РАФИҚИ МУНОФИҚ

Дар ҳамин асно садои тақ-тақи дар баланд шуд.

Дар ҳамин асно садои тақ-тақи дар баланд шуд. Ҳусния, ки бо умедвории шадид мунтазири шавҳар меистод ва дар тӯли умри ҳамсарӣ боре ҳам ин гуна иштиёқро ҳис накарда буд, ҳаросон ба даҳлез баромаду беист занҷири дарро боз кард. Дилаш мехост баробари дидани марди хона худро ба оғӯши ӯ партояд, дар бағалаш ҷо шуда ҳама тарсу ваҳму ларзаҳои танашро фаромӯш кунад. Дигар сабр аз даст рафта буд, бадтинатӣ ва қилиқҳои ноҷӯри додаршӯ ӯро билкул ба танг оварда, охирин чора – аз хона рондани Хумсарро аз лавҳи хотир мегузаронд. Аммо...
Ҳусния дари даромадро боз карду ҳавсалааш пир шуд. Бо дидани симои махмуру гирифта, лабу даҳони кафолуду чашмони аз ғояти карахтию мастӣ базӯр боз ва сарутани овезони дар хоку гил андуда хунаш ба сар давид. Ҷойи ин, ки дарди дил гӯяд, бо каҳр исён бардошт:
– Садқаи одам шавӣ! Масту аласт аз кадом гӯр меойӣ?! Ту ҳам хонаи киро месӯзӣ, нобакор?!
Аз лабҳои каҷукулаи мард базӯр шунида шуд:
– Нафа... са... та каш-ш... 
– Ту дар берун, додари касифат дар хона ба ғайр аз рафтори каҷу чиркин кори дигарро намедонед! Ба шумоён фақат муфтхӯрӣ бошад, нӯшу ишрат бошад... – Дар ҳоле ки ҳама умедаш ба бод рафта буд, Ҳусния бо хашм дарро баста, ба қафо гаштанӣ шуд, ки домани куртааш дар лойи чанголи шавҳар дармонд. Мард мисли саги ба ҷанг омода дандонҳои нимазарди сахт гозгирифтаи худро аз миёни лабҳои ба ду самт кашида нишон дода, чашмонашро калон кушода, бо ғуррос садо баровард: 
– Қан-ҷиқи но-шуд.., ба кӣ дод ме-за-нӣ!..  
Ҳамин дам овози Ҳуснияро, ки мехост ғазабашро бештар ба сари шавҳар резад, ғиреви додаршӯ аз самти айвон, ки омадани бародарашро шунида «ака, ака» гӯён садо дармедод ва гиряи чирросии кӯдаки ширмакаш Нозанин дар гулӯ хафа кард. Зан доманашро бо зарб кашида аз панҷаи шавҳар канд ва бе истиҳола ба самти тифли гирён давид. Марди сархуш бо шунидани садои имдодҷӯёнаи Хумсар калав-калавон, дасту панҷа ба девор такя дода, ба айвон гузашт. Ҳанӯз ӯ чизе нагуфта, дар сурате ки ёрои гап задан ҳам надошт, Хумсар бо иддао ба дарду ҳасрат даромад:
– Ака, дар куҷоҳо гаштаӣ? Бубин занат ба чӣ ҳол овард мана, лаънатӣ девона шудааст. Хоб дида аноӣ мегуфт, хостам ҳолпурсӣ кунам... – бародар бо як азоб банди дастҳояшро аз лӯлаи гармкун кушод, Хумсар худро сабук ҳис карда аз ҷо хест ва бо нӯги ангуштон пешониашро молида ба дурӯғаш афзуд: – Ногоҳ доду бедод кард, худаша ба ҷиннигӣ заду ба тарафи ошхона давид. Ҳайрон шудам, тарсида аз пасаш омадам. Мана диду гурги ваҳшӣ барин ба сарутанам дарафтод. Ин кам буд магар, чойники чойро гирифту ба сарам зад. Гаранг шудам, пеши чимҳома сиёҳӣ пахш кард, дигар намедонам чӣ шуд... Ба ҳуш омада бинам, аз ҳама ҷоям ба батарию турба баста мондаст... 
Бародар бо сари хам, дар ҳоле ки калавида сари по меистод, ангушти ишора ба осмон тик карду нимғурма, канда-канда гуфт:
– Ҳо-ло ист.., и.. қан-ҷи-қа ҷаз-з-оша ме-те-ям... 
Ҳусния дар назди тиреза нишаста Нозанинро мемаконд. Ҳарчанд пешонии духтаракро масҳкунон, аз ширмакии ӯ роҳат мебурд, як гӯшаи хаёлаш мушавваш буд. Эҳтимол дошт ҳар сония доду фарёди шавҳар ё додаршӯ баланд шавад. Аммо намедонист чӣ иттифоқе рух медиҳад. Ниҳоят, шишаи интизорӣ дар қоби хаёл шикаст. Дари хонааш тақаррос зада кушода шуд. Шавҳар чун сарбозҳои ба набард омода бо ниҳеб ба дохил қадам ниҳод. Аз чашмони алояш, ки каме пештар базӯр боз мешуданд, гӯё дуди оташ мебаромад. Дар ниҳояти ғазаб рагу пайи дастҳову рухсораш ба рӯ зада буданд. Ба маҳзи аз остона гузаштан канда-канда ба сари зан дод зад:
– Падар-саг, ту-ра... се тало-оқ кар-дам! – мард ин дафъа хеле ҳушёр менамуд, ҳоли абгори додар ингор ӯро ба худ оварда буд. – Гум шав, буро-о! Дафъ шав аз назарам!
Ҳусния даранг (ҳайрон шуд) монд, гӯё аз сараш як сатил оби ях рехта бошанд, тамоми вуҷудаш сард шуд. Беихтиёр Нозанинро маҳкам ба сари дил пахш карда ба по хест. Мехост ҳарфе гӯяд, аммо аз симои ваҳшатзада ва хашмогини шавҳар нафас дар дарун монд, сари ҷо шах шуда истод. Марди хунгирифта аз ин ҳолати ӯ бештар ба ғазаб омад, худро дошта натавониста наздик шуду ба китфи зан чангол зад ва бо зарб ба самти дар тела дод. Чун дид Ҳусния аз баромадан худдорӣ мекунад, кашидаю кушода як мушти обдор ба буни гарданаш фаровард. Зан бо зарби мушт ба девор бархӯрд, аммо чун кӯдак дар бағалаш буд, бо тамоми қувват худро сари по нигаҳ дошт. Ин дафъа овози шавҳар баландтар дар фазои хона печид:
– Буро, соята гум кун! Дигар ба ман ҳалол нестӣ... ту палашт7!
Аз пайи такон хӯрдану садои гӯшхарош як он кӯдак дар бағали модар дасту по зада, баланд гиря кард. Аз тарсидани ӯ Ҳусния бештар ба ваҳм омад, бехаёл худро аз дар ба берун зад...
***
Фалак дар қасди 
озорам чароӣ?
Гулам гар нестӣ, 
хорам чароӣ?
Ту, ки боре зи дӯшам 
барнадорӣ,
Миёни бор сарборам 
чароӣ?  
Ҳусния маҳзун канори гаҳвора нишаста бо садои кам шеър мегуфт. Бо якзайл ҷунбидан гаҳвора низ беист «ғиҷ-ғиҷ» овози якмаром бароварда ба сурудхонии соҳибаш ҳамоҳанг мешуд. 
Ҳамин дам Нозия омад, ду гӯшаи рӯмолашро аз зери гулӯ боз карда ба пеш сар дод ва дар паҳлуи духтар нишаст. Бо меҳр кафи даст ба рӯйи шонаи ӯ гузошта гуфт:
– Азизам, бисёр зиқ нашав. Бубин, ба писаронат нигарон будӣ, ҳар дуро овардем. Худоё шукр, ману додоят ҳастем, ҳама корат дуруст мешавад.
Ҳусния ба риққат омад, дидаҳои пури ашк ба модар дӯхта гунаҳкорона изҳор намуд:
– Маро бубахшед, очаҷон, одами ношуд баромадам, ҷуз зарару дарди сар чизе ба шумоён надодам. 
– Нагӯ ин хел, ту фарзанди моӣ, ҷону ҷигари моӣ...
Ногаҳон аз дами остона сару сурати Некрӯз намудор шуд. Ҳар ду баробар ба по хестанд. Некрӯз «шинед, шинед» гӯён бо даст ишора карду худаш низ дар канори хонтахта ҷо хуш кард. Ӯ чеҳраи афсурда ва чашмони сурхи Ҳуснияро дида гуфт:
– Боз гиря кардӣ, духтарам? Охир, чаро ба гап гӯш намекунӣ?
Ҳусния бо кафи даст рӯяшро пӯшонда сар хам кард. Як лаҳза сукунат ба миён омад. Нозия барои аз хиҷолат раҳондани ӯ мавзӯи суҳбатро тоб дод:
– Маҳалла чӣ гуфт?
– Ҳама афсӯс мехӯранд. Ҳуҷҷатора ба додгоҳ фиристоданд, то як моҳ ба муҳокима даъват мекардаанд.
– Одами паст баромад, кӯрнамак!
– Ҷони духтарам дар амон бошад, – афзуд Некрӯз, – ҳоло ист, чор анҷомаша фароҳам меоварам, бо бачаҳояш хушбахт зиндагӣ мекунад.
Нозия ҳарф назада Ҳусния ба суҳбат ҳамроҳ шуд. Ба падар рӯ оварда бо ҳисси ноумедӣ гуфт:
– Додоҷон, ба саратон ташвиш бор кардам, сад бор афсӯс мехӯрам, ки он қадар заҳматҳоятон бар абас рафт. Вақте ки дар донишгоҳ мехонд, пули шартномаша супурдед, кор наёфта бо мардикорӣ овора мегашт, барояш ҷойи кор ёфта додед, қадр накард он ноҷинс! Акнун хонаю мошин чӣ мешавад? Якера ба номи очааш, дуюмира ба номи додари палидаш гузаронда буд... 
– Духтарам, маро хафа мекунӣ! – бо оҳанги норизо омирона гуфт падар. – Вақте ки гап бар сари тани сиҳату осоиши зиндагӣ меравад, молу чиза асло фикр накун! «Падармурдаро соя бар сар фикан...» гуфтаанд, коре, ки аз дастам омад, барои як ятим анҷом додам. Ҳоло ки ҷудо мешавед, агар инсоф карду чизе дод, ба хайр, агар не, садқаи сар! Барои ман тую бачаҳоят бебаҳотарин сармояву неъмат ҳастед, духтарам, ин асло аз ёдат наравад.
– Моли муфт бафоя намекунад, дар боло Худо ҳаст, – ба гап ҳамроҳ шуд Нозия ва аз шавҳар пурсид: – Баъд чиҳо кардед, бо домулло ҳам вохӯрдед? 
Некрӯз каме шумханд зада гуфт:
– Оре, аз маҳалла баромада ба пеши Ризомахсум рафтам. Ҳама гапу кора муфассал нақл кардам. Дамашон гарм, домулло мақсади мана фаҳмиданд ва бо таъкид гуфтанд: «Вақте ки доманат олуда шуд, бурида парто! Аз ин тоифа мардҳои сифла, ки рафиқи мунофиқ ҳастанд, бояд даст шуст. Касе, ки зани худро аз дастдарозии дигарон ҳимоят намекунад, кӯдакони маъсумро ба амри сарнавишт вогузошта ба кайфу сафо дода мешавад, даюс аст. Муҷозоти ин разилон аз сӯйи Худованд муқаррар мебошад, ғам махӯр...»
Дар ҳавои суханони падар Ҳусния бо ноз ба модар наздиктар шуда, худро ҷафстар дар бағали ӯ ҷо кард.
***
Агарчи дар берун ҳавои сарди зимистонӣ ҳуштак мекашид, дохили хона гарм буд. Бухории чӯянӣ мисли анор сурх шуда, вар-вар садо дармедод. Дар болои сӯрохи кӯчаки он як чойҷӯш ва бар рӯйи сӯрохии бузургаш дегчаи чаҳоргӯша қул-қул ҷӯшида меистод. Бӯйи лазизи обгӯшт хонаро пур мекард, кадбону ҳар замон кашидадӯзиашро канор гузошта, аз ҷо мехест ва дегчаи обгӯштро кофта мемонд. Ҳама машғули кори худ: писари калонӣ, ки аллакай мӯйи лаб бароварда китфу бозувонашро сар дода буд, дар гӯшаи ҳамешагии худ, пушти мизи қироат ба рӯйи курсӣ нишаста, китоберо бодиққат мутолиа мекард, дар канори ӯ додараш аз роёна8 сар намебардошт, ҳар замон ангушт ба рӯйи сафҳакалид зада аз пайи матлаби дигар чиқ-чиқ ҳарф мечид; дар рӯ ба рӯйи ӯ хоҳараки хурдсоли чилкокула бо ноз машғули расмкашӣ буд. Лавозими кори ӯ аз ҳама бештар ба назар менамуд, ба рӯйи мизи дарсхонӣ қаламҳои ранга, чанд дона мӯқалам, қуттичаҳои ранги акварел мехобиданд. Дар пешонии онҳо оинаи нилгуни деворӣ «гап» дода меистод. Кадбону як гӯшвор ба телевизиюн, тарҳи духтараки рақсонро дар миёни гулҳои баҳорӣ фаровард, охирин нахҳои мишкирангро аз охирсари гесуҳои печон кашида аз ҷо хест. Порчаи бо риштаҳои ҳарранг наққошишударо ҷамъ карда ба болои рахти ҷойгаҳ гузошт ва ба ҳама шунаво гуфт: 
– Хуб, бачаҳоям, по шавед, дасту панҷа шуста дасторхон паҳн кунед! Обгӯштамон ҳам ҳилим-ҳилим пухт, шом мехӯрем!
Ҳамоно писари хурдӣ аз роёна сар бардошт, дастҳояшро сахт ёзонида ба пешу пас ду-се тоб дод ва бо завқ изҳор намуд:
– Ман ошиқи обгӯштам,
Ман мубталои гӯштам...
Писари калонӣ ҳам аз байтақи додар ба завқ омада, китоби дасташро канор гузошту аз ҷо хест ва ба хоҳарак, ки мӯйқаламеро миёни ангуштони нозук дошта, мисли рассомҳои ҳирфаӣ абрпораҳоеро дар фарози доманакӯҳҳо мефаровард, наздик шуд. Ӯ як мӯйқалами дигарро гирифт ва пеш аз он ки ба рӯйи коғази расми хоҳар сурат кашад, гуфт: 
– Медонӣ, кӯҳон чист? Кӯҳони шутурро дидаӣ?
Вақте ки исми шутурро ба забон овард, ҳамоно хоҳар бо табассум ҷавоб дод:
– Оре, дидаам! Дӯнгиҳои пушташ-дия.
Ҳар се хандиданд. Бародар афзуд:
– Ана ҳамонро ба хотир оварда калону хурд бикашӣ, мешавад абр, – худаш дар идомаи тасвирҳои хоҳар намои абрҳои кӯҳоншаклро фаровард ва бо меҳрубонӣ аз ду китфи ӯ дошта гуфт: – Ҳоло хез, бо ҳам шом мехӯрем, баъдан давом медиҳӣ. 
Пас аз дасту рӯ шустан ҳар се – ду бародару як хоҳар ба ёрии модар шитофтанд. Ба иттифоқи ҳам дасторхон густурда, чой дам карда, обгӯштро дар косаҳо кашиданд ва гирди ҳам нишаста ба тановул пардохтанд. Дар ҳамин асно ровии оинаи нилгун ҳушу хаёли модарро рабуд, ӯ дар идомаи «Ахбор» мегуфт: «Бисёр ҳамдиёрони мо бо орзуи сарвату пул тарки ватан мекунанд, вале намедонанд, ки ин кори таваккал на ҳамеша бобарор аст, – дар идомаи сухани ровӣ манзараи зимистони қаҳратун, як шаҳраки бегонаи барфпӯшро намоиш медоданд. – Бубинед, дар ин шаҳри ноошно ду марди овора бо ҳоли табоҳ бехонаю дар шудаанд, аҳволи онҳо аз сагҳои дайду ҳам бадтар аст, – намоиши телевизиюн бештар диққати кадбонуро ҷалб намуд. Он ду нафари одамсурат дар зери норвоне ба ҳам часпида, дарақ-дарақ ларзида менишастанд: ҳар ду камзӯлҳои пора-пораи дарбеҳдору риштакашол ба бар доштанд, мӯйи сарҳо расида ба пушт фаромада буд, чеҳраҳояшон аз ниҳояти риши ғулуи расида базӯр ба назар метофт. 
Ровӣ мегуфт: – Ин ду нафар аз диёри мо ба умеди муздурӣ рафтаанд, вале нодонию ноуҳдабароӣ онҳоро ба ин ҳоли паст афкандааст. Чандин сол аст, ки онҳо аз сарқути одамҳои раҳгузар имрори маош мекунанд, касифу олуда мегарданд, зиндагиашон, агар онҳоро «зинда» пиндорем, аз ҳаёти хукҳои ваҳшӣ бадтар аст. Онҳоро дар он диёр «бомж» мегуфтаанд... ».
Писари калонӣ оҳиста аз банди дасти модар дошт, бо меҳрубонӣ гуфт:
– Очаҷон, онҳоро дидию нороҳат шудӣ? Шавҳарат ба ёдат омад?

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: