ЗИ ДОНИШ ДИЛИ ПИР БАРНО БУВАД

Ба наздикӣ хабар ёфтам, ки Ғаффор Норбоев дар фароғатгоҳе дар шаҳри Тошканд истироҳат мекунад.

Занг задаму гуфтам, ки ҷое вохӯрем.
Баъди ягон бист дақиқа расида омад. Ҳарду рӯ ба рӯи ҳам нишастем ва пурсидам, ки барқароркунии саломатӣ чӣ гуна мегузарад.  
– Аҷиб аст, ки ин фароғатгоҳ бештар хӯрокҳои парҳезӣ медодааст. Бовар кунед, фишорам хеле пойин рафтагӣ барин. Мизоҷам сард ва мизоҷи хӯрокҳои он ҷо низ сард аст, барои ҳамин, тавре ки мебинед, ҳамон хӯрокҳо маро ба чунин ҳол афтонд, – якбора нимҷиддиву нимшӯхӣ даҳон кафонд вай ва маро дар ҳайрат гузошт. – Аз пешхидмати ин қаҳвахона хоҳиш кардан лозим аст, ки хӯроки бақувватаки аз гӯшти гӯсфанди фарбеҳ тайёркарда оварад,– илова намуд бо ҳамон лаҳни гуфтор Норбоев.
– Иззати меҳмон аз ҳама боло ва хоҳишаш низ бояд ба ҷо оварда шавад, – гуфтам ман низ бо илтифот. 
Ба пешхизмат фармоиш додам, ки барои мо шӯрбои гӯшти гӯсфанд ва нону чой биёрад.
– Медонам, ки вақти шуморо андак мегирам. 
– Албатта, вақтамро мегиред, аммо чӣ илоҷ, – гуфтам шӯхиомез.
Вай ин шӯхиамро хуш пазируфт. 
Баъд суҳбатамон оҳиста қӯр гирифт. Вай андак аз кори Маркази миллӣ-фарҳангӣ ва санъати тоҷикони Бойсун ҳарф зад, ки тақрибан як сол муқаддам бо ташаббуси як гурӯҳ фарҳангиён ифтитоҳ ёфтааст.
– Корамон дар айни ҳол хуб аст. Қариб як соли тамом часпу талош кардем, ки марказамон дар шуъбаи адлия сабти ном шавад ва он ҳукми қонуниро касб намояд. Аллакай чанд чорабинии фарҳангӣ гузаронидем. Боз чанд чорабинии дигарро барномарезӣ кардаем, ки насиб бошад, аввали баҳор баргузор хоҳем кард. Аммо дар ҳисобрақами мо як сӯм ҳам маблағ нест. Ин дар ҳоле мебошад, ки роҳандозии ҳар гуна чорабинӣ маблағи муайянеро тақозо менамояд, – гуфт Норбоев.
Маълум шуд, ки ҳанӯз марказ соҳиби утоқи корӣ нашудааст ва дар ин маврид ҳокимияти ноҳияи Бойсун низ дар муқобили муроҷиатҳои батакрори онҳо амалан ягон иқдом нанамудааст. 
– Марказҳои фарҳангӣ низ тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатанд, ҳамвора бо он, ба тарғиб ва ҳифзи забону фарҳанг ва суннатҳои миллӣ сарукор доранд. Ҳатман шумо соҳиби утоқи корӣ хоҳед шуд. Устод, беҳуда нагуфтаанд, ки: “Дар навмедиҳо басе умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст”, – афзудам ба вай.
Ҳамин тавр, ҳарду гоҳ хӯрок мехӯрдему гоҳ дар сари ягон мавзӯъ суҳбатамон ба баҳс табдил меёфт. Вай бо иштиёқ вориди ин баҳс мешуд. 
Вақте ки сухан аз боби зиндагӣ ва кору фаъолияти вай рафт, гуфт, ки соли 1952 дар рустои Ҳардурии ноҳияи Бойсун ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро низ бо баҳои аъло тамом кардааст. Танҳо ҳанӯз понздаҳсола буд, ки соҳиби номаи камол шуд. 
– Касби шифокориро дӯст медоштам. Ҳамроҳи падарам ба Донишкадаи тиббии Самарқанд барои ҳуҷҷатсупорӣ омадем, аммо ҳуҷҷатҳои маро бо баҳонаи хурд будани синнам ва пастии қадам қабул накарданд, – ба ёд овард Ғаффор Норбоев.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам падараш барои раҳоии вай аз ин фазои ногувор гуфтааст, ки “Биё, писарам, меравем ба Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи устод Айнӣ. Он ҷо ҳатман ҳуҷҷатҳоятро қабул хоҳанд кард”.
– Дар ҳақиқат, ягон мушкил пеш наомад ва ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик супурдаму аз имтиҳонҳо муваффақона гузаштам. Аз устодон Меъроҷ Маҷидов, Абдумӯъмин Ҳакимов, Ҳаким Ҳамроев ва дигарон дарси илму адаб омӯхтам, – мегӯяд ҳамсуҳбатам. – Таҳсилро хатм намудаму ба деҳа баргаштам. Ҳамон вақт 19 сол доштам ва маро ба мактаби рақами 3-юми деҳаи ҳамсоя омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик таъин карданд. Баъди як сол дар мактаби деҳа шомил ба кор шудам.
Ба гуфтаи ӯ устоди шодравонаш Салим Атоеви ҳардурӣ вайро дастгирӣ менамуд ва маслиҳату машваратҳои зиёд медод. Мегуфт, ки дар кори омӯзгорӣ фиребу найранг ба кор намеравад ва нонашро ҳамеша ҳалол карда хӯрад. Соли 1983 ба сифати омӯзгори соҳибтаҷриба вайро мудири қисми илмии мактаб таъин намуданд. 
— Оҳиста маҳорату малакаи хуби хабарнигорӣ пайдо кардам. Соли 1989 маро муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии Бойсун ба наздаш хонд ва гуфт, ки саҳифаи тоҷикии ин рӯзномаро ба дӯш гирам. Не нагуфтаму барои кор ба рӯзнома гузаштам, – ёдовар шуд Ғаффор Норбоев.
Аммо дар ин рӯзнома муддати дароз кор накард, зеро дарк намуд, ки дар қаъри дилаш нисбати касби омӯзгорӣ меҳри бештар ниҳон мебошад. Ба шогирдон нақл кардани ҳаёт ва фаъолияти шоирону нависандагони мумтозу муосир, қироати шеъру ғазал ва рубоӣ, нақл дар бораи қаҳрамони ягон асари манзум ё мансур ва амсоли он ба вай шавқу завқи бештар мебахшиданд. 
– Маъмурияти мактаби рақами 7-ум маро ҷонишини директор таъин намуд. Дар вақтҳои фориғ аз кор даст ба корҳои пажуҳишӣ задам ва мақолаҳои худро дар рӯзномаҳои гуногун мунташир намудам. Сонӣ ба таълифи рисола пардохтам ва соли 2007 рисолаам таҳти унвони “Шаҷараи ҳардуриёни Бойсун” аз чоп баромад. Соли 2015 китоби дигарам бо номи “Этнографияи ҳардуриҳо”-ро ба забони ӯзбекӣ интишор кардам, – мегӯяд Ғаффор Норбоев.
Ин китобе мебошад, ки роҷеъ ба таърихи авлоду аҷдоди тоҷикони ҳардурӣ, маросимҳои хонаводагӣ ва фарҳангӣ, анъанаву суннатҳои онҳо, намунаҳои эҷодиёти даҳонакии ҳардуриҳо ба доираи таҳқиқ кашида шудааст. 
– Яъне ҳардуриҳо на забони алоҳида, балки лаҳҷаи худро доранд?
– Бале. Ногуфта намонад, ки лаҳҷаи ҳардуриён яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ мебошад ва дар байни қавми ҳардуриёни маскуни вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарё паҳн шудааст. Ин лаҳҷа ба лаҳҷаҳои шимолӣ-ғарбии забони тоҷикӣ дохил мешавад. Унсурҳои лаҳҷавии ҳардуриён ба забони аҳди Сомониён, то забони Рӯдакиву Фирдавсӣ робитаи қавӣ дорад, – гуфт Ғаффор Норбоев.
Маълум шуд, ки ҳардуриён як гурӯҳи алоҳидаи этникиро ташкил медиҳанд ва лаҳҷа, расму ойин, тарзи ҳаёт, ахлоқ, психология ва ҷуғрофияи ба худ хос доранд. Дар байни онҳо эҷодиёти шифоҳӣ низ хеле ривоҷ ёфтааст ва он арзишманду гаронбаҳо мебошад.
Ёдовар мешавам, ки донишманди маъруфи тоҷик шодравон Миср Эшниёзов “Шеваи ҳардурӣ” ном китоберо таълиф намудааст. Дар меҳвари он маҳз забони гуфтугӯии ҳардуриён қарор дорад ва аз таълифи он бештар аз панҷоҳ сол сипарӣ шудааст. 
– Устод, қабл аз он ки ба мавзӯи шеъргӯии шумо рӯй оварем, пурсиданиам, ки дар айни ҳол вазъи мактабҳои тоҷикии ноҳияи шумо дар чӣ ҳол аст?
– Дар вилояти Сурхондарё ҳоло, шукр, вазъ беҳбуд ёфтааст. Рости гап, солҳои пеш аксари мактабҳои тоҷикӣ, аз ҷумла мактаби деҳаи Ҳардурӣ низ тағйири забони таълиму тадрис намуд. Мактаб макони илму маърифат аст. Агар фарзандонамон аз омӯзиши забони модарии худ маҳрум гарданд, онро ғайр аз фоҷиа чизи дигар наметавон арзёбӣ кард,– гуфт Ғаффор Норбоев бо таассуф.
Вай илова намуд, ки забони гуфтугӯии мардуми таҳҷоӣ тоҷикист ва ҳамин як омили муҳиме мебошад, ки зинда нигоҳ доштани забон ва анъанаҳои суннатиро таъмин менамояд. Дар ғайри ҳол вазъият метавонист аз ин ҳам бадтар шавад. 
Ногуфта намонад, ки аз моҳи апрели соли гузашта бо қарори Президент дар макотиби таҳсилоти умумӣ тарғиботчии корҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ ба роҳ монда шуд. Бар ҳамин асос маъмурияти мактабе, ки солҳои зиёди фаъолияташ он ҷо сипарӣ шудааст, вайро ба ҳамин вазифа таъин намуд.
– Гуфтед, ки дар бархе аз ашъори худ меҳру муҳаббати шумо нисбат ба мардуми ҳардурӣ тараннум ёфтааст.
– Оре, ҳарчанд даъвои шоирӣ надорам, баъзан илҳомам ҷӯш мезанаду байтҳо рӯи коғаз мефароянд: 
Аз мулки Турон астӣ,
Аз ҷадди Салмон астӣ,
Мисли суғду Сомонӣ
Ҳам даризабон астӣ.

Ай, мардуми ҳардурӣ,
Дар ҳама ҷо мағрурӣ!

Боғу чаман хушманзар,
Бойсун макони ҳунар,
Бо ин лаҳни модарӣ
Васфат кунам, тоҷи сар.

Ай, мардуми ҳардурӣ,
Дар ҳама ҷо мағрурӣ...
Ин марди ба халқу миллати худ вафодор мегӯяд, ки соҳиби шаш фарзанд – ду духтару чор писар мебошад. Ду духтар пайрави ӯ шудаанд ва ба омӯзгорӣ машғуланд. 
Ҳамсуҳбати ман дар арафаи ҳафтодумин солгарди худ қарор дорад. Аммо ҳамоно чобуку ҷавон метобад ӯ. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: