ЗУҲУРИ ОЛИИ ИНСОНПАРВАРӢ

Ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармонро «Дар бораи афви гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ мегузаранд, аз кирдори худ самимона пушаймон гардида, қатъан ба роҳи ислоҳ даромадаанд», имзо кард.

Бинобар Фармон мутобиқи банди 23-юми моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 182 шахсе, ки барои ҷиноят давраи ҷазоро мегузаронанд, аз кирдори худ самимона пушаймон гардида, қатъан ба роҳи ислоҳ даромадаанд, афв гардиданд.
Аз ҷумлаи афвгардидагон 3 нафар пурра аз гузаштани давраи ҷазои асосӣ озод гардида, 108 нафар аз давраи ҷазои шартӣ - пеш аз муҳлат озод гардида, нисбати 8 нафар ҷазои муқарраргардида ба ҷазои нармтар иваз карда шуд. Ғайр аз ин муддати ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ, ки нисбати 63 нафар муқаррар гаштааст, кӯтоҳ карда шуд.
Дар байни афвгардидагон 6 нафар шаҳрванди давлати хориҷӣ, 6 нафар мардони синни аз 60 боло, 9 нафар занон, 25 нафар шахсоне, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъгардида иштирок намудаанд, мебошанд.
Дар доираи татбиқи Фармон ба вазорат ва идораҳои масъул дар бобати баргардондани шахсони афвгардида ба назди оила ва наздикон, ҳамдастӣ ба онҳо дар мутобиқгардии иҷтимоӣ, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ишғол намудани ҷойи муносиб дар ҷамъият супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: