АФЛОТУНМИСОЛЕ АЗ БАЛДАИ ФОХИРАИ БУХОРОИ ШАРИФ

(Васфи баъзе хаттотони дигари Мактаби хушнависии Дониш дар «Тазкират-ул-хаттотин»-и Роҷӣ)

Бояд тазаккур дод ҳама хаттотоне, ки пас аз Дониш исмашон дар Тазкира ба тартиби ҷоҳу мақоми маънавӣ зикр мегардад, бино ба таъкиди худи онҳо, аз шогирдони Мактаби хушнависии Аллома Дониш будаанд. 

Муҳаммад Иброҳим ва Аҳмад Исҳоқи Бухороӣ хушнависоне мебошанд, ки ҳар кадом хатти ҷаливу аҷлову ахфоро аз дигаре беҳтар, назарработар ва дилнишинтар менигоранд. Вале Аҳмад Исҳоқи Бухороӣ дар ин ҳунар тоқ – фариди замон аст: 
Дил осояд зи Иброҳиму Исҳоқ,
Вале Исҳоқ дар ин фан бувад тоқ.

Дар ӯ хатти ҷалӣ, аҷлову ахфо,
Ба ҳар як беҳтар аз дигар, тавоно!
Ин ду тан нафақат дар ҳунари хушнависӣ, балки дар сурудани шеър ва парфишонии дурри  “тақрир”, яъне наср низ дасти тавоно доранд. Аммо  Иброҳим дар шеър қутбе ва Исҳоқ дар насрпароканӣ қутби дигари даврон аст. Мардум ошиқи хатти Қуръонии Исҳоқанд... хатташ басо дилчасп ва дар офоқ  монанду масил надорад:
Чу буданд ин ду аҳли шеъру тақрир,
Рабуданд имтиёз аз килки таҳрир.

Ба шеър аввал будӣ машҳури даврон,
Ба хат сонӣ зи шеър афзун зи ақрон.

Бувад аз хатти Қуръонии Исҳоқ,
Мушаккар табъи хатбозони офоқ!

Зи хайли котибони даҳр мумтоз,
Надидам дар китобат бо вай анбоз.

Зи чашми бад агар маҳфуз ояд,
Зи майдон гӯйи ҳар мақсад рабояд.
Сипас, Мир Икроми Хатлонӣ ба унвони савумин хаттоти машҳури Бухоро рақам мехӯрад. Аз Мир Икром ё Икромча Садриддин Айнӣ ба унвони устоди худ ёд мекунад ва фазоили ҳамида ва илму ҳунари ӯро меситояд. 
Дар Тазкира, Мир Икром чун хушнавис ва муҳркани боному нишон муаррифӣ мегардад:
Зи хаттотон шаҳири Мир Икром,
Ки дорад дар ҷаҳон бо муҳру хат ном!

Хату муҳраш бияфрӯзанд ҳар чеҳр,
Чу маҳбубе бияфзояд ба дил меҳр!

Зи санъатҳои ҷузъӣ бас хабардор,
Ҳаме даври ҳунар гардад чу паргор.
Мирзо Аҳмади Муншии дар пешгоҳи илму ҳунар маъруф аз дигар фозилону хаттотони Бухорост, ки Роҷӣ ӯро (шояд дар ҷавонии Муншӣ дидааш бошад) ба мо чун як “ҷавони ба мартабаи устодӣ расида, дар фанни шеъру тақрир дасти тавоно дошта, вале дар тақрир бештар беназир буда” ошно месозад:
Ҷавоне, к-андар ин фан устод аст,
Ки Мирзо Аҳмади Муншинажод аст!

Шаҳир андар фунуни шеъру тақрир,
Вале машҳуртар дар фанни  таҳрир.

Диҳанд аз қалб акси офтобаш,
Хати ӯ худ ҳамон аст, обу тобаш!
Аз килки Иброҳим Хоҷа Мири Кӯлобӣ  нахли хат ташнагӣ мешиканад, ба ҷуз офаридани шеър бо заргарӣ низ машғул буд, дар ҳар як фанни замонаш  маҳорате дошт, зикр мегардад дар Тазкира:
Чу Иброҳим Хоҷа Мири Кӯлоб,
Ки нахли хат хӯрад аз килки ӯ об.

Ба шеъру заргарӣ будаш ҷасорат,
Ба ҳар фан дошт  дасте пурмаҳорат!

Ба қадри ҳол аз ҳар ҷо хабардор,
Зи ҳар бобе ба қадре баҳрабардор!
Чун Роҷӣ (муаллифи Тазкира),  ба ёди  Иброҳимхон хаттоти Бухорӣ мерасад, ҳарфнигории ӯро ба таровиши ашки гавҳаргуни худ бар рӯйи дафтар ташбеҳ медиҳад ва ӯро ба мо ба сони ҷавонмарде сӯфии покизамашраби хатташ аз ҳар гуна шикаст муҳаззаб (покшуда) мешиносонад:
Зи Иброҳимхон ёдам гар ояд,
Чу ҳарфаш ашки ман гавҳар таровад.

Ҷавоне  сӯфии покизамашраб,
Ки хатте дошт аз нуқсон муҳаззаб!
“Абдуллоҳбегӣ хушнависи сонии Бухорӣ”-ро  зебу зийнат ва чашми равшани хат тавсиф карда, дар иншову имло, чакондани чакома қавидаст бармешумарад. Ӯро ҷавони хушкалому шӯхталлоқ (хурсанду хушчақчақу базлагӯй) ва басе санҷидаву бо ахлоқ  ва якто таъриф мекунад:
Гирифту гири ӯ бинӣ, бидонӣ,
Ки Абдуллоҳбегӣ буда Сонӣ.

Бувад равшанзамире дар фани хат,
Ба зебу зайн чашми равшани хат.

Ба иншову ба назми шеър якто,
Қавидасти фани тақриру иншо!

Ҷавони хушкалому шӯхталлоқ,
Басе санҷида дар афъолу ахлоқ!
(Давом дорад).
Файз МАҲМУД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: