РАФИҚИ МУНОФИҚ

ЮНУСИ ИМОМНАЗАР

Дили зан таҳ хӯрд. Аз як сӯ бадбахтии шавҳари булҳавас, аз ҷониби дигар фарзандони бе падар бузургшуда, ки исму меҳри додоро намешиносанд, ӯро ба риққат овард. Гапе нагуфта, писар афзуд:
– Ба ин ҳол гирифтор шуданаша хости Худо аст. Ӯ ба ту номеҳрубонӣ кард, фарзандони худро пешпо зад, на хонаю дар, на мол, на мошину амволеро, ки моли ҳалоли ту ҳам буд, барои мо раво дид. Дар ҳини муҳокимаи додгоҳ бо додари лаину модари шаддодаш ҳар туҳматеро, ки медонистанд, ба сари ту рехтанд. Мо ҳамаи он воқеаҳоро шунидаем, равшан медонем. 
Модар бо чашмони ғарқи оби меҳрогин ба писар дида дӯхт, бо ҳасрат сухан зери лаб чид:
– Ман ночор будам, намехостам ҳама ба хотири ман азият кашанд, вале рух дод... Падару модарам, шумоёнро бисёр овора кардам...
Писар хушҳол дасти модарро маҳкамтар фишурда гуфт:
– Ту беҳтарин бону, азизтарин духтар, меҳрубонтарин модар ҳастӣ, очаҷон! Ба сухани бобоям гӯш додӣ, таҳсили олӣ гирифтию муаллима шудӣ, моро бекамукост бузург кардӣ. Бубин, хона сохтем, боғамон ҳаст, ҳатто бузу гӯсфанду гов дорем! Дар ин замона ба чизе муҳтоҷ набудан бахти бузург аст, очаҷон!
Модар низ кафи гарми худро рӯйи дасти писар гузошт, аз чашмонаш ҳисси ризояту шодмонӣ ҷило медод. Бо садои ровии оинаи нилгун дубора ба ҳоли табоҳи «бомжҳо» дида андӯхтанд. Писари калонӣ илова кард:
– Ман боре аз муаллим Мансур кору кирдори шавҳаратро пурсида будам. Ӯ мегуфт, ки он номард ҳанӯз аз ту ҷудо нашуда занбозӣ мекардааст. Ин одати разилонаро баъдан идома медиҳад, вале барояш гарон тамом мешавад. Зане, ки пас аз ту ба хонааш овардааст, ӯро хонасалот мекунад. Сипас аз кораш ронда мешавад, ду даст дар бинӣ мемонад. Модари «меҳрубон», ки ҳамеша туро наҳ мезаду дар ҳаққат туҳматҳо бофтааст, ӯро бо додари ҳаромаш ба мардикорӣ мефиристад. Як сол нагузашта хабару аксҳои бехонаю дар ва гадои гузаро шудани онҳо паҳн мешавад. Ман он замон панҷсола будаам, аз миён дувоздаҳ сол мегузарад, вале то ҳол онҳо беному нишонанд.
Модар сар хам кард. Ба рӯйи гунаҳояш оби дида фаромад. Дар ҳоле ки писару духтари хурдӣ бо ҳайрат ба ӯ менигаристанд, писари калонӣ суоломез гуфт:
– Очаҷон, аз гапҳои ман ранҷидӣ? Чаро гиря мекунӣ? Ҳар чӣ дорӣ, бигӯ, дилатро холӣ кун.
– Ман бехабар мондаам, ки ту аллакай калон шудаӣ, писарҷон. Ҳар чӣ буд гузашт, гуфтаат, Худо ҷазояшро дод...
Модар боз чизе мехост бигӯяд, аммо худдорӣ кард. Ин ҳолати ӯро пай бурда, писар аз нав ба сухан омад:
– Дилатро фаҳмидам, оча. Мехоҳӣ мо ӯро бубахшем, биравему аз он ғарибиҳо ёфта гирем, дуруст?
Модар як он сар бардошт, чеҳрааш гӯё равшан шуд. Бо умедворӣ ба писар зеҳн монд.
– Ман шумоёнро маҷбур намекунам, – давомдор ҳарф зад ӯ, – лекин, гузаштаҳоямон гуфтаанд, «падарат хук бошад, хукбонӣ кун». Агар имкон даст диҳаду ёфта биёред, ин силаи раҳми мо мешавад.
– Очаҷони раҳмдилу некандеши ман! Ба хотири ту ман аз пайи ин кор мешавам, фақат як каме бояд сабр кунем. Ҳар гоҳ шиноснома гирифтам, бо ягон кас ба ҷустуҷӯ мебароям.
Модар аз шодӣ шукуфт, як дам бо меҳр писарро ба оғӯш гирифт. Дар дили ин суҳбатҳо ногаҳон аз берун садои ошно шунида шуд:
– Ҳусния, духтарам, дар хонаӣ?!
Ҳама баробар аз ҷо хестанд ва аз қафои модар ба пешвози падарбузург шитофтанд. Аз дами дарвоза Некрӯзу Нозия, ки дар ҷомаҳои гарм худро маҳкам печонида буданд, ба дохил медаромаданд. Онҳо ба меҳмонӣ меомаданд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: