ЧЕМПИОН БА ЗОДГОҲ БАРГАШТ

Тавре ки хабар дода будем, гроссмейстери 17-сола Нодирбек Абдусатторов, ки дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони шоҳмоти зудамал (рапид) дар Варшава ғолиб омад, дар деҳаи Болғалии ноҳияи Нарпай, дар хонаводаи Фазлиддин Очилов таваллуд шудааст. Ӯ бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт.

Тавре ки хабар дода будем, гроссмейстери 17-сола Нодирбек Абдусатторов, ки дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони шоҳмоти зудамал (рапид) дар Варшава ғолиб омад, дар деҳаи Болғалии ноҳияи Нарпай, дар хонаводаи Фазлиддин Очилов таваллуд шудааст. Ӯ бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт.
Пас аз вохӯрӣ бо хешу пайвандон ва мардуми деҳа дар мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъати рақами 13-уми ноҳия мулоқоти Нодирбек бо мухлисони шоҳмот баргузор шуд. Чемпиони ҷаҳон дар ин тадбир бо дӯстдорони шоҳмот «мастер-класс» гузаронид.
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов чемпиони ҷавонро ба муносибати пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ табрик гуфта, туҳфаҳои қиматбаҳо супурд.
Ҳокими ноҳияи Нарпай Абдуқаҳҳор Тоҷиев низ ҳамдиёри худро бо комёбии бузург муборакбод кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.


ОРЗУЯМ ИШТИРОК ДАР БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПИИ  «ПАРИЖ - 2024» 
Чандин варзишгарони мамлакатамон соли 2016 дар бозиҳои бонуфузи Олимпӣ ва Паралимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия муваффақиятнок иштирок карда, ба чӣ қодир буданашонро намоён намуда, бо медалҳо баргашта буданд. Ин комёбии варзишгаронамон дар дилам ба варзиш шавқ пайдо кард. Аз ин рӯҳбаланд гашта, ман ният кардам, ки дар чунин мусобиқаҳои бонуфуз иштирок мекунам.
Аз паи орзуям шуда, соли 2017 ба маҳфили таэквондои коллеҷи варзиши деҳаи Ғоваи ноҳияи Чуст рафтам. Мураббӣ Ҷавоҳир Исматов маро бо чеҳраи кушод қабул кард. Ҳар як нишондоди ӯро аз таҳти дил иҷро карда, маҳоратамро сайқал додам. Дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ бомуваффақият иштирок карда, аз сафи ғолибон ҷой гирифтам. Комёбиҳои ноилгардидаам мураббиёнро беэътибор гузошт.
Соли 2018 маро ба тими яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи паралимпӣ қабул карданд. Ин бароям нафақат фахр, ҳатто масъулият буд. Ҳамон сол дар ҳайати тими яккачини Ӯзбекистон дар турнири байналхалқие, ки дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардид, иштирок кардам. Дар чунин мусобиқаи бонуфуз комёб нагардида бошам ҳам, ин барои ман мактаби таҷриба буд.
Моҳи декабри соли гузашта дар бозиҳои VI параОсиё, ки дар Баҳрайн баргузор гардид, аз рӯйи паратаэквондо иштирок карда, аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифтам.
Вақте ки байрақи мамлакатамон бардошта мешуд, дилам аз ифтихор лабрез шуд. Дар чунин мусобиқаи бонуфуз иштирок карда, комёб гардидан, маро водор кард, ки минбаъд низ дар чунин турнир ва мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намуда, медалҳо ба даст оварам.
Пеш аз ба Баҳрайн гусел кардан «ман туро бо нони ҳалол ба воя расонидам, ба Ватан бо ғалаба ва медал баргард», гӯён дуо карда буданд падарам Самиҷон Шоназаров.
Ба бозиҳои XVIII Олимпӣ ва XVII Паралимпӣ, ки соли 2024 дар пойтахти Франсия – шаҳри Париж баргузор мегардад, бо мураббиам Бобур Қӯзиев тайёрӣ дида истодаем. Орзуи ягонаи ман дар бозиҳои паралимпии «Париж - 2024» иштирок кардан аст. Дар ин ҷода ҳамаи маҳорат ва таҷрибаамро ба кор меандозам.

Қудратулло 
ШОНАЗАРОВ,

узви тими яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи паралимпӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: