Мунира дар назди рӯҳи модар қасам хӯрд, ки Сайёра заҳри ятимӣ ва бекасиро нахоҳад чашид.
(Охираш.
Аввалаш дар шумораи гузашта).
(Ҳикоя)
Мунира дар назди рӯҳи модар қасам хӯрд, ки Сайёра заҳри ятимӣ ва бекасиро нахоҳад чашид. Бо хушкидани рӯде дарё бе об намемонад. Умр бо роҳу пайроҳаҳои худ мегузашт. Рӯзу моҳҳо гузаштанд, сол омад. Рӯзе Зокир изҳор дошт:
— Падару модар маро ба ҳолам намегузоранд. Бояд тараддуди тӯйро бинем.
Мунира дар байни ду роҳ монд. Сайёраро ба саробонии кӣ мегузорад? Магар мешавад духтари шонздаҳсоларо дар чорсӯйи зиндагӣ танҳо гузошт? Мунира ҳақиқати ҳолро пинҳон накард.
— Хоҳарам наметавонад дар танҳоӣ ба сар барад. Ман ба модарам ваъда додаам, ки ӯро саробонӣ мекунам.
Аз байн як соли дигар гузашт. Онҳо ҳамоно бо ёди якдигар ба сар мебурданд. Дар дили Мунира ваҳм лона гузошта буд. Вақте бо Зокир вомехӯрд, дилаш бо эҳсосе мағшуш метапид.
Вақте Сайёра мактабро хатм кард, Зокир такрор фикри тезондани тӯйро ба миён гузошт. Мунира гуфт:
— Хоҳарам ба донишкада имтиҳон супурданист. Донишҷӯ шавад, баъд...
— Баъд чӣ? — гуфт Зокир бо шиддат.
— Баъд... — як андак ист кард Мунира.
Зеро худ намедонист, ки баъд чӣ мешавад. Ҳаминро медонист, ки то Сайёраро ба шавҳар надиҳад, дилаш таскин намеёбад.
— Охир ман наметавонам хоҳарамро бо худ ба хонаи шумо барам, — гуфт ӯ ба Зокир.
Зокир ғайричашмдошт шӯрид:
— Чӣ, ту бо ман ба сар мебарӣ ё ҳамроҳи хоҳарат? Охир хоҳарат барои ту зиндагӣ намекунад!
— Чӣ кунам, — гуфт Замира сар ба поин афканда. — Роҳи дигар нест.
— Ман низ роҳу имкони дигар надорам. Дар сар фикри хонадомодшавӣ низ нест. Солам аз сӣ гузашт. Мардум маломат мекунанд.
Мунира ба ӯ нигаристу дар чашмони шарарбораш, ки гоҳо шабҳо ба хобаш медаромаданд, оташи ғазабро дид. Чароғи умедаш афсурд. Худро дошта натавонист:
— Туро ҳеч кас дошта наистодааст. Метавонӣ биравӣ!
Бо ҳамин ба ҳамааш нуқта гузошта шуд. Шабҳо кӯрпаро ба сараш кашида, худро аз гиря боздошта наметавонист. Зокирро чанд бор аз дур дида дилаш ба тапидан даромада бошад ҳам, ба ӯ қаробат наҷуст. Дертар шунид, ки охири тирамоҳ бо дигаре издивоҷ кардааст.
Дар кунҷу бурҷи ҳар диле нируе бо номи сабр вуҷуд доштааст. Мунира сабр кард. Вай наметавонист бори гуноҳро ба дӯши Зокир гузорад.
Сайёра донишҷӯ шуд. Зокир гапи ҳақро гуфта будааст. Сайёра «собит намуд», ки барои Мунира зиндагӣ намекунад. Дар оғози баҳор Мунираро ба оғӯш кашида, инони гиряро сар дод:
— Кор аз кор гузашт, апаҷон, бояд ба шавҳар бароям. Вагарна...
Мунира фаҳмид, ки Сайёра агар издивоҷ накунад, ҳам ба ӯ ва ҳам ба донишҷӯйи курси се, ки онҳо дар мавсими пахтачинӣ якдигарро ёфта буданд, хуб намешавад. Арӯсиҳои бо умеду орзуҳои ширин ҷамъкарда — ангуштарину гилем ва чинивориҳояшро ба хоҳараш бахшид. Дар фикри он буд, ки аз дурахшидани ситораи толеи хоҳараш рӯҳи модар шод мегардад. Ба қавле, дар тӯй даст ба дасташ нарасида хидмат кард. Танҳо вақте ҷӯраҳои домод суруди «Тӯй муборак шавад»-ро ба хондан шурӯъ карданд, Зокир аз пеши назараш дур нашуд. Тоқаташ тоқ гардид, ғайриихтиёр, селоби сиришк руйи дидагонаш шорид.
Мунира, баъди ба шавҳар додани хоҳараш, бештар дар банди хаёл мегашт, аз дигарон канора меҷуст. Вақте ба нишастҳо мерафт, чунин ба назар мерасид, ки дугонаҳояш сӯйи ӯ имову ишораҳо доранд. Дар мавриди хушгӯйиҳояшон ба ӯ, фикр мекард, ки вай ятим асту онҳо ба раъяш менигаранд. Тасаллии ягонааш кор буд. Ҳастияшро ба кору пешааш бахшид. Бо меҳнати ҳалол обрӯ ёфт. Танҳо як гӯшаи дилаш холӣ буд. Гӯё Зокир номашро ба лавҳи дили Мунира ҳак карда, ғайб зада буд. Ҳар рӯз ҳамон «ҷойи ҳакшуда» як бор сих мезад.
... Барилова, хоҳараш ба ғаму ташвишаш афзуд. Баъзе духтарон мисли дарахти бодоманд. Барвақт гул мекунанду гулашонро сардиҳои ҳанӯз аз байн нарафта мезанад. Сайёра, вақте дар курси сеюм мехонд, бо духтараки якунимсолааш гирёну нолон аз дар даромад. Шавҳараш, баъди хатми донишкада, хостааст, ки ӯро бо худ ба зодгоҳаш барад. «Бисёр хуб, — гуфт Мунира, — шавҳар дар ҳар ҷо сукунат ихтиёр кунад, зан бояд бо ӯ бошад!». «Марг ба ин гуна шавҳар! — гуфт хоҳараш як андак ором гирифта, — дар деҳа низ зан доштааст. Гуфт, ки: «Хоҳӣ бо ман меравӣ, нахоҳӣ, чор тарафат қибла!».
Мунира ҳамон рӯз бори нахуст ба рӯйи хоҳараш торсакии обдоре зад. Заду худро аз гиря боздошта натавонист. Ҳамон бегоҳ модарашро хоб дид. Аз чӣ бошад, ки модараш ба сари ӯ дасти навозиш ниҳода буд. Дастонаш нарму гарм буданд...
... Сайёра рӯзи дигар бисоташро бардошта ба хона омад. Аҷиб, бепарво буд, аз ин ҷудоӣ сӯзише дар дил надошт. Баъди хатми донишкада ба кор шурӯъ кард.
Мунира бо духтараки ӯ — Нилуфар бастагие пайдо кард. Вижвижаку бижбижак, ҷойи он ки ба дунболи модар равад, ба Мунира часпид. Вақте аз дар медаромад, сухани аввалаш ин буд: «Очаҷон!» Сипас дастони кӯчакашро дар гардани ӯ ҳалқа мекард. Мунира дар ин лаҳзаҳо аз он меандешид, ки ба рӯйи ӯ низ имкони хандидани бахт вуҷуд доштаасту ӯ аз даст додааст.. Аз ин рӯ, хаёлан дар канораш бозӣ кардани кӯдаки дар орзуяш бударо пеши назар меоварду бо пазмонии зиёд ба Нилуфар менигарист. Аҷиб, ҳар боре, ки соли нав меомад, вай дар ин хусус меандешид...
Кӣ медонад, шояд оянда офтоби бахт тулӯъ мекунад. Инак, садои занги соат даҳ маротиба баланд шуд. Пас, баъди ду соат — Соли нав.
Нилуфар магар бедор шуд, ки ғиҷиррос задани сими каташ ба гӯш расид. Баъди фурсате дар бесадо боз шуду духтарак бо мӯйҳои пареш, дар ҳолате ки бо дастони кӯчакаш чашмонашро мемолид, аз хонаи дарун баромад. Ба арчае, ки дар кунҷи хона қарор дошт, нигаристу садо баланд кард:
— Оча, чӣ магар Бобои Барфӣ омад?
Мунира хандида гуфт:
— Бале, омад.
— Фурӯзонакҳои арчаро худаш даргиронд?
— Мебинӣ, ки фурӯзонанд, балоча! Бобои Барфӣ даргиронду рафт. Ва гуфт: «Вақте Нилу аз хоб хест, бигузор, хурсанд шавад». Мунира ин гуфт ва аз дасти духтарак дошта афзуд:
— Биё, акнун дасту рӯ мешӯем, оши палавамон пухтааст.
Нилуфар ду-се қадам пеш гузошту истод ва ғайричашмдошт гуфт:
— Ба шумо Бобои Барфӣ чӣ овард?
— Ба ман?.. — Мунира як андак андешид. — Ба ман... Бахт овард.
Нилуфар изҳори норозигӣ кард:
— Чаро маро бедор накардед?
Мунира дид, ки духтарак ранҷидааст, ӯро ба оғӯш кашид.
— Агар бедор будӣ, чӣ мекардӣ?
— Ман низ аз Бобои Барфӣ бахт металабидам.
Мунира хандид ва гуфт:
— О, пучуқак-е, бахтро чӣ мекардӣ?
— Ба шумо медодам, — гуфт духтарак чашмонашро калон кушода. — Бигузор, бахти бузурге насибатон гардад.
Дили Мунира ба тапиш даромад. Духтаракро ба оғӯш кашида, аз ду рӯяш мебӯсиду пеши селоби ашкро, ки рухсораҳояшро мешуст, гирифта наметавонист. Бад-ин тариқ, як муддат бесадо ашк рехт. Худ намедонист, ки ин ашки шодӣ буд ё афсӯсу пушаймонӣ...
Ин ҳангом дар пушти дар Соли нав ангушт задан дошт. Соли наве, ки ба покдилон бахт ҳадя карданист, дуоҳои беолоиши кӯдаконро мустаҷоб гардонданист...
Корвони умр бошад, ба роҳаш идома дошт.
Аз забони ӯзбекӣ
тарҷумаи А. СУБҲОН.
Ӯткур ҲОШИМОВ,
Нависандаи мардумии Ӯзбекистон