АФЛОТУНМИСОЛЕ АЗ БАЛДАИ ФОХИРАИ БУХОРОИ ШАРИФ

(Бар пояи нусхаи “Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷӣ)

(Бар пояи нусхаи 
“Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷӣ)

Муаллиф, пас аз ин муқаддимоти ишорашудаи  ногузир, мустақиман ба баёни  мухтасари шарҳи ҳол,  илму  ҳунари пуровозатарин хаттотон, мударрисон, фақиҳону олимон, шаҳаншоҳону вазирону мирону қозиёни хушнависи қарни  XIX Бухоро, мисли: Аллома Аҳмад Махдуми Дониш,  Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (дар ҳошия: Мирзо Муҳаммад Шариф Садри Зиё қозикалони Бухоро валади  Қозӣ Абдушукур қозию-л-қуззот, баъд аз Инқилоби кабир раиси маҳкамаи шаръияи Бухоро), Сайид Сиддиқхон валади Сайид Амир Музаффархон Ҳишмати Бухороӣ, Иброҳим Исҳоқи Бухорӣ, Мир Икроми Кӯлобӣ (мулаққаб ба Икромча – хаттоти шаҳир ва  муҳрсоз ), устод Мирзо Аҳмад Муншии Бухороӣ, Иброҳимхоҷа Заргар – Мири Кулобӣ, Сӯфӣ Иброҳимхон Покизамашраби  Бухороӣ, Абдуллоҳбек Равшанхати Бухороӣ, Мирзо Баҳром Мушрифи Бухорӣ, Мирзо Бадриддин Муншинажоди Бухороӣ, Бақохонхоҷаи Муаммоӣ мутахаллис ба Нодир (бародари муаллиф, ки бино ба байти  моддаи таърих дар “ашри шаввол”-и соли 1310/1892 ба шаҳодат расидааст), Таҳсини Коғазҷавоҳир, Муллохоҷа Килкмасти Хиромон, Мирзо Дабири Хаттоти Худогӯй (дар ҳошия: Дабирӣ – Мирзо Остонақули Каттақӯрғонӣ фарзанди Мирзо Қушчӣ – муншии раёсати Ҷумҳурии Бухоро пас аз инқилоб),  Шаҳобуддин Халифаи Худоогоҳ, Ҳоҷӣ Ҳусайн устоди Сабъахатти Хатлонӣ, Мирзо Раҳматуллоҳ Возеҳ Замирогоҳи Бухорӣ, фариди даврон Мирзо Саъдуллоҳ Авроқи Оламиён мутахаллис ба  Якҷим, Мулло Ориф Бобои Ирсӣ, Қорӣ Шарифи Заргар, хатиби Масҷиди калони Бухоро Қозӣ Сабохони Калободӣ (ё Гулободӣ), Солеҳ Махдуми Навҳаи нуктадон, Мирзо Ғиёс Котиб-қозию-л-қуззоти Бухоро, Мирзо Фармонқулихони килкваҳшӣ, Мирзо Қамархонхоҷаи Порсо, Мирзо Ҷаҳонгирхони Саҳбо,  шамъи пуранвор Ҳоҷӣ Абдусаттори Лаби ҳавзӣ, Ҳабибуллоҳхон Авҳадии Бухороӣ (ҳамширазодаи соҳиби ин тазкира), Ҳоҷӣ Абдуваҳҳоби наққоши муҳрсоз, Ҳаким Абдулмаҷид  мутахаллис  ба Зуфунуни  Бухорӣ, Убайдуллоҳ Устоди Бадахшӣ, Абдуллоҳбеки Каттақӯрғонӣ мутахаллис ба Мири Куттоб (дар ҳошия: устод Абдуллоҳбек  аз хонзодагони Шаҳрисабз ва  Кеш аст, ки баъд аз фатҳи Шаҳрисабз  ба Бухоро  оварда шуда дар зиндони Бухоро  таълими хатти Қуръонӣ ва Китобиро назди Қорӣ Аҳмад Котиб кардааст), Абдулкарими табъсалим,  Абдуллоҳ Муншии Муаммоӣ, Мирзо Азими Сомӣ (Мирзо Азим Сомии Бӯстонӣ – муншии Мир Абдулаҳадхон ва муаллифи “Миръот-ул-яқин” – китоби мазкур назди банда мавҷуд аст) ва даҳҳо нафар шахсиятҳои барҷастаи дигар мепардозад ва аввалтар аз ҳама, дар садри он ҳунарварон  тавсифу тамҷиди нубуғи ҳунарии  Аҳмади Донишро дар  фанни наққошиву хушнависӣ  муқаддам мениҳад:
Бидеҳ соқӣ, майи софе, ки то ман,     
Кунам теъдоди устодони ин фан.     
Дар ин  аср андар ин фан комилонанд, 
Ки дар таҳрир машҳури ҷаҳонанд.      
Басе ҳам аз бузургон андар ин боб, 
Рабуда гӯи яктоӣ зи асҳоб. 
Шаҳаншоҳу вазиру миру қуззот,  
Ки бошанд эмин аз олому офот.    
Вале дар зайли устодони котиб,    
Набошад номашон бурдан муносиб1.

АҲМАД МАХДУМИ ДОНИШ –  МУНАҶҶИМ2

Ваҳиди комилон  Махдуми Аҳмад,    
Ки давлат дар камолаш буд сармад! 
Бо ин байти матлаъ Қозӣ Роҷӣ, ба унвони ваҳиди  уламои комил, ба сифоти “Махдуми Аҳмад” пардохта ӯро дар байни комилиёрони Бухоро ба масобаи он ягонае таъриф мекунад, ки тоҷи давлат дар рушду иртиқои донишҳои ӯ ҳамеша медурахшидааст ва сипас, баъд аз илҳоқи  исми “мунаҷҷим” дар идомаи номаш, ба тавсифу таърифи ҳусни хати монотасвираш мепардозад:
Хаташ бар сафҳаи силки лаолӣ,
Найи килкаш зи шаққи нуқс  холӣ!
Зи “Тибб”-у “Ҳандаса”, “Шеър”-у “Нуҷумаш”,
Мусаххар бар сари мулки улумаш.
Дар ин фанҳост з-ӯ таснифи машҳур,
Ки чашми нотавонбинон аз ӯ дур!
Яъне, дурри ҳусни хатти Аҳмади Дониш ба сони риштаи мамлӯъ аз лӯълӯъву ҷавоҳирот бар сафаҳоти дафтар мерехтааст; мӯқалам ва ё ба таъбири шоирона, “найи килк”-аш аз ҳар гуна осори шикасту нуқсон холӣ будааст. Мулки улуми ӯ фанҳое чун “тиббу ҳандасаву шеъру нуҷум”-ро таҳти фармони худ  қарор дода будааст. Аҳмад Махдум дар ин фанҳо таснифоти машҳуре таълиф кардааст, ки ҳар яки онҳо боиси ҳасади бархе нотавонбинони замонаш будаанд... Илоҳо, заҳри чашми ҳасудон аз ӯ дур бод! 
Бубинед, вақте ки Роҷӣ ба шарҳу тамҷиди сурату сират ва дигар  фазоили ҳамидаи илмию ахлоқии Аллома Дониш мепардозад, бо ин ду байти муҷаз, вале гаронмояву густурдаву таърихӣ, афкорашро бад-ин сон  ба риштаи назм мекашад:
Ба сурат чун қаландар, лоуболест,
Ба сират, лек Афлотунмисолест!
Кашид охир зи  Девони қазоё,
Ба боғе сарвосо дошт маъво!
Аз ин чор мисраи кӯтоҳ метавон хулоса кард, ки Аҳмад Махдум ҷавонмарди қаландарсурат, вале дар сират, дар ҷаҳони ботиниву маънавӣ Афлотуни замони худ будааст! Ба Афлотун, Хизр ё Абуҳанифа ташбеҳ додани бархе аз бузургони ҳамаср ва қаблтар аз Донишро мо, аз мутааххирин, танҳо дар симои Шоҳини муосираш ва хеле равшантар дар тавсифи Сӯфӣ Оллоҳёри Сурхонӣ (1644-1721, соҳиби «Маслак-ул-муттақин», «Сабот-ул-оҷизин» ва дигар осори мондагори сӯфиёна), ки тақрибан ду аср пештар аз Аҳмади Дониш зистааст, аз забони шогирдону пайравонашон мешунавему халос:
Абуҳанифаи вақт аст Сӯфӣ Аллоҳёр,
Худой дода ба ӯ  “Қолу Ҳол”-ро бисёр.

Ҳар  он кӣ  омада  таърихи фавти ӯ пурсад,
Бигӯ ту: “Қофу Ҷиму Ғайну Лом”-ро бишмор!
Ин санади таърихи вафоти Сӯфӣ Оллоҳёр дар фароварди дастхатти “Маслак-ул-муттақин” аз тарафи  Абдуллоҳхоҷа ибни Одилхоҷа котиби Тошкандӣ (қарни XIX, маҳфуз дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ПВ 338, барги 690 б) бо истифода аз ҳуруфи абҷад: “Қофу Ҷиму Ғайну Лом”, ки дар маҷмӯъ санаи 1721 милодиро ташкил медиҳад, нақл гардидааст.
ТАВЗЕҲОТ  
1. «Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷии Бухороӣ. Китобхонаи Донишгоҳи Лейден, дастхати рақами 00277334379, саҳ.22. Барои чӣ нависанда аз ном бурдани он ҳама уламо, шоҳону вазирону мирону фақиҳони маъруфи хушнавис худдорӣ мекунад ва мегӯяд:  овардани номи онҳо ба унвони “котиб, хаттот ё хушнавис” муносиб нест?  Барои он ки дар он аҳд ва асрҳои аз он пештар ҳам дар  Машриқзамин ва  хосса дар Бухорои шариф хаттотӣ як ҳирфаи одӣ ва маъмулӣ буд ва дуконҳои хаттотону котибони нусхабардор дар ҳар сари қадам ба чашм мерасиданд. Масалан, хаттотони моҳиру чирадасти саводи кофӣ надошта ҳам зиёд буданд, вале чун дар ҳунари хушнависӣ курсии баланд доштанд, мавриди эҳтироми мардум қарор мегирифтанд. Аксари уламо  хатти хуб надоштанд,  босуръат вале бехато менавиштанд. Аммо котибону хаттотони ҳирфаӣ дар рӯйнависии нусха хатоҳои фаровон содир мекарданд... Хушнависиро на “илм”, балки ба қавли Имодӣ дар  “Рисолаи муфрадоти ҳуруф” (чопи сангии Ҳиндустон, 1878, Китобхонаи шахсии роқими ин сатрҳо) “фан” мешумориданд – он фанне, ки як узви  бадани “илм” аст: хат на илм аст, балки фан бошад, илму фан ҳамчу ҷону тан бошад!  Лизо, ном бурдан аз  он бузурмардони илму фан, сиёсатмадорони маъруфи даврон ба унвони “котиб, хаттот ва ғайра” хушоянд набуд. Дар овардани номи Аллома Аҳмад Махдуми Дониш ҳам муаллифи тазкира ӯро сараввал  бо номи “Мунаҷҷим” ба хонанда ошно месозад ва ба ин нуктаи муҳим, ки хатти зебои Дониш дар   он аср  ва пештар аз он низ  бебадилу масил будааст, ишора мекунад  ва Аҳмадро “Ваҳиди комил”-е меномад, ки наметавон аз ӯ сарфи назар кард (Ниг. ба саҳ. 24-25 ҳамин тазкира).      

2. Исми “Мунаҷҷим”, ки ба Аҳмади Дониш талаққӣ шудааст,  ишора бад-он дорад, ки дар ҳамон  шабу рӯз  Аллома Дониш бо фармону исрори  Амир,  пас аз омӯхтани аксар расадхонаҳои Урупо, ба сохтани Расадхонаи худ дар атрофи Бухоро оғоз кард  ва дар байни халқ, пеш аз ҳама, чун “Мунаҷҷим” ном бароварда буд.   

(Давом дорад).
Файз МАҲМУД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: