҷҷат барои қайди воситаи нақлиёт, ҳамчунин ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи идоракунӣ, истифодабарӣ ё худ ихтиёрдорӣ ба воситаи нақлиётро дар мавриди набудани соҳиби он медиҳад, полиси суғурта бинобар суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт тақозо карда намешавад.
Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Дар ҷамъомади умумӣ 15 масъала, аз он ҷумла 9 қонун баррасӣ гардид.
Бо ҳамин кори ҷамъомади умумии бисту якуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба охир расид.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: