(Бар пояи нусхаи “Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷӣ)
(Бар пояи нусхаи
“Тазкират-ул-хаттотин”-и Роҷӣ)
Ба Афлотун нисбат додани Аллома худ далели возеҳу равшан бар авҷи камоли мақоми илмию инсонии Аҳмад дар Амороти вақти Бухорост. Вале бо вуҷуди ҳама ин мақому манзалат, иззату икром, ӯ, бар асоси таноқузоту ихтилофоти ботинӣ, маънавию ахлоқии худ бо низоми зулматпешаву ноодилонаи аморат, рахти худро аз дарбори амир ва қозигариву “Девони қазоё” мекашад ва дар манзили худ, чун “сарв”-е, ки киноят аз олими ягона буданаш дар байни дигар олимон аст, дар хилватгузинӣ ба таҳқиқу таълифи мероси гузаштагон ва осораш мепардозад:
Кашид охир зи Девони қазоё,
Ба боғе сарвосо дошт маъво!
Аҷиб он аст, ки аҳли илму адаб, аксар аъёну ашрофи салоҳандеши дарбор ва хосса мардуми маърифатпарвари Бухоро ӯро дар хилватнишинияш ҳам ором намегузоштаанд, пайи ҳалли бархе масоили илмию иҷтимоӣ, ҳамеша зиёраташ мекарданд ва ба пурсишҳои худ посухҳои сареҳ меёфтаанд.
Дар тазкира таъкид мегардад, ки тасаллути комили Дониш бар таҳрири анвои хатҳои роиҷи замон, чун насху настаълиқ ва намудҳои мутааддиди он; кӯфӣ ва анвоаш; шеваҳои нигориши хутути ҷаливу хафӣ, китобӣ (Қуръонӣ) ва ғайра, танҳо як ҳунар аз сад ҳунари Аҳмад Махдум буда, руқаъоти ӯ мояи осоиши дилу ҷон, муҳаббати хосу ом қарор доштаанд. Бо дидани хатти дилнишини Аҳмади мусаввир ҳар як бинанда мафтун шуда чашмашро об медодааст.
Маҳз дар ҳамин авқоти хилватузинӣ, ӯ, яъне Аллома Дониш, на аз тарафи худ, балки аз ҷониби мардум ва аҳли равшанфикри Бухоро, ба лақабу шуҳратҳои нав, чун “Ал-мунаҷҷим”, “Ал-мусаввир” ҳам сарафроз мегардад. Худи Аҳмад Махдум дар яке аз қасидаҳои басо ҷаззобу бузургаш мавсум ба “Ислоҳот”, ки ҳудуди 50 байт аст ва он дар “Девони ашъор” - ӯ, ки ба қарибӣ аз ҷониби роқими ин сатрҳо кашфу нашр шуд1, ишороте ба ислоҳи “ману мо”, ҷомеа, таҷдиди назар ба фармонҳову дастуроти давлат, вазъи қонуну муқаррароти ҷадиди мунсифона, одилона, фарохони мардум ба бедорӣ, ислоҳоти мадрасаву мактабҳо ва ғайра, намуда, аз ҷумла, ба наққошӣ, хушнависӣ, тасвиргарӣ ва ё мусавир буданаш тафохуромез мефармояд:
Сурати ислоҳ дур афтода аз таҳрири мо,
Хомаи Монӣ надорад тоқати тасвири мо!
Байт ҳокӣ аз он аст, ки ислоҳу салоҳ, ба танзим овардани умури ҷомеа аз ҳийта, чаҳорчӯбаи китобу китобатҳои мо ба фаросих дур афтодааст...алорағми он, ки ҳатто килки Монии овозадор ҳам қудрати таҳаммули ҳунари тасвиргарии моро (яъне Донишро) надорад, – мегуяд Аллома Аҳмад.
Дониш дар тасвиргарӣ ва наққошиҳояш ҷиҳати офаридани лавҳи ҷадвал, нақши сақф, кашидани нақшҳои офоқӣ ва хориҷии аморат, боғу бӯстон, ҳайат (сурат)-и ҳайвонот ва инсон, аз мурғу моҳӣ то тарҳи дашту саҳро ва кӯҳу дарё, навиштани катибаҳо бар ҳошияи аморатхонаҳои Арк, хешро ба хонанда чун коргардоне ҳамабин, ки ҳеҷ ҷузъиёте аз нигоҳаш пинҳон намемонад, ошно месозад. Насре окандаву оғушта, сириштаву биришта бо шоҳбайтҳо ё каломи мусаҷҷаъ мепароканад.
Аз ин рӯст, ки дар ин «Тазкират-уш-шуъаро»-и Роҷӣ ному мақоми Аллома Дониш дар садр аст ва ин амр далели қотеъ бар соҳиби мактаби наққошию хушнависӣ будани ӯ ҳам мебошад. Чаро, ки анбӯҳи шогирдону мухлисонаш рисолаву китобҳояшро мавриди омӯзиши фанни хушнависӣ (каллиграфия) қарор дода, ҳамеша нусхабардорӣ мекарданд, гоҳе ёддошт намуда дар байни мардум, равшанфикрони Бухорои шариф ва дигар манотиқ паҳн менамуданд; намунаҳои хушнависии ӯро дар деворҳои дарбор, толорҳои муҷаллали Арк, мадорису зиёратгоҳҳои бешумор пеши чашми мардум ба намоиш мегузоштанд. Хушбахтона, намунаҳои зиёде аз хушнависиҳои ӯ то ба рӯзҳои мо расидаанд, ки дар ганҷинахонаҳои Бухоро, Тошканд ва бархе навоҳии ҳамҷавор нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар самти рости девори куҳантарин масоҷиди Арк, дар тоблӯе бо қалами панҷаи нигоргари Аҳмади Дониш байтҳое аз Мавлоно Ҷомӣ дар манқабати Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва эҳтироми хоки гуҳаррезу мардхези Бухоро нигоргарӣ шудааст:
Сикка, ки дар Ясрибу Батҳо заданд,
Навбати охир ба Бухоро заданд.
В-он гуҳари пок на ҳар ҷо бувад,
Маъдани он хоки Бухоро бувад!2.
Бо ин ду байти гуҳарбори Мавлоно Ҷомӣ дар васфи Бухоро ёдномаи Аллома Аҳмад Донишро дар тазкираи Роҷӣ ҳусни хитом мебахшем ва дар мубоҳисаи баъдӣ зикри аҳволу осори дигар хаттотони Балдаи фохираро дунбол хоҳем кард.
ТАВЗЕҲОТ
1. Девони ашъори Аҳмади Дониш. Таҳқиқ ва таҳияи Ф.Маҳмудов. Зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ. Муҳаррири масъул – академик Кароматуллоҳ Олимзода. Душанбе, “Дониш”-2020.
2. Бахши 13-уми “Туҳфат-ул-аҳрор” дар манқабати Қутб-ут-тариқ, Ғавс-ул-халойиқ Хоҷа Баҳоваддин Муҳаммад ал-Бухорӣ ал-маъруф ба Нақшбанд (рӯҳашон шоду муқаддас бод!).
Файз МАҲМУД.