БУНЁДИ ҶАМЪИЯТИИ НАЗДИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

барои ҷудо кардани грантҳои давлатӣ дар мавзӯи:

барои ҷудо кардани грантҳои давлатӣ дар мавзӯи: 
«Дастгирии ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар таҳкими муҳити кушодадилии миллӣ ва дӯстӣ» озмун 
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Ба озмун дархостҳои лоиҳавии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул карда мешаванд, ки вазифаҳои зеринро дар бар мегиранд:
1. Таҳкими таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ байни аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон;
2. Тарғиби мероси миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, таърихи ғании халқи ӯзбек, комёбиҳои Ӯзбекистони Нав дар тарбияи авлоди наврас;
3. Таъмини сулҳу субот дар ҷамъият, ризоияти байнимиллӣ, мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанон дар хориҷ;
4. Рушди дипломатияи халқӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ;
5. Оммавигардонии мероси ғайримоддии фарҳангии халқи мо (ҳунарҳои халқии бадеӣ ва санъати амалӣ, ёдгориҳои фолклор, ҷашнҳои миллӣ, фестивалҳо, таомҳои миллӣ ва ғайра) байни аудиторияи хориҷӣ;
6. Баланд бардоштани нақш ва нуфузи институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ҷамъият, ташаккул додани муҳити эҳтироми тарафайн, меҳру оқибат ва ризоият, нигоҳ доштан ва рушди арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ;
7. Хабардор намудани ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи чорабиниҳое, ки оид ба таҳкими ризоияти байнимиллӣ дар ҷамъият андешида мешаванд;
8. Ташкил ва гузарондани фестивалҳо, форумҳо, озмунҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ризоияти шаҳрвандӣ, миллӣ ва сулҳу осоиш нигаронда шудаанд;
9. Гузарондани корҳои тарғиботӣ оид ба нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ, минбаъд баланд бардоштани муносибат бо мероси фарҳангӣ байни аҳолӣ, бе камукост ба авлоди наврас расондани он ва ташаккул додани муносибат ба мероси фарҳангӣ;
10. Тайёр кардани китоб, маҷмӯаҳо, барномаҳои телевизион ва радио бахшида ба оммавигардонӣ ва тарғиби таҷрибаи таъмини ризоият байни намояндагони миллату халқиятҳои гуногун;
11. Ташкили озмунҳои иншо ва дигар чорабиниҳо таҳти шиори «Ӯзбекистон маъвои умумии мо».
Барои ҷудо кардани гранти давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
1. Мактуби ҳамроҳ фиристодашаванда бо имзои роҳбар ва мӯҳри ташкилот.
2. Дархости лоиҳавӣ барои гирифтани грант дар шакле, ки дар веб-сайти www.fundngo.uz. ҷойгир карда шудааст.
3. Нусхаи Оинномаи СҒҒ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, бо тағйироту иловаҳои охирин.
4. Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилот.
5. Агар татбиқи лоиҳа фаъолияти иҷозатномавиро талаб кунад, нусхаи иҷозатнома бояд пешниҳод карда шавад.
6. Тавсиянома, шафоатномаҳои ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ.
Маблағи барои як лоиҳа ҷудошаванда — то 40 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷатҳо аз 25 ноябр то 26 декабри соли 2021 қабул карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳо дар лифофаҳои мӯҳрдор, ки тавассути ҶС  «Ӯзбекистон почтаси» (формати A4) ба суроғаи Фонди ҷамъиятии дастгирии СҒҒ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 100035, ш. Тошканд, кӯчаи Бунёдкор, 1 фиристода шудааст, қабул карда мешаванд.
Бо шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳо метавонед  дар веб-сайти расмии Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон: www.fundngo.uz шинос шавед.

Телефонҳо барои маълумот: (0-371) 239-26-76, 239-26-86.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: